logo

иҷтимоиёт

1991 – 2021. АЗ ТАҲДИДИ ГУРУСНАГӢ ТО СЕРИЮ ФАРОВОНӢ

Таърих гувоҳ аст,  ки миллати куҳанбунёду хирадсолори тоҷик солҳои 90-уми асри гузашта пурфоҷиатарин рӯзҳоро  паси сар кардааст. Он солҳо дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт. Душманони миллати тоҷик мехостанд дар харитаи сиёсии дунё номи Тоҷикистонро хат зананду миллати тоҷикро овараю парешон созанд. Дар пойтахти кишвар майдоннишиниҳо идома дошту лаҳза ба лаҳза вазъият муташанниҷ мешуд. Касе касеро гӯш намекард. Нафарони туфангдор ҳоким шуда буданд. Умуман, кишвар ҳолати ҳузнангезе дошт.  Гуруснагӣ ва фақру нодорӣ таҳдид мекард. Хушбахтона, пас аз муборизаю талошҳои қувваҳои зеҳнии солими ҷомеа, Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсати созанда овард, ки ин гардиши куллӣ барои ба ифоқа овардани вазъияти онрӯза буд. Вазъи баамаломадаро дида на ҳар кас роҳбарии ҷумҳуриро ба уҳда мегирифт. Бовар, ҷасорат, дурандешӣ имконият дод, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазифаи сангинро ба дӯш бигирад. 
 
Вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, дарвоқеъ, аз касофатии буҳрони шадид хеле ва хеле мураккаб буд. Он солҳои даҳшатбор барои Роҳбари тозаинтихоби давлат масъалаҳои зиёдро дар пеш гузошт. Шуҷоат, хиради азалӣ ва боварӣ ба Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки дар сангинтарин лаҳзаҳо устувории хешро нишон диҳад. Ашк ва хуни рехтаи миллат, гуреза шудани ҳамватанон ба мулки ғайр, оташи хомӯшнашудаи ҷанг, таҳдиди гуруснагӣ ба миллат ӯро лаҳзае ором гузошта наметавонист. Барои оромиши кишвар ӯ тайёр буд, ки ба ҳар сафари пурхатар равад, бо силоҳбадастон гуфтугӯ намояд. Дар ин роҳи басо душвори давлатсозӣ, душманони миллат борҳо ба ҷонаш  сӯиқасд намуданд, вале касе азму иродаи  ӯро боздошта натавонист. Эмомалӣ Раҳмон ба рағми бадхоҳони миллат ҳамеша аз байни обу оташ гузашта, роҳашро бо эътиқоду эътимод идома медод. Назди заводҳои орду дуконҳои нонфурӯшӣ занону кӯдакон навбат меистонданду порае аз нон ёфта наметавонистанд. Махсусан, дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар вазъият то ба он дараҷае расид, ки одамон аз гуруснагӣ тухми ҷорӯби саҳроиро тановул мекарданд ва пас аз чанде сар то ба по варам карда мефавтиданд. Дар баъзе ноҳияҳо аҳолӣ аз гандуми заҳрнок истифода бурда, ба касалиҳои гуногун дучор шуда буданд. Хулоса, ин ҳолати вазнин дар тамоми Тоҷикистон ба назар мерасид.
Дар он рӯзҳои сахту сангин Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фариштаи наҷот пайдо шуду охирин дороии кишварро барои харидани ғаллаю орду равған харҷ намуд ва халқу миллати азияткашидаашро аз гуруснагӣ наҷот дод. Барои ҳалли амнияти озуқавории кишвар фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин ба аҳолӣ нақши муҳим бозида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба тартиби муайяншуда, 25 ҳазор гектар заминҳои корами обёришуда ва лалмиро барои хоҷагии ёрирасон гузоранд. Маҳз ҳамин қарору супоришҳои ғамхоронаи Сарвари давлат тавонист, ки дар он солҳо мардумро аз таҳдиди гуруснагӣ раҳоӣ бахшад.
“Тибқи усули равзанаи ягона” бошад, ба низоми бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, ба зудӣ гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти сохтмонӣ, тақвияти ҳуқуқҳои сармоягузорон бо роҳи муносиб гардондани қонунгузорӣ дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ва содатар кардани тартиби варшикастагӣ ба таври воқеӣ кори соҳибкоронро сабук ва фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон осон намуданд. Ҳадафи асосии соҳибистиқлоли Тоҷикистон беҳбуд ва баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии аҳолӣ буд. Президенти кишвар ба масъалаҳои рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мудофиаи давлатӣ ва ҷонибдории соҳибкориро дар сиёсати иқтисодии кишвар афзалиятнок эълон намуданд. Мулоқотҳои ӯ бо соҳибкорони дохилӣ, эълони мораторияҳо барои тафтиши субъектҳои соҳибкории миёнаву бузург, ислоҳоти низоми муҷаввиздиҳӣ, такмил ва қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқи оид ба рафъи монеаҳои маъмурӣ дар соҳаи соҳибкорӣ самтҳои афзалиятнок мебошанд. Тибқи суханони Президенти кишвар то моҳи сентябри соли 2011 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 8,2 миллиард сомонӣ амалӣ шудаанд. Дар маҷмуъ, тайи даҳ соли охир зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 12 миллиард сомонӣ ва дусад лоиҳаи ҷалби сармояҳои воқеӣ амалӣ шудаанд, ки ҳамаи ин баҳри беҳбудии вазъи иҷтимоиву иқтисодии сокинони шаҳру ноҳияҳо равона шудаанд. Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар мамлакат ҳуҷҷати асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гашта истодааст, ки тибқи он ҳадафи олии рушди дарозмуддати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян карда шуда, дар он таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ҷойи намоёнро ишғол менамояд. 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳадафҳои зерини стратегӣ: таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар вусъат ёфтанд. Президенти кишвар дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.2008 чунин гуфта буданд: “Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат буда, сатҳу сифати зиндагии мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст”. Ҳамин тавр, аз рӯзҳои аввали ба роҳбарӣ оғоз намудан, Пешвои миллат ҳамасола дар паёмҳои хеш оид ба зиндагии босаодати халқ андешаҳои хешро баён менамоянд. Ҳангоме, ки ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо оид ба санҷидани супоришҳо мераванд, ба хонаҳои сокинони деҳот ташриф оварда, аз қитъаҳои замини онҳо  дидан мекунанд ва барои аз як замин гирифтани ду - се ҳосил дар як сол дастурҳои мушаххас медиҳанд. 
Самараи роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат буд, ки имрӯзҳо бозорҳои мамлакат аз дастранҷи деҳқон пур шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона бо муваффақият ба пеш меравад. Тақдир Эмомалӣ Раҳмон ва миллати тоҷикро мувоҷеҳи имтиҳонҳои бузург намуд ва мо - тоҷикон бо роҳбарии Пешвои хеш аз он имтиҳонҳо сарбаландона гузаштем. Мо - тоҷикон хушбахт аз онем, ки Пешвои ватандору ватансоз ва миллатдӯст дорем ва ҳамаи мо пайравони Пешвои миллат мебошем.  
 
Бобоҷони НУРЗОД,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 442
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед