Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Профил. Имрӯз Россия парвозҳоро бо 9 кишвари дигар, ки бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ гардида буданд, аз нав оғоз намуд. Акнун байни Россия ва Таиланд, Шведсия, Тунис, Норвегия, Уммон, Словения, Нидерланд, Эрон ва Багама парвозҳои мунтазам анҷом дода мешаванд.
CentralAsia (CA). Бар асари таркиш дар вилояти Урузгони Афғонистон се кӯдак кушта ва панҷ нафари дигар маҷруҳ шуд.
Кӯдакони кушта ва захмӣ аъзои як хонавода будаанд.
ТАСС. Барак Обама, ки солҳои 2009-2017 Президенти ИМА буд, бар ин назар аст, ки ҷомеаи ҷаҳон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ба қадри кофӣ кор намебарад. Дар ин бора ӯ дар Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи созишномаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP26), ки дар Глазго баргузор шуд, иброз намуд.
Deutsche Welle. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки садҳо афғон баъд аз сари қудрат омадани «Толибон» ба Ӯзбекистони ҳамсоя фирор кардаанд. Бо вуҷуди ин, бидуни доштани мақоми расмии гуреза, онҳо дар ҳолати осебпазир қарор доранд ва метавонанд аз кишвар хориҷ гарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 916