logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Кам сухан мегӯяд. Бисёр гӯш мекунад. Пас аз он табассум менамояд. Он як навъ изҳори сипос ва қаноатмандӣ аст.
Дар ин гуфтушунидҳо муҳитеро ба вуҷуд меорад, ки ҳар нафар нек бупиндорад, нек сухан бигӯяд ва анҷоми он ҳама ба некуӣ бирасад.
Аз бадӣ, андешаи бад парҳез дорад. Агар бӯйи онро аз касе бишнавад ва ё эҳсос бинамояд, бо лутфе, сухане зуд дар пайи ислоҳаш мешавад. Ва ҳам бе ин ки  кас ҳис бикунад, пешниҳоди ҷолибе масозад, ки дар пайи пазириши он мешавад.
Дар бораи одамон, албатта, табиӣ аст, ки андешаҳои гуногун: ҳам хуб ва ҳам бад баён мегарданд. Ҳар кас ба каси дигар аз зарфияти худ менигарад ва ҳамон гуна, ки худ меандешад, баҳо медиҳад. Албатта, мепиндорад, ки ҳақ ба ҷонибаш ҳаст. Фикр мекунам, ки дар ин маврид Сайфулло, Сайфулло Фаттоев истисно аст. Дар борааш ҳама сухани нек мегӯянд ва нек меандешанд. Ин ҳеҷ асрор, асрори мушкиле надорад. Ӯ барои бад андешидан дар борааш ба кас  то ба ҳанӯз андак имконе ҳам фароҳам наовардааст: бар бадон ҳам накуӣ кардааст, дасти онҳоро дар лаҳзаҳои бас душвор гирифтааст, роҳҳои дурустро барояшон нишон додааст. Агар касе дар ин маврид хоста, то андешаашро дигар бикунад, бо ҳамон  лутфи зебову табассуми ширин гуфтааст: «Аз одамӣ чӣ мемонад? Некӣ!».
Одамони асил аслан чунинанд, яъне бо ниҳоди нек зистаанд ва онро ба ҳар навъ барои ислоҳи ҷомеа: ҳам аёну ҳам ноаён тарғиб намудаанд. Мегуфтанд, ба такрор, ба хотири ибрати дигарон мегуфтанд:
Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок
Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем.
 
Чӣ бад аст, агар дар ин хоку дар ин мазрааи пок дигар тухм бикорем.
Сайфулло  Фаттоев дар хонадони омӯзгор, омӯзгори варзидаву машҳур Самад Фаттоев чашм бар олами ҳастӣ кушодаву ба воя расидааст. Падар раҳнамои зиндагии дурусту боадолаташ будааст. Ӯ дидааст, ки хуб ҳам гузаштаву бад ҳам якояк, аз пайи ҳамдигар рафтаанду намондаанд. Пас, бояд аз одамӣ некӣ бимонад, беҳтар аст.
Дар донишгоҳ хубу аъло таҳсил мекард. Забону адабиёти русро бо омӯзиш, муҳаббат сидқан фаро гирифт. Чанд муддат ба хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ин фанҳо дарс гуфт, ба ғановату муҳтавои ин забону адабиёти оламшумул онҳоро ошно сохт.
Пас аз хатми донишгоҳ агарчи ба ӯ гуфтанд, ки ба донишҷӯён дарс бигӯяд, ин пешниҳодро напазируфт. Медонист ва бовар ҳам дошт, ки аз уҳдаи ин масъулият мебарояд, аммо дар назди падар монданро, ба ӯ, ҳамзамон, кумак расонданро дар баробари омӯзиши фанҳо ба шогирдон авлотар донист. Ба қавли мардумӣ, дуои падарро гирифт, ризояти ӯро соҳиб шуд.
Ӯ чанд муддат пас аз хатми Техникуми савдои шаҳри Душанбе дар мағозаҳо ба ҳайси фурӯшанда фаъолият дошт, аммо баъдҳо роҳи худро дар зиндагӣ дигар кард.
Дар зиндагӣ бас ранҷҳо ҳам кашидааст, роҳати пас аз меҳнат ба осонӣ дасташ надодаасту намедиҳад. Шукр, ҳар додаро, ҳар неъматро шукр мегӯяд ва, пеш аз ҳама, шукри сулҳу ваҳдат, амнияти кишварро, инчунин, шукри пешрафту ободии сарзамини аҷдодиро.
Гоҳе барои панд ва ибратомӯзӣ ба насли наврас, ба наздикон бо таъкид мегӯяд: «Агар сулҳу амният дар мамлакат набошад, ба ҳеҷ гуна фароғату ободӣ ноил шуда наметавонем».
Ба фарзандону наберагонаш пайваста мегӯяд, ки дониш биандӯзанд, чун бо дониш одамӣ соҳиби мартабаву обрӯ мегардад ва дар ҳама ҳолат некро аз бад фарқ карда метавонад.
Нашриёти таъсисдодаи ӯ бо номи «Русская литература» ҳолиё миёни адибону хонандагону мутахассисони асил шуҳрату маҳбубияти хосро соҳиб аст.
Аксар китобҳои адибонро ӯ ройгон ба табъ расондааст. «Ба мо савобаш бирасад, бас аст», - мегӯяд. Пас аз анҷоми ин гуна амалҳои нек, агар падарашро ба хоб шоду хуррам бубинад, бештар қаноатманд мегардад.
Ӯ, албатта, ҳар гуна китобро барои нашр намудан намепазирад. Рӯирост изҳор медорад: «Ба як шарт онро нашр мекунам: агар навиштаат хубу ба ҷомеа, дар тарбияи насли наврас манфиатбахш бошад». Ҳама саъю кӯшишашро ба харҷ медиҳад, то китоб бо сифати баланд, бехато нашр бишавад. Бо ин амал, корҳои савоб дилҳои зиёдеро шод намудааст. Ман борҳо дидаву шунидаам, ки ба ӯ гуфтаанд: «Моро, ки шод кардӣ, Худо туро шод бигаронад». Ин як дуои самимӣ ва он ҳам дар ҳоли шодиву қаноатмандӣ, албатта, мустаҷоб гардидааст ва мегардад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2021    №: 228    Мутолиа карданд: 502
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед