сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШОҲРОҲИ ТАРАҚҚИЁТ
Воқеан, агар ба умқи таърихи ташаккули давлатдории миллати барӯманди тоҷик назар андозем, бармало эҳсос менамоем, ки баъд аз ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлат гардидаву нашъаи давлатдорию худфармониро дар аҳди Исмоили Сомонӣ чашида буданд. Пас аз гузашти ҳазор соли дигар соли 1991 бори дувум чунин имконият фароҳам омад, ки мо - тоҷикон низ, соҳиби давлату истиқлолият ва шаъну шарафи миллӣ гардем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки саросари кишварро буҳрони шадиди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, ҳокимияти давлатӣ комилан фалаҷ гардида, ба он хавфи парокандагӣ таҳдид мекард. Маҳз Сарвари давлат бо сиёсати дурандешонаи худ сипари тоҷикон гардида, кишвари ҷангзадаву халқи парокандаро аз хавфу хатари пошхӯрдан наҷот дода, ба мухолифати мусаллаҳона нуқта гузоштанд. Ҷон ба кафи даст ба хатарноктарин манотиқи кишвар ва берун аз марзи ҷумҳурӣ сафар карда, парчами сулҳро ба даст оварданд. Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар “Достони Пешво” ном шеъраш гуфтааст:
Бори вазнини замони нангро бар
дӯш кард,
Бо муҳаббат кинадори хешро
оғӯш кард,
Оташи ҷанги ватансӯзандаро
хомӯш кард…
Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз таҳти сарварии хирадмандона ва ҷаҳду талошҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи олам шинохта шуда, ин гуна хусусиятҳои давлат дар сатҳи Конститутсия бебозгашт ҳукми қонунӣ гирифтанд.
Пешвои муаззами миллат нахустин сиёсатмадоре маҳсуб меёбанд, ки таъриху фарҳанги қадимии халқи тоҷикро пайваста баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои бузурги сиёсӣ - баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихори давлатдорӣ, фаъолгардонии имконоти зеҳнии мардум муҳайё карданд, ки ин омил ба таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол нақши мунир гузошт.
Аз ҷониби дигар, садоқат ба халқу Ватан, дурандешӣ, таҳаммулу гузашт карда тавонистан, шуҷоату мардонагӣ, устувориву қатъият, инсофу адолат, дарки фаврии авзои сиёсии кишвар ва ҷаҳон, сифатҳои муҳиммтарини шахсияти волои Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум сохт. Иқдомоти наҷибу бузурге, ки ин шахсияти барҷастаи таърих дар мақоми Сарвари давлат баҳри пойдории Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, амният ва ваҳдати миллӣ, беҳбудии ҳаёти модӣ ва маънавии мардум, афзудани обрӯву эътибори Ватани азизамон ба амал оварданд, маҳбубияташонро дар ҷомеаи навини тоҷик афзуд ва азизи мардумон гардиданд.
Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир зиракиву ҳушёрии ҳар фарди ватандӯст, кафили таъмини минбаъдаи сулҳу субот, рушду тараққиёт ва зиндагии шоиста аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат амал карда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз худ нақше боқӣ гузорем.
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.11.2021 №: 229 Мутолиа карданд: 992