иҷтимоиёт
ҲУСЕЙН НАСРИДДИН. ШАХСИЯТЕ, КИ АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ ИФТИХОР ДОШТ
Дар зиндагӣ кам касонеро вохӯрдан мумкин аст, ки мисли Ҳусейн Насриддин тули умр бо ҳунари волои хеш ба қалби мардум ин қадар шодию нишот ато карда бошад. Ӯ ромишгар, овозхони мумтоз ва донандаи хуби адабиёти классики тоҷику форс ба шумор меравад.
Шодравон бо чаҳор фарзанди фарзонаи миллат - қаҳрамонҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Эмомалӣ Раҳмон борҳо мулоқот намудааст. Эшон ба ҳунари волояш баҳои арзанда дода, дар сахтиҳои рӯзгор дасташро гирифтаанд. Дар ин маврид рӯзноманигорон, адибон, мухлисони ин овозхони мумтоз бисёр навиштаанду менависанд. Мо низ ҳангоми дар қайди ҳаёт будани ин марди наҷиб борҳо бо ӯ мулоқот намуда, дар ин бора навиштаҳоямонро нашр намуда будем, вале мулоқоташ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки хеле ҷолибу хотирмонанд ва бори дигар аз таваҷҷуҳи хоса доштани Пешвои миллат нисбат ба аҳли илму фарҳанг гувоҳӣ медиҳад, хонандагон кам огоҳӣ доранд.
Боре бо устод Ҳусейн Насриддин аз вохӯриҳояшон бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намудем. Ӯ аз он рӯзҳои хубу хотирмон чунин ёдовар шуд:
- Айёми пиронсолӣ, ки ба кумак ниёз доштам Сарвари давлат бо суханҳои руҳбахш ва ёрии бевосита борҳо ба равони ман тавони тоза бахшиданд.
Солҳои навадуми қарни гузашта дар таърихи давлатдории тоҷикон мушкилтарин солҳо ба шумор мераванд. Он солҳо тақдири миллату давлати тоҷикон ҳал мегардид. Душманони дохиливу хориҷӣ бо ҳар роҳу восита мехостанд тоҷикон аз шаҳди истиқлол бебаҳра бимонанд. Пешвои миллат он солҳо вазифаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистонро ба зимма доштанд. Рӯзе нафаре наздам омада гуфт:
- Устод, Шуморо аз ҳукумати ноҳияи Шаҳринав мепурсанд.
- Чӣ гап будааст?
- Намедонам, лекин рафтанатон ҳатмист
- Сози мусиқӣ бигирам?
- Гиред, лозим мешавд, муаллим!
Маро ба фермаи чорводорӣ, ки сарвараш Аюбов буд, бурданд. Нафаре аз масъулони ҳукумат хоҳиш кард то омадани меҳмонон чанд суруд бихонам. Торро ба даст гирифта будам, ки меҳмонон омада расиданд гуфта хабар доданд. Меҳмон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд. Баробари дидани ӯ сози мусиқиро рӯйи кат гузоштан хостам, вале Эмомалӣ Раҳмон ишора карданд, ки сурудхониро идома диҳам. Ғазалро ба анҷом расондам ва он кас хоҳиш карданд боз як таронаи дигар бихонам ва ман бо камоли майл сурудхониро идома додам. Сарвари давлат дар қатори дигарон рост истода, гӯш карданд. Сипас, маро ба оғӯш гирифта ҳолпурсӣ намуданд ва барои суруд хонданам изҳори сипос карда, гуфтанд:
- Дер боз сурудҳоятонро нашунида будам. Хуб хондед, баҳра бардоштем.
Банда аз ин мулоқот хуб дарк кардам, ки Сардори давлат маро ғоибона мешинохтаанд ва дар баробари дигар аҳли ҳунар ба ман эҳтироми хосса доштаанд. Баъди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба дар ноҳияи Ҳисор, се бор дар ноҳияи Шаҳринав ва як маротиба дар шаҳри Душанбе мулоқот кардам. Чун як фарди ин сарзамин, ҳунарманду омӯзгори собиқадор дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро мегӯям: он кас барҳақ бахти халқи тоҷик ва ҳадияи Яздони пок ба миллати азиятдидаи мо ҳастанд. Корҳое, ки ин абармард тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар самти ободию созандагӣ, адабиёту фарҳанг анҷом доданд, қобили ситоиш аст ва барои ҳамеша дар хотири мардум нақш хоҳанд баст. Сарвари давлат, пеш аз ҳама, қадршиносанд. Соли 2000-ум вақте хидматҳои маро бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр карданд, дар ҳузури мардум бобати ман суханони нек гуфтанд, ки қалби ман аз шодӣ лабрез гардид.
Ман аз Сарвари давлатам ифтихор дорам!
Тахминан тобистони соли 2008 буд. Баъд аз як моҳи бистарӣ дар беморхона, пас аз ҷарроҳии гурдаҳоям, ба хона баргаштам. Рӯзе нафаре ношинос ба наздам омада гуфт:
- Шуморо бояд ба деҳаи Мортеппа бибарам. Он ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон омаданд ва Шуморо мепурсанд.
Чанде нагузашта ба Мортеппа расидем. Президенти муҳтарам сухан мекарданд. Маро дида, бо табассум салом дода, аз ҳолу аҳволам пурсон шуданд. Ба ҷойи ман Ӯроқ Аловуддинов, собиқ котиби аввали Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ҳисор, ҷавоб дод:
- Саломатиаш он қадар хуб нест. Ҳар ду гурдаашро ҷарроҳӣ карданд.
Инро шунида Сарвари давлат бо чеҳраи ҷиддӣ аз Тӯхтаев, собиқ раиси ноҳияи Ҳисор, пурсиданд:
- Чаро ба пойтахт набурдед? Охир, инҳо - пирони ҳунар хазинаи тиллоии ҷумҳурианд!
Баъд ба ман суол карданд:
- Духтуратон кӣ аст?
- Суҳроб Холов, аз деҳаи Қаратоғ.
- Ҳозир худатонро чӣ гуна ҳис мекунед?
- Шукр сиҳатиам хуб аст.
- Агар зарурат бошад, мо, албатта, кумак мерасонем!
Он рӯз, ҳарчанд сиҳатиам ноҷӯр буд, аз каломи Эмомалӣ Раҳмон руҳбаланд гардидам. Ҳатто, чанд суруд ҳам хондам. Ҳамин тавр, ҷамъомад ҷолиб ва хотирмон гузашт. Аз ин нишаст бори дигар фаҳмидам, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба эҷодкорон ва, умуман, аҳли фарҳанг ғамхору дилсӯзанд.
Суҳбат бо марди наҷибу рӯзгордида Ҳусейн Насриддин ҷолибу шуниданӣ буд. Ӯ ҳамеша шукргузорӣ аз оромии диёр мекард.
Воқеан, дастгириҳои Сарвари давлат нисбати аҳли фарҳанг беҳисобанд. Дар ин миён, аз ҷумла адибони барҷастаи миллат Сотим Улуғзода, Ашӯр Сафар, Бозор Собир ва аз миёни ҳунармандони хушсалиқа дар баробари дигарон Зафар Нозим ва Ҳусейн Насриддинро метавон номбар кард, ки аз суҳбату дастгириҳои Пешвои миллат баҳравар гардидаанд.
Иззатбек ИДИЗОД,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2021 №: 225 - 226 Мутолиа карданд: 455