иҷтимоиёт
МАҲБУБИ ҶАҲОНИВУ ҲАБИБИ ВАТАНӢ!
Пешвои миллат намоди хирадмандию ҳушёрист. Ба баракати хираду ҳушёрии ин роҳбари оқил ҳеҷ неруи ғаразноки дохилию хориҷӣ наметавонад, ки ҷомеаи моро аз масири ҳадафҳои неки созандагию бунёдкорӣ ва ободонии Ватан берун созад ва фазои сулҳу оромиву амниятро дар кишвар халалдор намояд.
Беҳуда ҳалқ ӯро Пешвои миллат ном набурдааст. Нахуст бояд гуфт, ки пешво унвон, вазифа ва мансаб нест, балки рисолат аст. Рисолатест, ки халқ бо таваҷҷуҳ ба истеъдодҳои фаровонаш дар ҷанбаҳои гуногун ба ӯ вогузоштааст.
Аз хислатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки манфиати давлату миллатро аз ҳама чиз боло мегузорад ва дар қавлу амали худ устувор мебошад. Сабру таҳаммулро меписандад, шукргузору қаноатпеша аст, дар ҳама ҷой ва дар ҳама кор низому тартиботро дӯст медорад, мардест, ки бо хоксорию фурӯтанӣ ба дили хурду бузург ҷой гирифт. Ӯ такя ба мардум кард ва ба худ боварӣ дошт. Ҳамин боварӣ ва эътиқоди устувор ба тавоноии шахсияти хеш буд, ки дар пеши мардуми кишвар савганди фарзандӣ ёд кард ва изҳор намуд, ки дар кишвар сулҳу оромиро барқарор хоҳад кард. Вай ин суханҳоро дар шароите ба забон оварда буд, ки Тоҷикистон на сохторҳои неруманди қудратӣ дошту на артиш ва на мақомоти роҳбарии коромад.
Дӯст доштану меҳрубон будан ба дигарон, шитофтан ба ёрии кӯдакони ятиму бепарастор ва пиронсолону камбизоатон аз сифатҳои барҷастаи Пешвои миллат мебошанд. Аз ин сабаб, мардуми кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии худ, роҳбари фарёдрасу ҳақбин, додгустару адолатпеша ва наҷотдиҳандаи давлату мамлакат меноманд ва ҳақшиносона ба ӯ меҳр меварзанд, дар ҳар маврид Пешвояш мехонанд.
Инак, беш аз чаҳоряк аср аст, ки миллати тоҷик бо бархӯрдорӣ аз пайванди ногусастании худ бо Пешвои миллати хеш дар роҳи шукӯҳмандӣ, созандагию офарандагӣ қадам мезанад. Ва яқин аст, ки ҳаракати ӯ дар ин роҳ ба таври пирӯзмандона идома хоҳад ёфт ва дар муддати кӯтоҳе Тоҷикистон дар сафи миллатҳои сарфарози ҷаҳон ҷой мегирад. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барҳақ гуфта:
Маҳбуби ҷаҳониву ҳабиби Ватанӣ,
Бар ҷумлаи дардҳо табиби Ватанӣ.
Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,
Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби Ватанӣ.
Диловар ҶАЪФАРОВ,
сардори шуъбаи кадрҳои МТД
“Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.11.2021 №: 230 Мутолиа карданд: 458