паёмҳо
ПАЁМИ ШОДБОШИИ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия, 9 ноябри соли 2021, шаҳри Душанбе
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия, имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо тантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Бинобар ин, бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.
Вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад. Зеро онҳо тули сӣ соли соҳибистиқлолӣ, ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ, дар сафи пеши мубориза қарор доштанд.
Натиҷаи хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони таъмини амнияти давлату миллати худ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромии ҷомеаро мебинанд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Ҳангоми иҷрои вазифа ба хотири таъмин намудани зиндагии орому осудаи сокинон ва ҳимояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ дар сӣ соли сипаришуда садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро қурбон кардаанд, ки Ҳукумати мамлакат ва мардуми кишвар корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таъминоти моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам беҳтар гардондани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Бовар дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ ба савганди худ содиқ мемонанд ва вазифаҳои хизматии хеш, яъне мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро бо садоқату матонат ва бо масъулияти дучанд иҷро мекунанд.
Бори дигар ҳамаи кормандони милитсияи тоҷик – муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромиро ба ифтихори ҷашни касбиашон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафашон муваффақияту комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2021 №: 225 - 226 Мутолиа карданд: 5868