сиёсат
ДӮСТИИ ДУ САРВАР АСОСГУЗОШТАРО БА ҶОН ПОС ДОРЕМ!
Мо - тоҷикони Самарқанд аз соли 1994 ранҷи дурӣ аз наздикон мекашидему заҳри ҷудоӣ мечашидем. Аммо имрӯз ҳама шоҳидем, ки орзуву ормонҳои халқҳои тоҷику ӯзбек амалӣ шуда истодаанд. Бо саъю талош ва хайрхоҳии сарварони оқилу дурбини ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳоло эътибор ва нуфузи маорифу фарҳанги тоҷик меафзояд.
Ба номи сафири сулҳи ҷаҳонӣ Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудани яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Тошканд, таъсиси алманахи тарҷумаи осори адибони тоҷику ӯзбек ба муносибати 140-солагии Садриддин Айнӣ бо мақсади тармими хона - музейи номбурда ҷудо шудани 300 миллион сӯм, бори нахуст гузаштани ҳамоиши фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Шеър - пайвандгари миллатҳо» таҳти шиори «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!», баргузории шаби дӯстӣ бахшида ба бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, гузошта шудани муҷассамаҳои Ҷомиву Навоӣ дар шаҳри дилорои Душанбе ва дигар ибтикору иқдомҳои башардӯстона дили мо – тоҷикони Самарқандро барои ояндаи рӯшани забону адабиёт ва оину фарҳанги тоҷикон неру мебахшад. Ба таъкиди ҳазрати Мавлоно:
Гармии дасти дӯст, агар бошад,
Аз зимистон баҳор хоҳам сохт!
Бар замми ин, содагардонии рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар дар гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ дар вилояти Фарғона, ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Спитамен, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент дарҳои дӯстиро боз карданд. Хусусан, тантанаҳои ба ин муносибат бахшидашудаи фарҳангиёни вилоятҳои Самарқанд ва Суғд хотирмон буд. Дар рӯзи аввали баҳор аз дили шаҳр сӯи Ҷартеппа равон шудани автобусҳои пуродам, партавафшонии парчамҳои ду кишвар, пазироии ҳазорон аҳолии атрофи сарҳаду донишомӯзон бо гулу парчаму дастафшонӣ, салом ва нидоҳои шодбошӣ дар дидаҳои меҳмонон нуру дар дилҳо сурур меоварданд.
Биёед, ба се соли пеш баргардем ва бубинем, ки он воқеаи фараҳбахш ба ду халқи солҳо аз ҳам дур чи шодиву нишот овард. Махсусан, дар сарҳадҳое, ки боз мешуданд, роҳбарони шаҳру навоҳӣ бо суруд ба ҳамдигар оғӯш мекушоданд, зери кафкӯбиҳои марғуладори дурудароз ва табассумҳои гоҳо ашколуд лентаҳои рамзӣ бурида шуданд, аз ду тарафи марз хешу пайвандони ташнадидор сӯйи ҳам давиданд, ба якдигар туҳфаҳо, ҷомаҳои заррину гулдастаҳо тақдим гаштанд. Дар ҳадиси Расули акрам Муҳаммад (с) низ омадааст: «Ба якдигар ҳадияҳо кунед, то меҳрҳо афзун шаванд». Нону намак чашида шуд. Кабӯтарони беҳисоб – қосидони сулҳ ба осмон париданд, аз Қуръон сураҳо тиловат шуд.
Ин равобити нек оянда самараҳои нек медиҳанд ва дӯстии мо таҳким меёбанд. Ҳоло ягона чизе, ки мехоҳем, бештар ба тоҷикони кишвари мо расидани китобҳои пурмазмуну фарогири тоҷикист. Кошки ҳарчи бештар китобҳои тоҷикӣ дастрас мегардиданд. Дар таркиби вожаву ибораҳои тоҷикӣ сарнавишти халқ, дарду ормонҳои он инъикос ёфтаанд ва ба ин восита метавонем фосилаҳоро барҳам зада, боз ҳам қарибу қарин шавем. Мавлоно Ҷомӣ низ бад-ин мазмун фармуда:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Намоиши молҳои саноатӣ ва ҳунарҳои дастии халқҳои ду кишвар, ки борҳо ба маъраз гузошта шуд, бори дигар аз як гил будани ду халқро ифода мекард. Самимият ва тапиши дили якдигар эҳсос мешуд, ки ин ҳамаро бо қалам тасвир кардан душвор аст. Аҷиб он ки аз байни ҷамъомадагон кас наметавонист фарқ кунад, ки кадоме аз ин тарафу кадом аз он тараф. Пас чӣ тавр метавон инҳоро аз ҳам ҷудо кард? Солиёни дароз иҷборан аз ҳам ҷудо кардани мардуми ин кишварҳо дили ҳамаро моломол карда буд. Аз ин боис, баробари хушҳолӣ дар дидагони бисёриҳо ашк падидор гашт. Ин муждаест аз фарорасии баҳори гулрезу гулбези ду кишвар, ки бо ҳусну тароват ва рангу бӯи хосса омада!
Мо акнун вазифадорем, ки ташаббусҳои созандаи роҳбарияти ду кишварро қадр карда, дар роҳи амалӣ гаштани онҳо бо руҳияи баланду эҳсоси ватанпарварона камари ҳиммат бубандем.
Ҳоло автобусҳо байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд аз нав фаъол гардида, дилҳо ба дилҳо ва дидаҳо ба дидор мерасанд. Аз дӯстони ду кишвар хоҳиш мекардам, ки ба иғвову дасисаҳои душманон заррае бовар накунанд ва ҳамеша донанд, ки мо гӯшту нохунем, ба ҳамдигар ниёз дорем ва ин дӯстиро, ки ду сарвари мамлакат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев асос гузоштаанд, ба ҷон бояд пос дорем.
Амина ШАРОФИДДИНОВА, шаҳри Самарқанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2021 №: 225 - 226 Мутолиа карданд: 624