logo

иҷтимоиёт

ПОСДОРИ ДАСТХАТҲОИ ШАРҚ

 
Бо ҳисси амиқи ватандорӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосмандем, ки бузургтарин боргоҳи маърифат – Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бунёд гузоштанд ва имкон фароҳам оварданд, ки дар баробари ҳазорон китобҳои адабиёти муосир, инчунин, ганҷинаи нодири ин миллат – дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири ниёгон ҳифз шавад. 
Қариб як аср аст, ки шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттии мардуми Шарқ машғул аст. Дар гузашта сокинони шаҳру деҳоти кишвар ва ҳатто соҳибдилони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, ки гаҳвораи тамаддуни миллатанд, зеботарину нодиртарин дастхатҳоро бо ҳуруфи ниёгон гирдоварӣ карда, ба хазинаи китобхона супурда буданд. 
Аз соли 1953 шумори зиёди ин дастхатҳо ва китобҳои чопи сангии ҷамъоваришуда (ба теъдоди 3290 нусха, аз ҷумла 1408 нусхаи хаттӣ) ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супурда шуд ва бар пояи он шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ташкил гардид. 
Дар айни замон шуъба дорои 2671 нусхаи хаттӣ, 24856 китоби сангӣ мебошад, ки аз ин шумора 639 нусха китобҳои академик Аҳрор Мухторов ва академик Боголюбов аст. 
 Аз миёни китобҳои чопи сангӣ ва муосир 4000 нусха бо забони арабӣ, 532 нусха бо забони пашту, 437 нусха бо забони урду, 400 нусха бо забони ӯзбекӣ, 125 нусха бо забони туркӣ, 26 нусха бо забони озарӣ, 8 нусха бо забони қазоқӣ, 1 нусха бо забони ибрӣ ва 19000 нусхаи дигар бо забони тоҷикии форсист. Даҳҳо олимону пажӯҳишгарони кишвар ва хориҷ аз он бар пояи ин дастхатҳои нодир беҳтарин асарҳои таҳқиқотии худро навиштаву рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя кардаанд. Чи дар гузашта ва чи имрӯз ин шуъба ҷойи мутолиа ва кунҷи кашфи розҳои гузашта барои пажӯҳишгарони шинохтаву коркуштаи тоҷик буду ҳаст.
Баъзе аз китобҳоро худи муаллифон, шоирону нависандагон ва донишмандони маъруф бо дасти худ китобат кардаанд. Хонанда зимни ошноӣ бо осори ин адибон, ҳамзамон бо ҳунари хаттотии онҳо низ ошно мешавад.
Барои нигаҳдории чунин хазинаи ноёб агар шароит набошад, дастхатҳо тармим нашаванд, дар як муҳити махсус ҳифз нашаванд, нобуди онҳо яқин аст. Аз ин хотир, бо дурандешии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои  нодир на танҳо пойдор монд, балки ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ҳоло ҳам яке аз самтҳои асосии кори шуъба буда, ҳамасола беш аз 100 нусха китоби дастнавис ва чопии пурарзиш харида мешаванд.
Дар бойгонӣ китобҳову дастхатҳое мавҷуданд, ки ҳарчанд аҳли илм бо онҳо ошноӣ доранд, вале то кунун ҳеч таҳқиқоти густарда болои онҳо сурат нагирифта ва хонандаи муосир намедонад, ки чунин китобеву таълифе вуҷуд дорад. 
   Дар маҷмуъ, кулли нусхаҳои хаттии шуъба ганҷинаи бебаҳоянд. “Таърихи Табарӣ”-и Муҳаммад Ҷарир ат-Табарӣ аз асри асри XIII, “Таърихи Фирӯзшоҳӣ”-и Зиё Барании Деҳлавӣ (соли китобат 1619), «Тазкираи Буғрохонӣ»-и Султон Буғрохони Қуқандӣ мансуб ба асрҳои XV-XVI, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ (соли китобат 1669) «Ахлоқи Муҳсинӣ» -и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри XVII), «Захирату-л-мулук»-и Алӣ ибни Шаҳобиддин ал-Ҳамадонӣ аз асри  XVIII,  «Туҳфат-ул-мавоиз”-и Низом ибни Хоҷа Яъқуб ал-Ҳисорӣ (соли китобат 1647) «Чаҳорбоғи гулҳо»-и Муҳаммад Одил ал-Бухорӣ, «Таъбири султонӣ»-и Исмоили ибни Низомулмулк аз асрҳои XVI - XVII, «Ҳандаса» ва «Сӣ фасл дар илми нуҷум»-и риёзидон ва мунаҷҷими машҳур Насириддини Тӯсӣ аз асрҳои  XV-XVI аз китобҳои нодиранд. 
Нусхаи хаттии дигаре, ки дар фонди тиллоии шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир нигоҳдорӣ мешавад, «Маҷмуаи девон» ном дорад, ки девони шуарои давраҳои гуногунро фаро мегирад. Дар дохили ин асар, аз ҷумла «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби хаттоти зарринқалам Муҳаммадамини Ҳаким валади Баён Муҳаммад соли 1311 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1912 китобат шудааст. Мутаассифона, хаттоти чирадаст ҷойи китобати онро зикр накардааст. Ин асар комил буда, аз саҳифаи 324 то 490-уми «Девон»-и Камоли Хуҷандиро дар бар мегирад. Асари мазкур бо хатти настаълиқи хоно дар ду сутун навишта шуда, атрофи матн бо зарҳал ҷадвалкашӣ шудааст.  
Дар миёни китобҳои нодир “Девон”-и дигари Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мавҷуд аст, ки аз 274 саҳифа иборат буда, таърих, макони китобат ва исми хаттоти он маълум нест.  Матни ин асар ба забони тоҷикии форсӣ дар ду сутун навишта шудааст. Мутаассифона, саҳифаҳои аввалу охири ин асар нобуд шудаанд ва таҳти рақами 728 дар махзан нигоҳдорӣ мешавад.
Дар бойгонии Китобхонаи миллӣ аз Абулмаонӣ Бедили Деҳлавӣ (1644-1721) китобу дастхатҳои зиёде нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳар кадом арзиши волои илмиву фарҳангӣ ва адабӣ доранд. Аз ҷумла, 58 адад «Девони Бедил», даҳ адад «Чаҳор унсур», се адад «Муҳити аъзам», чаҳор адад «Ҷомеъ-ун-нукот» ва ғайра, ки дар маҷмуъ, 118 адад нусхаро дар бар мегиранд, дар ганҷинаи беназири шуъбаи мазкур ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. 
Маврид ба ёдоварист, ки нусхаҳои хаттии Абдулқодири Бедил бо хатҳои зебои настаълиқу шикастаи девонӣ ва шикастаи райҳонии бенуқта аз ҷониби хаттотони моҳиру зарринқалам дар китобҳои ҳаҷман хурду калон китобат шудаанд. 
Яке аз нусхаҳои «Девони Бедил», ки  мукаммал аст, соли 1872 аз ҷониби Мулло Абдураҳмони Бухороӣ бо хатти зебои шикастаи райҳонии бенуқта дар ду сутун китобат шудааст. Мутаассифона, сафҳаи дуюми ин асар каме дарида, баъзе аз авроқи он тармим шудааст. Атрофи чанд варақи аввали ин девони қаламӣ ҷадвали зарҳалин дорад. Навъи коғазаш маҳаллии рангобаранги осиёимиёнагӣ буда, муқовааш сурхи қирмизии семуҳра мебошад. Асари мазкур 17 августи соли 1959 аз Маҳмудҷон Муҳаммадиеви Бухороӣ харидорӣ шудааст. Пажӯҳишгарон ва муҳаққиқони осори Мирзо Абдулқодири Бедил дар таҳқиқоти худ метавонанд аз ин нусхаҳои қаламии Китобхонаи миллӣ истифода баранд. Бо баробари сафари Пешвои миллат ба Ҳиндустон ва обод шудани мақбараи ин шоири маъруф, пажӯҳиш ва таваҷҷуҳ ба осори Бедил афзуд ва дар саргаҳи шинохти ин шахсият низ Роҳбари давлат меистанд.
Бойгонии дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, бидуни шак, муаррифи таърих, тамаддун ва фарҳанги бисёрсолаи миллат буда, имрӯзу оянда ба посдороне, мисли Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад.
 
Ҷумъахон ФАЙЗАЛИЗОДА, 
директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 549
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед