logo

сиёсат

БУЗУРГДОШТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ АРЗИШҲОИ БАЛАНДИ ДАВЛАТӢ, МИЛЛӢ ВА ШАҲРВАНДӢ ДОРАД

Мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 16 ноябр ботантана ҷашн мегиранд. Ин рӯзи мубораку таърихӣ аз 14 майи соли 2016, таҳти № 1320, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муқаррар гардида, панҷ сол мешавад, ки ботантана ва бо ифтихору вафодорӣ аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад. 
Мақсад аз таҷлили ин рӯз, аз эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, иборат мебошад.  
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ, ободии Ватан ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд. 
Бо назардошти хизматҳои барҷаста дар рушду инкишофи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардиданд. 
Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон ба маънои ҳифзу тараққиёти давлатдории миллӣ, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки ин рӯзро ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи ватандӯст ҳамчун ҷашни хурду калони озоду осудаи Тоҷикистон меҳисобанд. 
Бояд иқрор шуд, ки фаъолияти муназзами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард. Ин таълимгоҳи сиёсии давлатдорӣ бо бартарию хусусиятҳои хоси худ дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкориро гирифта,  эътирофи байналмилалиро касб намуд.
Дар ин мактаби бузург, ки хусусиятҳои хоси он бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гаштааст, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути ин низоми идоракунӣ ба таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Иқдом ва ташаббусҳои  ҷаҳонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим ҳамчун сиёсатмадори пешбари дараҷаи ҷаҳонӣ хеле баланд аст. Тавре Сарвари давлат таъкид менамоянд: “Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон қарор дорад”.
Бо иқдоми Пешвои миллат амалӣ гардидани таҷлили 1100 – солагии давлати абарқудрати Сомониён ва 90 – солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров гувоҳи он аст, ки тоҷикон воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд.
Тарғиб ва ташвиқи ғояҳо ва арзишҳои олии инсонпарваронаи дини мубини Ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба сиёсати комили Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Бо назардошти ин иқдом як қатор ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ оид ба мероси мутафаккирони Аҷам - Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам ва ғайра дар кишварамон доир гардида,  асолати аслии ислом ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шуд.
Бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин, «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми кишвар гардонда шуданд. Пешвои миллат бо ҳимоя аз дини Ислом аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ хитоб намуда, терроризмро қотеона маҳкум карда, иброз доштаанд: “Террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор доранд. 
Воқеан ҳам, ташаббусҳои оқилона, озмудашуда ва мутавозини Пешвои миллат дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
Бо дарки ин муҳтаво ва олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашт. 
Аз ин рӯ, заҳматҳои бузурги ин шахси нодир, далеру ҷасур ва қавиирода дар роҳи наҷоти давлату миллат беандоза мебошад. Имрӯз хурду бузурги Тоҷикистон пешрафти таъриху тамаддуни худро бо номи ин фарзанди фарзонаи миллати бузурги худ, ки дар наҷоти ин кишвар нақши ҳалкунанда гузоштаанд, пайваст менамоянд. Чунки номи Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои муаззами миллат, Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дар мураккабтарин марҳилаи таърихӣ амиқ ҷовидон гардондаанд. 
Муждаи корнамоӣ, ташаббус, фидокорӣ, вафодорӣ, сулҳофарӣ, қавииродагӣ ва мардонагию далерии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ болидаруҳона истиқбол карданд. Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Қувайт Марзук Алӣ ал Шаним дақиқназарона зикр намудааст, ки «Мардуми дунё бояд аз шумо – тоҷикон қадрдонию эҳтироми Сарварашон – Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат – умед ва зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад».
Обтин Сосонфар (Швейтсария) дар меҳрномаи худ менависад: «Эмомалӣ Раҳмон аввалин фардест, ки миллати қадими худро ба ҷаҳон бо он доштаҳои худ, бо фарҳанги бузургаш муаррифӣ кард. Месазад, ки ӯро вориси хуҷастапайи соҳибони Авасто гуфт, месазад, ки ӯро нигаҳбони мероси ниёгони равшанзамир номид». Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд». Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин низ бо тақвияти ин суханҳо баён дошт, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чи ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои дигар халқу миллатҳо  намунаи ибрат аст”.
Барои тасвири симои шахсе, ки халқи зиёда аз ҳазор сол пароканда, аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати мустақил, соҳибистиқлол ва соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот  дод, ҷон ба кафи даст ба миллат сулҳу ваҳдат  ва амният овард, қудрат ва сиёсатро дар хидмати инсон гузошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, ҳатто садҳо рисолаву китобҳои бадеию илмӣ навиштану эҷод кардан кам аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди этирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. 
Бовар дорам, ки оид ба сифатҳои Пешвои миллат боз асарҳои зиёд эҷод мешаванд, зеро дар ҳама соҳа ин шахсияти беназир саҳми шоиста доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти пешрафти ҳама соҳаро бар зиммаи худ гирифта, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо чораву тадбирҳои муассир меандешад.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи  Сарвари давлат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони хурраму фархунда ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу  илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва  дар маҷмуъ, барои баланд бардоштани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асл Пешвои миллат, маҳбуби ҳама ва қаҳрамоне мебошанд, ки ният ва маромашон тинҷиву оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
 
Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА,  
директори Агентии назорати 
маводи нашъаовари назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
генерал-майори адлия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2021    №: 230    Мутолиа карданд: 1063
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед