иҷтимоиёт
МУҲОҶИРОНИ ЭКОЛОГӢ СОҲИБИ ЗАМИН ШУДАНД
Ба гуфтаи сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Қирғизбек Зокирзода, дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Шаҳритус ба 15 оилае, ки дар ҷойҳои зери хавф қарор доштанд, аз мавзеъҳои амн замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
- Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 648 аз 28 ноябри соли 2020 ”Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташккилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023” ба 9 оилаи деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Бохтариён, ки дар соҳили дарёи Вахш зиндагӣ мекунанд ба миқдори 0,6 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд. Дар ин замин раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҳамарӯза баҳри сари вақт кӯчондани хонаводаҳое, ки дар мавзеъҳои зери хавф қарор доранд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ карда истодааст, - гуфт Қирғизбек Зокирзода.
Деҳаи Дӯстии Ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, тайи чанд сол аст, ки дарё қисме аз ин деҳаро шуста бурдааст. Мувофиқи имкониятҳои ноҳия қисме аз сокинонро дар қисмати бехавфи ҳамин деҳа бо замин таъмин карданд. Акнун қисмати дигарро дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ҷой хоҳанд кард. Аз ин хотир тибқи қарори раиси ноҳияи Кӯшониён барои 9 оилаи деҳаи Дӯстӣ дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ба миқдори 0,6 гектар замин ҷудо гардид.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Шаҳритус низ тибқи қарори раиси ноҳия барои 6 оила, ки дар мавзеи хавфнок зиндагӣ мекарданд аз заминҳои Ҷамоати деҳои Ҷ. Назаров, деҳаи Айвоҷ замини наздиҳавлигӣ ҷудо гашт.
Ба гуфтаи сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон соли 2021 мувофиқи нақшаи пешбинишуда бояд 86 хонавода ҳамчун муҳоҷирони экологӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонда шаванд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.11.2021 №: 227 Мутолиа карданд: 988