logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҲУҶҶАТИ ҚАЛБАКӢ
Директори «Чархи Роғун»-ро  ба курсии айбдорӣ шинонд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Нематулло Ибодуллозода баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шуд. 
Нематулло Ибодуллозода ба он айдор мешавад, ки ҳамчун дирекори мактаби ронандагии ҶДММ «Чархи Роғун»-и шаҳри Истаравшан аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои «В,С,Е» 8200 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 5000 сомониро пешакӣ гирифтааст. Номбурда ин амалро дар ҳамдастӣ бо Илҳомҷон Абдуллоев анҷом дода, ҳангоми гирифтани боқимондаи маблағ – 3200 сомонӣ  дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.
Оид ба ин ҳолат нисбат ба ҳар ду ришваситон бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г» (қаллобӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷирима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ менамояд.
 
ДУЗДӢ
Милитсия ба дасти гумонбар завлона зад
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом марди 38- солаеро боздошт намуданд, ки ба содир кардани ҷиноятӣ дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, марди дастгиршуда охирҳои моҳи октябри соли 2021 як адад зарфи оҳании обгирии ғунҷоишаш 15 ҳазор литраро, ки мансуб ба сокини 59-солаи Ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом аст, дуздидааст.
Зарари расондашуда 13 ҳазору 500 сомонӣ ҳисоб шуда, оид ба ин ҳодиса бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
 
ҒОРАТГАРӢ
Боздошти ду нафар  барои тасарруфи телефон
Мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе амалкарди ду нафареро тафтиш мекунанд, ки ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудаанд.
Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ аз боздоштшудаҳо мардони 26 ва 30-сола ном бурдааст, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2021 аз дукони дӯзандагии зани 37-сола, воқеъ дар бозори Паҷшери шаҳри Душанбе як адад телефони мобилии гаронарзишро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 4167
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед