logo

сиёсат

ҶАШНИ ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛ

Рӯзи Президент дар қатори дигар санаҳои таърихӣ барои мардуми кишвари мо аҳамияти хоса дорад. Чун ба вазъи кишварҳои ҷаҳон, ки гирифтори мушкилоти гуногунанд,  менигарем, рӯзҳои сангини бар сари мардуми мо ҳам омада, пеши назар ҷилвагар мегарданд. Вале мо мардуми хушбахту хушиқбол будем, ки бо ҳукми тақдир Сарвари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон масъулияти идораи кишварро дар ин рӯзҳои бесомонӣ бар дӯш гирифта, ҷангу хунрезиро бар ивази ҷонбозиҳо хотима бахшиданд. Бо заҳмату талошҳои беназир оромиву осудагиро дар Ватани ҷангзада таъмин ва гурезагонро ҷамъ оварда, кишвари воҳиду соҳибистиқлолу озодро бунёд гузоштанд. 
Маҳз бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи ин бо салоҳияту заҳматҳои  босамари Президент ба даст омаданд, дар қонунгузории кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад.
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Аз ин хотир, мо – тоҷикистониён, бо тамоми ҳастӣ  дарк менамоем, ки ин сана, яъне 16-уми ноябр, барои мо муқаддас аст.  
Имрӯзҳо мо аз ободиву осудагии кишвари худ, ки тули сӣ сол ба он шарафёб гардидем, ифтихор мекунем. Аз ҷумла, сохтмону таҷдиди роҳҳу пул ва нақбҳо, ки кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшида, моро ба чорсӯи олам пайванд намуд. 
Талошу меҳнати шабонарӯзии роҳсозон ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат буд, ки дар арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳон, Тоҷикистон дар радабандии сифати роҳҳо  байни 141 кишвари дунё 20 зина, аз 70  ба 50 зина боло баромад, ки ин дастоварди басе муҳим аст.
 
Азим ИБРОҲИМ, вазири нақлиёт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 1312
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед