иқтисод
РӮЗНОМАНИГОРОН БА КОРХОНАИ «ТАЛКО ГОЛД» ПРЕСС-ТУР АНҶОМ ДОДАНД
Бо мақсади истихроҷ ва коркарди конҳои «Кончоч» моҳи апрели соли 2017 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» таъсис ёфт. Алҳол дар он корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд. Барои шиносоӣ аз рафти бунёди иншоот мо – гурӯҳи рӯзноманигорон, бо ташаббуси КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ноҳияи Айнӣ пресс-тур анҷом додем.
Бояд тазаккур дод, ки конҳои «Кончоч» аз се қисм – кони тилло ва нуқраи «Чулбой», кони флюорит, тилло, нуқра ва симоби «Кончоч» ва кони тилло, сурма, флюорит, нуқра ва симоб «Шах-кон» иборат буда, нахуст ташрифи гурӯҳ ба корхонаи ғанигардонии тиллою сурма сурат гирифт. Дар коргоҳҳои истеҳсолии майдакунӣ ва суфтакунии маъдан, флотатсия, хушккунӣ, ғафскунӣ ва сехи реактивҳо якҷо бо кори дигар воҳидҳои сохторӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, корҳо дар объектҳои ёрирасони истеҳсолӣ ҷараён доранд.
Тавре Ли Фен, директори генералии ҶСП «ТАЛКО Голд», иброз дошт, дар корхона иқтидори солонаи коркарди маъдан 750 ҳазор тоннаро ташкил дода, аз ҷумла коркарди маъдани тилло барои ба даст овардани консентрати тилло 450 ҳазор тонна ва коркарди сурма 300 ҳазор тонна мебошад. Корхона моҳи июли соли 2022 бо иқтидори 5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз ба истифода дода мешавад.
Зимни боздид аз рафти сохтмон, маълум гардид, ки қариб 90 дарсади коргарон мутахассисони маҳаллӣ буда, барои таъмини онҳо бо инфрасохтори маъмурию хоҷагӣ – системаи гармидиҳӣ, дафтари корӣ, хобгоҳ ва ошхона, ҳамчунин, бино ва васли таҷҳизот барои озмоишгоҳи кимиёвию коркарди маъданҳои кони «Кончоч» бунёд шуда истодаанд. Бо ин ҳама иншоотҳои зертобеъ корхонаи ғанигардонии тиллою сурма як шаҳраки саноатиеро мемонад, ки тамошои он басо ҷолибу диданист.
Барои коркарди маъдан дар корхонаи ғанигардонии тиллою сурма ашёи хом, хусусан тилло, аз кони «Чулбой» оварда мешавад. Ҳоло дар кони мазкур раванди қабаткушоии замин идома дошта, мутахассисон кӯшиш менамоянд, бо иҷрои корҳо дар ду баст ба истеҳсол оғоз намоянд. Истихроҷи маъдани тилло дар кони «Чулбой», мувофиқи нақша, беш аз 3 ҳазор тонна ва солона беш аз 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки баъд аз коркарди пурра дар як сол 1,5 тонна ва дар маҷмуъ 24 тонна тилло тавлид хоҳад шуд.
Иншооти дигари саноатӣ, ки аз он дидан намудем, корхонаи «ТАЛКО Флюорит» мебошад. Корхона ба истеҳсоли консентрати флюорит машғул шуда, иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз дар навбати аввал аз 100 то 120 тоннаро дар бар гирифта, баъди татбиқи лоиҳа ин нишондод ба 200 тонна хоҳад расид. Айни замон дар он 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли консентрати флюорит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизот истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, мутахассисон васлу насби онро дар муҳлати кӯтоҳ ба сомон расонданд. Умуман, барои бунёди чунин корхонаҳои бузурги саноатӣ солҳост, ки кишвари мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории судманд ба роҳ монда, шартномаи баимзорасидаи ду корхонаи азим – КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии чинии «Tibet Huayu MInIng Co. Ltd» далели ин гуфтаҳост. Мақсади лоиҳа дар Тоҷикистони марказӣ дар заминаи захираи маъданҳои таҳқиқнамудаи геологҳо ба вуҷуд овардани иқтидорҳои нави саноатӣ мебошад.
Ҳамин тавр, пас аз пурра ба кор андохтани «ТАЛКО Голд» истеҳсоли солонаи тилло 2,2 тонна, сурма 15 ҳазор тонна ва сурмаи сафед 6 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсоли сурмаи ҶСП «ТАЛКО Голд», ки беш аз 10 дарсади истеҳсоли ҷаҳониро ташкил медиҳад, бо назардошти муттаҳидшавии ширкатҳои Тоҷикистону Чин истеҳсолот 27 дарсади маҳсулоти ҷаҳониро фаро хоҳад гирифт, ки бешубҳа барои рушд ва беҳбудии сатҳи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ ва дигар навоҳии вилояти Суғд, инчунин, рушди саноати кӯҳии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2021 №: 228 Мутолиа карданд: 1711