иҷтимоиёт
ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДУРАХШОНТАР АСТ
Вақте ки Ватани азизи камина–Ӯзбекистон якуми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ба даст овард, ба синфи шашум гузашта будам. Он вақт, ба ростӣ, ба маънову мазмуни истиқлолият он қадар сарфаҳм намерафтам. Баъде, ки аз устодонам неъмати бебаҳо будани онро фаҳмидам, хурсандиям ҳадду канор надошт. Аз гуфтаҳои устодон хулоса баровардам, ки дигар Ӯзбекистон тобеъ нест, озоду соҳибистиқлол аст ва онро ояндаи дурахшон дар пеш мебошад.
Ин вақт ҳамчун фарзанди халқи тоҷик хостам ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар, макони ҳамзабононам – Тоҷикистон низ соҳибистиқлол гардад. Боиси хушнудист, ки ин орзуям зуд, яъне нуҳуми сентябр, ҷомаи амал пӯшид. Ҳамин тавр, Тоҷикистон низ истиқлолияти худро чун дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ осон ба даст даровард. Аммо аз набудани сарвари соҳибтаҷрибаю уҳдабаро нигоҳ доштани ин неъмати бузург барояш хеле гарон афтод. Ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ оғоз шуд. Ба ростӣ, мехостам, ки тезтар дар Тоҷикистон ин ҷанги хонумонсӯз хотима ёбаду мисли Ӯзбекистон осудаву обод гардад.
Ба маврид аст, зикр намоям, ки ман дар яке аз деҳаҳои аз ҳама қадимтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Ӯзбекистон – деҳаи Ухми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах таваллуд шудам. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони модариам –тоҷикӣ таҳсил намудаам. Ба мо рӯзномаю маҷаллаҳои Тоҷикистон дастрас буд. Қариб мо - ҳамаи мактабиён ба рӯзномаи «Анбоз», маҷаллаҳои «Машъал» - у «Чашма» обуна мешудем. Ҳар як шумораашро мунтазир мешудем. Дар яке аз шумораҳои рӯзномаи «Анбоз» мақолаам чоп гардид. Дар ин мақола ҳамзабононамро ба хотимаи ҷангу ободию гулгулшукуфии Тоҷикистон даъ-ват намуда будам.
Ба бахти халқи Тоҷикистон бо хоҳиши Парвардигори олам ба сарварии ин давлат шахси кордону ботадбир, дурандешу хирадманд, миллатдӯсту ватанпараст, боғайрату далер Эмомалӣ Раҳмон интихоб гашт. Дар назди Сарвари давлат вазифаи хеле пурмасъулият – таъмини сулҳу осоиштагӣ, наҷоти давлат, аз вартаи нестшавӣ баровардан, барқароркунии иқтисодиёти касодшуда, баргардондани гурезаҳо, бунёди давлати рушдкунанда меистод. Албатта, дар чунин як шароити хеле вазнин ҳалли ҳамаи ин вазифаҳоро ба зимма гирифта, ба роҳбарӣ розигӣ додан ин худ як қаҳрамонист. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаракату тадбирҳои хирадмандонаю дурандешонаи худ дар як фурсати кӯтоҳ аз уҳдаи иҷрои ҳамаи ин вазифаҳо сарбаландона баромад, Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод, сулҳу осоиштагиро таъмин намуд, ҳазорон гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, иқтисодиёти касодшудаи давлатро барқарор намуд, ба чор сӯйи Тоҷикистон роҳ кушод, мардумро аз хатари гуруснагӣ наҷот бахшид, аҳволи иҷтимоию иқтисодиашонро беҳтар кард, эътибори сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд баровард.
Хизматҳои минбаъдаи Эмомалӣ Раҳмон низ лоиқи таҳсину тавсиф аст. Маҳз бо саъю ҳаракатҳои ин марди шариф имрӯз Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳодаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Албатта, як давлати харобу ҷангзадаро ба чунин давлати озоду ободу тараққикунанда табдил додан кори осон нест. Ин танҳо ба забон гуфтану ба қалам навиштан осон аст. Хизматҳои бемислу корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи халқу давлати Тоҷикистон муносиб қадрдонӣ шудааст. Вай, дар ҳақиқат, арзандаи унвони олии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мебошанд.
Имрӯз, тавре зикр шуд, Тоҷикистон бо роҳбариашон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву эътибори калон гардидааст. Бо давлатҳои дуру наздик муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодиро ба роҳ мондааст.
Барои ман аз ҳама муҳим, ин боз ҳам мустаҳкамшавии робитаҳои дӯстонаи ду давлати дӯсту бародар – Ӯзбекистону Тоҷикистон аст. Маҳз бо саъю кӯшишҳои ду дӯсту бародар – Президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллу фасл шуданд. Сарҳадҳо боз гардиданд, рафтуомади ду халқи ҳамдилу ҳамдин, ҳамфарҳангу ҳамсарҳад барқарор гашт. 17 августи соли 2018 ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. Имрӯзҳо муносибати ин ду давлати дӯсту бародар дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоративу сармоягузорӣ, нақлиётӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ғайраҳо боз ҳам густариш меёбад.
Ба ростӣ, ҳангоми тамошои лавҳаи қабули сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари охиринаш дар шаҳри Душанбеву Хуҷанд беихтиёр аз чашмонам ашки шодӣ ҷорӣ гашт. Бе муболиға, аз чунин меҳмоннавозию маҳмондории Пешвои миллату тоҷикистониён, фикр мекунам, ки тамоми ҷаҳон қоил шуданд. Бояд зикр кард, ки ба чунин рӯзҳо ба осонӣ нарасидаем. Ҳам тоҷикистониён, ҳам ӯзбекистониён солҳои зиёд дар интизори ин рӯзҳои нек буданд. Минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ду давлати дӯст дар тамоми соҳаҳо рушд хоҳад кард.
Мо - халқҳои сермиллати Ӯзбекистону Тоҷикистон ифтихор аз он дорем, ки чунин Роҳнамо, Пешво, Сарвар, Президентҳои оқилу дурандеш, халқпарвару ватанпарвар дорем.
Фарҳод НЕЪМАТОВ,
рӯзноманигор,
шаҳри Ҷиззах
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.11.2021 №: 227 Мутолиа карданд: 562