порлумон
Президенти Тоҷикистон ҳадафҳои умдатарини давлатро муайян кард
24 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум паёми навбатии худро ба порлумони кишвар ирсол намуда, самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд.
Дар ҷаласа аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазири мамлакат ва аъзои ҳукумат, мушовирони давлатӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Баъди анҷоми муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии худро ба порлумони кишвар ирсол намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаро ба муносибати оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав, инчунин понздаҳсолагии таъсисёбии Маҷлиси Олӣ самимона табрику таҳният гуфт.
Дар оғози паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки «ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд».
Зикр гардид, ки «бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон, дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат соли гузашта ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2008-ум сеюним фоиз зиёд гардид, таваррум дар сатҳи 5 фоиз нигоҳ дошта шуд, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10 фоиз афзуда, фондҳои асосӣ нисбат ба соли 2008-ум дуюним маротиба бештар ба истифода супурда шуданд».
Аз таҳлили Сарвари давлат бармеояд, ки соли равонро барои иқтисоди кишвар метавон соли бартараф намудани таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ номид, зеро нишонаҳои беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ аёнанд. Аз ҷумла омадааст: «Дар семоҳаи якуми соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,8 фоиз афзуд, ки назар ба моҳҳои январ – марти соли 2009-ум 3,2 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,3 фоиз, кишоварзӣ 5,7 фоиз афзоиш ёфт, гардиши савдои чакана 121 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 112 фоизро ташкил кард. Таваррум дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи 1,6 фоиз нигоҳ дошта шуд».
Ба иттилои Президенти мамлакат «ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2010 ба маблағи 6 миллиарду 600 миллион сомонӣ тасдиқ гардидааст, ки нисбат ба соли 2009-ум қариб як миллиард сомонӣ ё 18 фоиз зиёд мебошад».
Ғайр аз ин таъкид гардид, ки «имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии мо 55 лоиҳаи сармоягузории ҷалбкардаи Ҳукумати Тоҷикистон бо маблағи 8 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва соли равон татбиқи боз 14 лоиҳаи нави сармоягузории давлатӣ бо маблағи зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ оғоз мегардад, ки 760 миллион сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд».
Зимни таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри дастгирии моддию маънавии сохтмони нерӯгоҳи тақдирсози Роғун арзи сипосу миннатдорӣ карда, ба масъулони дахлдор дастур дод, ки фурӯши маҷбурии саҳмияҳои ин иншоот қатъиян манъ карда шавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, бо таассуф изҳор дошт, ки «агар ҳамаи мардуми кишвар пурра ба истифодаи чунин лампаҳо мегузаштанд, 3,5 миллиард киловатт нерӯи барқ сарфа мешуд ва давраи маҳдудгардонии таъмини барқ боз як моҳи дигар кам мегардид».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба зарари истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ ба буҷети оилавӣ ва саломатии мардум таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба омӯзиши амиқи забони модарӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забонҳои русию англисӣ на танҳо дар муассисаҳои таълимӣ, балки дар тамоми вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳо низ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ба гуфти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низоми ба кор қабул намудани кадрҳо бояд тадриҷан тавре ба роҳ монда шавад, ки донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ барои онҳо ҳатмӣ бошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз арзу шикоятҳои сершумори мардум оид ба рафтору кирдор ва муносибати ношоистаи роҳбарони мақомоти идорӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони соҳаи тиб ва ғайра изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки ҳар рӯзи шанбе мардумро қабул намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳои ошкоршаванда ва баровардани ҳоҷоти онҳо чораҳо андешанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷой доштани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар сохторҳои давлатӣ ва суиистифода аз мансаб аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори ташвиш карда, таъкид намуд, ки «дар назди қонун ҳама бояд баробар ҷавобгӯ бошанд, сарфи назар аз вазифаи ишғолнамудааш».
Дар таҳлили сиёсати хориҷии давлат муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои ҳусни ҳамсоягӣ ва истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ мақоми марказӣ доштанд. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, «Мардуме, ки ҳамеша ба ахлоқу одоби ҳамидаи ниёгонаш арҷ мегузорад, дар зиндагии ҳамарӯзаи хеш низ аз онҳо пайравӣ менамояд ва ҳамеша ҳаққи ҳамсояро пос медорад». Сарвари давлат бори дигар ба кулли мардуми минтақа муроҷиат карда, изҳор намуд: - «Тоҷикистон ҳамсоягони худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳад гузошт. Мо омода ҳастем, ки ҳар гуна масоили ба миён омадаро бо гуфтушуниди дӯстона ҳаллу фасл намоем».
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон умуман зимни ирсоли паёми солонаи худ ба порлумони кишвар ҳадафҳои умдатарини сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян карда, баҳри татбиқи босамари онҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми соҳибфарҳанги Тоҷикистон дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти дигари масъул вазифаҳои мушаххас гузошт ва изҳори умеду боварӣ намуд, ки онҳо бо дарки масъулияти баланд дар роҳи бунёди як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ бо дасту дилу нияти пок заҳмат кашида, содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватани азиз тамоми маҳорату малакаи худро равона месозанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 11698