Хабарҳо
Дар Қазон машқҳои неруҳои посдори сулҳи СААД оғоз шуданд
Профил. Дар пойтахти Тотористон машқҳои неруҳои посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оғоз ёфт. Машқҳо таҳти унвони «Иттиҳоди шикастнопазир - 2021» баргузор мешаванд.
Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин зимни ифтитоҳи машқҳо дар бораи аҳамияти ҳамкории кишварҳои узви СААД ва таҳкими иттифоқ барои безараргардонии таҳдидҳои эҳтимолӣ изҳори назар кард. Машқҳо дар майдони тамринии Мактаби олии фармондеҳии танкии Қазон гузаронда мешаванд. Баҳри иҷрои амалиётҳои муштарак қӯшунҳои низомии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
«Барои дар муддати кӯтоҳ анҷом додани амалиёти фавқуззикри контингенти ҳарбии шаш давлат, мо гурӯҳҳои тавонои гуногуни қӯшунҳоро бо системаи ягонаи идоракунӣ ба вуҷуд меорем», - таъкид кард Лапин дар маросими кушодашавӣ.
Гуфтугӯйи телефонии Путин ва Бернс
АИР "Новости". Президенти Россия Владимир Путин бо директори Идораи марказии иктишофӣ ИМА Вилям Бернс гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора котиби матбуоти сарвари давлат Дмитрий Песков хабар дод.
Песков ба АИР «Новости» гуфт, ки ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба, вазъи буҳронӣ дар муносибатҳои дипломатиро баррасӣ намуда, дар бораи низоъҳои минтақавӣ табодули назар карданд. Дар суҳбат, инчунин, ба мавзуи киберамният дахл карда шуд.
Бернс дар аввали моҳи ноябр бо дастури Президенти ИМА ба Москва сафар карда буд. Он замон исрор мегардид, ки сардори Идораи марказии иктишофӣ дар рафти сафари худ ният дошт бо нақшаҳои роҳбарияти Россия дар мавриди баъзе аз масоили марбута ба сиёсати хориҷии мавриди таваҷҷуҳи Вашингтон иттилоъ гирад.
СММ: «Зиёда аз 45 миллион нафар дар ҷаҳон дар остонаи гуруснагианд»
CentralAsia (CA). Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ гузориш дод, ки беш аз 45 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд. Инчунин, 3 миллион нафар тибқи таснифи интегралии марҳилаҳои амнияти озуқаворӣ (ICF) ба сатҳи шадиди гуруснагӣ ва таҳдиди бадшавии он дар як сол рӯ ба рӯ шуданд.
«Даҳҳо миллион нафар бинобар гуруснагӣ ба вартаи ноумедӣ менигаранд. Низоъ, тағирёбии иқлим ва пандемияи COVID-19 шумораи одамонеро, ки гуруснагии шадидро аз сар мегузаронанд, меафзояд. Маълумоти охир нишон медиҳад, ки ҳоло беш аз 45 миллион нафар дучори гуруснагианд», - гуфт Дэвид Бизли, директори иҷроияи БҶО.
Ба гуфтаи ӯ, болоравии қимати маводҳои сӯхт, ғизоӣ ва нуриҳои минералӣ боиси афзоиши вазъи буҳронӣ мегардад.
Байден оид ба иҷрои ваъдааш дар бораи мубориза бо ҳакерҳо ба Путин иттилоъ дод
Известия. Ҷо Байден, Президенти ИМА, 8 ноябр гуфт, ки ваъдаи худро ба Владимир Путин, Раҳбари Россия дар мавриди боздошти ҳакерҳо дар саросари ҷаҳон иҷро кардааст.
«Вақте ки ман дар моҳи июн бо Путин мулоқот кардам, возеҳ гуфтам, ки ИМА барои ба ҷавобгарӣ кашидани киберҷинояткорон чораҳо меандешад. Мо ин корро имрӯз анҷом додем", - гуфта мешавад дар изҳороти Байден.
Президенти ИМА, ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин самт корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Ба гуфтаи Байден, ИМА барои таҳкими инфрасохтори дахлдор иқдомҳои муҳим гирифтааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 856