logo

иҷтимоиёт

АЗ НОУМЕДӢ БА СӮИ УМЕД Ё ЧӢ ГУНА БАДАХШОН АЗ ТОРИКӢ БА РАВШАНӢ РАСИД

Аввали солҳои 90-уми асри ХХ. Аз Душанбе гоҳ-гоҳ нақлиёт омадаву аз дӯстон туҳфаву дастовез меовард, молу колои рӯзгорро мерасонд, вале пас аз чанде, ногаҳон, осмони софи сарзамини тоҷикон тира гашту мошинҳо гурезаҳои гуруснаву побараҳнаро меоварданд. Даҳшатноктар аз ҳама, мошинҳои боркаш тавассути роҳҳои номусоиди Бадахшон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳалокшудагони ҷанги шаҳрвандиро ба манзил мерасонданд. Дигар об аз сарҳо гузашта буд.
Оқибат аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардум дар дами гуруснагӣ қарор дошт, онҳо миёни ҳам як бурда нонро тақсим менамуданд. Ҳатто, бархе аз гуруснагӣ мефавтиду бархе аз истеъмоли ҳар гуна гиёҳи барои хӯрдан мамнуъ. Мо, ки он замон донишҷӯйи Донишгоҳи Хоруғ будем, аз ин ҳол сахт ноумеду маъюс шуда, аз дил мегузарондем: «Хондан чӣ даркор? Диплому дониши мо ба чӣ кор меояд?». Аммо падару модар мехостанд, ки таҳсилро идома диҳем. Гоҳо бо як пиёла ширчойи бе нон фарсахҳо роҳро тай карда, пиёда ба Хоруғ меомадем. Дар сармои қаҳратун синфхонаҳои валангори донишгоҳ, кӯчаҳои Хоруғи моломоли ҷангиён ва  пур аз гургу шағоли рустоҳо пайваста ба дил ваҳм меандохтанд. Ба қавли Мавлоно дар рӯзи равшан бо чароғ Инсон кобед, намеёфтед: 
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу Инсонам орзуст!
 
Сиёсатмадорони навбаромад бо шиору ҳарфҳои берабт мардумро ба роҳгумӣ мекашиданд. Моро, ки дар донишгоҳ пешсаф будем, гоҳ ин гурӯҳ ба сафи худ мехонду гоҳ он гурӯҳ. Аммо шукр, ки ба ягон гурӯҳ шомил нашудем, пайи нони бедардимиён нарафтем ва то имрӯз қаламкаш боқӣ мондем.
Ёд дорам, бобову модаркалонам, ки пеш аз ин даҳшати Ҷанги Бузурги Ватаниро  дида буданд ва  дар намози хеш ба даргоҳи Худованд  илтиҷо мекарданд: «Илоҳо, моро дубора ғарқаи мотам насоз. Ё амонӣ насиб фармо, ё руҳу ҷони моро бо нури имон ба висоли худ бирасон». 
Соли 1993 бобову модаркалон дар як рӯз аз дунё даргузаштанду мо ба мазмуни дуоҳои онҳо расидем. Донистем, ки ҷанг чӣ балоҳоро аз пайи худ меорад. Фақат як чиз мехостем: оромӣ! Оромии руҳиву равонӣ, оромии хонаводагӣ. Ба гуруснагиву қашшоқӣ, нодориву беманзилӣ розӣ будем, танҳо оромиш мехостем, таманно мекардем, ки умеди зиндагӣ дар диламон намирад:
Ба умедем, ки уммед зи нав зинда шавад,
Дар дили шабкада Хуршед зи нав зинда шавад!
 
Шаҳри Хоруғро силаҳдорон гирифта буданд, ба касе бовар карда намешуд, ҳама гӯё ниқоб пӯшида буданд: ниқоби фиребу найранг, ниқоби кинаву тазвир, ниқоби адоват. Хабари хуши ба маснади Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунида бошем ҳам, бовар надоштем, ки ба ин зудӣ Сарвари тозаинтихоб ба Бадахшон меояд. Хушбинтарин касон низ бовар надоштанд. Зеро Хоруғ вайрону валангор, хатарнок ва даҳшатзо буд. Аммо шуҷоату матонати Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Ӯ дар иҷлосияи тақдирсози XVI дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Ман ба шумо сулҳ меоварам» гуфта, ба ваъдааш содиқ монд ва ба сарзамини азияткашидаи тоҷикон суботу оромӣ овард. 
Дар муддати кӯтоҳ ба ҳам овардани миллати парешонгашта, барқарор кардани сулҳу амонӣ дар кишвар осон набуд. Аммо алорағми душманони миллат бо саъю кӯшишҳои хастагинопазири Сарвари маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва сокинони кишвар ба ҳаёти осоишта баргаштанд. 
Чуноне ҳама шоҳидем, аз баракати оромиву субот сол ба сол дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо, аз ҷумла дар самти роҳсозӣ, ба даст меомаданд. Бахусус, дар фосилаи кӯтоҳи вақт боз шудани роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма дар ҳаёти мардумони Хатлону Бадахшон нақши ҳалкунанда бозид. Ин шоҳороҳи азимро, ки Иттиҳоди Шуравӣ бо ҳамаи тавонмандӣ сохта натавониста буд, бо ибтикори Сарвари давлат бунёд ёфт. Роҳи Абрешим, ки солҳо боз дар харитаи ҷаҳон ноаён меистод, аз нав барқарор гардид. Бешак, Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роҳи Абрешим аст. Сохтани роҳ то ба сарҳади Чин, бунёди пулҳои азим ҷониби ҳамсоякишвари Афғонистон чандин кишварҳоро ба ҳам пайваст. Сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мардуми гӯшаву канори гуногуни мамлакатро ба ҳам овард ва онҳо аз иғвоангезиҳои сиёсӣ, мазҳабу мазҳабгароӣ, маҳалбозӣ даст кашиданду даст ба бунёдкорӣ заданд. 
Роҳбари оқилу донои мо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дилу дидаи мардуми ҳамсоякишварҳо низ чун шахсияти бузург маъво дорад. Чанд сол қабл, олимону адибони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ҳайати онҳо шоир Лаълҷубаи Мирзоҳасан низ буд, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карданд. Аснои  сафар дар ин кишвари ҷангзада бо пиразане ҳамсуҳбат мешавад. Чун мизбон мефаҳмад, ки меҳмонон зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонанд, ашк рехта, мегӯяд: «Фарзандонам, аз шумо як илтиҷо дорам. Вақте ба Тоҷикистон баргаштед, аз номи ман ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯед, ки Афғонистони моро низ обод кунад». 
Ин матонату шуҷоати Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки абармарди майдони таърихи навини мо ҳастанд, сазовори иншои китобу достонҳои зиёд аст. Вале бидуни навиштаҳои мо ҳам, халқи соҳибдили  тоҷик ба қадри Пешвои худ мерасад  ва ба хидматҳои мондагори ӯ арҷ мегузорад, ҷонибдории самимии худро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари оқили хеш изҳор медорад. 
          
Хушомади АЛИДОД,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
директори Осорхонаи 
таърихӣ-кишваршиносии ВМКБ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2021    №: 229    Мутолиа карданд: 432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед