сиёсат
САНАИ САРНАВИШТСОЗ
Дар оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қалбҳои пурдардро шуълаи умеду бовар ба фардои дурахшони кишвар бахшид. Ин иҷлосия аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда бозид.
Аҳамияти Иҷлосияи ХVI бо гузашти давраҳои муайяни таърихӣ дучанд меафзояд. Зеро, маҳз дар он шахсияти бузург Сарвариро бар дӯш гирифт, ки имрӯз тамоми миллат ӯро ҳамчун Пешвои худ эътироф намудааст. Мақсуд аз рӯзи ид муқаррар кардани 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин санаи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.
Тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Сарвари маҳбуби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалие, ки доранд, кишварро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид, дар қалби мардум шуълаи умедро фурӯзон ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд, ки ин ифтихори миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст.
Қурбон ҲАКИМЗОДА,
раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.11.2021 №: 229 Мутолиа карданд: 1144