logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ ВА ПЕШВО ДУ ВОЖАИ БА ҲАМ ПАЙВАНД

Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушду инкишоф фаро расид, хато нахоҳем кард. Зеро барои расидан ба сулҳи ҳамаҷониба ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.
 
Хиради сиёсии Пешвои миллат  ва хизматҳои он кас барои рушди минбаъдаи кишвар ва таҳкими давлатдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд ва ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошта, ҳадафҳои стратегии пешрафти босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуданд. 
Имрӯз бо гузашти 30 сол гуфта метавонем, ки идеологияи нави миллӣ поягузорӣ шудааст, ки бунёдгузори он Сарвари давлат мебошад.
Мояи ифтихор аст, ки айни замон давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Сатҳи иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, он ба кишвари содиркунанда табдил ёфт. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ дастовардҳои хамин истиқлолият мебошанд.
Дар баробари ин, дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш мебарад.
Соҳибистиқлолии Тоҷикистон мо - тоҷиконро водор сохт, ки бо нангу номус миёнро сахт баста, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Дар ин кор махсусан, нақши Пешвои миллат хеле арзишманд аст.
Ба роҳ мондани равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон чун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлол буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.
Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданаш барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ мебошад.
Аз ҷумла, Пешвои миллат иқдомкунандаи чор ташаббуси бузург мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005 - 2015» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028».
Дар ин раванд қабули қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор  2018 - 2028», ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.
Ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ ворид гардидани Саразми бостонӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса аз ҷониби ЮНЕСКО ҷашн гирифтани 5500-солагии ин ёдгории таърихӣ, ҳамчунин, аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони истиқлолият ба шумор меравад.
Имрӯз мардуми тоҷик посдору нигаҳбони дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии худ аст ва талош меварзад, ки ҳар сол боз як дастоварди назарраси таърихиеро ба даст орад, то Ватани азизашро дар арсаи ҷаҳон дар радифи кишварҳои пешрафта ҷой диҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин вожаи муқаддасро баён менамояд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории нави миллиамон меномад: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем», - пайваста таъкид мекунад Пешвои миллат.
Ҳамин тавр, истиқлол ва соҳибихтиёрӣ насиби мо гашт, ба шарофати он ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шудем, аммо аз ин набояд хотирҷамъ шавему фориғбол. Зеро дар марҳилаи хеле мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза зиндагӣ мекунем ва дар ин давра ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ аз пештар бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.
Президент аз ҷумла мегӯяд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюли хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, тамоми мардуми Тоҷикистон бояд якҷоя хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоянд, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешанд”.
Ба андешаи мо, ҳар як ҳамватан бояд бидонад, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати сулҳпарвар шинохта шудааст, аммо ин сулҳро пос доштан вазифаи ҳамарӯзаи ҳар яке аз мо мебошад. Мардуми тоҷик акнун бояд аз ҳарвақта дида, ҳушёртару бедортар бошад ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро бо роҳбарии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиракона ҳифз намояд, то ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамеша бегазанд бимонад.
Ифтихормандам, ки барои ободии Ватани худ заррае ҳам бошад саҳмгузорӣ намудаам. Агарчи дур аз Ватанам, ҳамчун муовини раиси “Маркази фарҳангии тоҷикон” дар Россия сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунам ва талош меварзам, ки хориҷиёнро бо тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷик ошно созам.
Бо мақсади ҳифзу нигаҳдории забону фарҳанг ва барои аз насл ба насл мерос гузоштани анъанаҳои халқи тоҷик, ҳамеша дар андешаи он будам, ки дар шаҳри Москва бояд мактаби тоҷикӣ кушода шавад ва бо даст додани аввалин имконият ман ин дархостро ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расондам. Хеле сипосгузорам, ки Ҷаноби Олӣ пешниҳоди маро дастгирӣ карданд ва дар кӯтоҳтарин муддат дар Россия курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ кушода шуданд.
Ин ва даҳҳо далели дигари раднопазир шаҳодат аз он медиҳанд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории тоҷикон бениҳоят бузург аст.
 
Мавзуна ҲАЙДАРОВА, 
муовини раиси Маркази фарҳангии 
тоҷикон дар Федератсияи Россия
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 519
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед