logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

Хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, феномени беназири сиёсии Роҳбари тоҷикони ҷаҳон - Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кӯтоҳ давлати миллии тоҷикон дубора эҳё шуд, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дарҳам шикаст, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид. 
 
Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон  робитаҳои дипломатӣ барқарор кард ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ гардида, муносибатҳои дӯстона, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфт ва дурнамои он дар ҷараён аст.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби содаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст, ки ин ҳам аз сиёсати муваффақи хориҷии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. 
Ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ аз ҳадафҳои вижаи Тоҷикистон мебошад.
Имсол аз таъсисёбии СҲШ бист сол сипарӣ шуд. Ҳамагон шоҳиди он будем, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дошт ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро раисӣ мекарданд. Мавзуи меҳварии нишастҳои Душанбе роҳи ҳалли мушкилоти тоҷикони Афғонистон буд, ки аъзои ин созмонҳо пешниҳоду ташаббусҳои созандаи Президенти маҳбуби моро хуш пазируфтаанд. 
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши калидӣ дорад. Масъалаи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон яке аз масоили мубраму ҳассос ба ҳисоб рафта, ҷойгоҳи тоҷикони ин кишвар бояд назаррас бошад ва ин ҳолат мо - тоҷикон ва, хусусан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар канор гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат итминон доранд, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки Ҳукумати Афғонистон аз ҳама қавму халқиятҳо ташкил карда шавад, вагарна ҳукумати имрӯзаи таъсисдодаи “Толибон”, ки ҳуқуқи занонро поймол кардааст, дер намепояд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷӣ тарҳрезӣ карда мешавад. Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти дипломатӣ» аз ҷумлаи онҳост, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат таҳия ва қабул гардиданд. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият, мундариҷа, дурнамоии сиёсати хориҷӣ ва самтҳои авлавиятҳои он инъикос ёфтаанд. Дар он ҳифзи манфиатҳои миллӣ, самтҳои афзалиятҳо, минтақаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик ва дуру наздик муайян гардидаанд. Мутобиқ ба ин Консепсия бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ Президенти мамлакат, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шуруъ аз соли 2003 сиёсати «дарҳои боз» эълон намуданд, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷист. Ин сиёсати хирадмандона давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ба василаи тарғиби арзишҳои воло, асолат ва маърифати исломӣ, доир намудани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ доир ба мероси мутафаккирони Аҷам - Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам Тоҷикистон тавонист асолати аслии исломро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар ҷаҳони ислом мавқеи сазовор ва арзишмандеро дастёб гардад.
Қисме аз сиёсатмадорони Ғарб зуҳури терроризмро ба дини мубини ислом рабт медиҳанд. Вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризмро қотеона маҳкум намуда, ба ҳимояи дини ислом бархеста, аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ борҳо хитоб намуданд, ки «ислом ба терроризм ҳеҷ алоқаманд нест, террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва терроризмро ба ислом пайвастан дуруст нест ва ҳама кишварҳои олам бояд якҷоя, муташаккилона бо ин вабои аср мубориза баранд». Дар ин росто, Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таъсиси маркази мубориза бо терроризм дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки он фаъолона амал мекунад.  
Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои қариб 50 созмон ва ташкилоти байналмилалию минтақавӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст. Намояндагиҳои ҷумҳурии мо дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, СҲИ, СҲШ, СААД ва ғайра фаъолона ширкат варзида, ҳузури худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшад. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар ин давра санадҳои муҳимтарини байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ (соли 1945), Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ (соли 1948) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ мешуморад. 
Ташаббусҳои оқилона, озмудашуда ва мутавозини Пешвои миллат дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конфронсҳои сатҳи баланд, ташрифи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё, ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналмилалӣ, муншиҳои умумии СММ Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антониу Гутериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мавқеи рӯзафзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад. 
Заҳматҳои шабонарӯзӣ дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназир дар арсаи байналмилалӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХI табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.
 
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва
Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед