logo

иқтисод

ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД! ОМОДАГИҲО ДАР ХАТЛОН ЧӢ ГУНА АСТ?

Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ситоди вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд. Дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маориф, кормандони соҳаи молия ва намояндагони соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
 
Тоҷиддин Исматов, муовини сардори раёсати иқтисод ва молияи дастгоҳи раиси вилоят, оид ба омодагии ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллӣ ба гузарондани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 фикру андешаҳояшро баён намуд. Гуфта шуд, ки вобаста ба омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода, ба ҳолати якуми ноябри соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳия ба соҳаи маориф 8 миллиону 816 ҳазор сомонӣ, яъне 93 дарсад ва ба соҳаи тандурустӣ барои харидории ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ 100 дарсад маблағгузорӣ гардидааст.
Гуфта шуд, ки захираи сӯзишвории дизелӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Қубодиён, Ҷалолидини Балхӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус ва Шамсиддин Шоҳин барои соҳаи маориф ба талабот ҷавобгӯ нест. Масъулон зикр намуданд, ки захираи маводи хӯрока дар муассисаҳои томактабии вилоят, аз қабили орду равған, шакару биринҷ, картошака, пиёз ва сабзӣ зиёда аз 70 дарсад таъмин гардида, ин раванд дар ҳоли иҷроиш қарор дорад. 
Муовини раиси вилоят зимни гузарондани ситод масъулони шаҳру ноҳияҳое, ки омодагиҳояшон барои зимистонгузаронӣ дар ҳоли зарурӣ қарор надоранд, мавриди пурсиш қарор дода, баҳри ислоҳи камбудиҳо дастуру супориш дод. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки зимистони имсола нисбат ба соли гузашта сард пешбинӣ гардида, бояд масъулон таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона созанд. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2021    №: 225 - 226    Мутолиа карданд: 3134
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед