иқтисод
ЧӢ ГУНА ҲОСИЛИ КАРТОШКАРО БАЛАНД БАРДОРЕМ? МАСЪАЛАИ РАҚАМИ ЯКИ КИШОВАРЗОНИ ЛАХШ
Имсол кишоварзони ноҳия дар 5368 гектар картошка кишт намуда, беш аз 100 ҳазор тонна ҳосил гирифтанд. Ҳосилнокӣ аз як гектар агарчи дар баъзе мавзеъҳо марзи 350-сентнериро гузашта бошад ҳам, дар аксари хоҷагиҳо дар муқоиса ба солҳои пешӣ қариб 30 – 40-сентнерӣ коҳиш ёфта, 180 – 220-сентнериро ташкил дод. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳое, ки мояи нигаронии масъулони соҳа дар ноҳия гардидааст, таъсири гармшавии иқлим ва вазъи заминнигоҳдорӣ ба ҳосилнокии картошка мебошад.
Ба гуфтаи Қурбоналӣ Партоев, ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АМИТ, киштгардон нашудани майдонҳои картошкапарварӣ аз сабабҳои асосии коҳишёбии ҳосил мебошад. Замине, ки дар он картошка кишт шудааст, бояд ду – се сол аз ҳисоби парвариши гандуму юнучқа танаффус дода шавад.
Дар баробари ин, ба назари бархе мутахассисони дигар, киштгардон нашудани заминҳо сабаби аслии коҳиш ёфтани ҳосилнокии картошка набуда, тағйирёбии иқлим ё баландшавии ҳарорати ҳаво омили асосӣ ба ҳисоб меравад.
Ба хотири офаридани тухмиҳои ба тағйирёбии иқлим мутобиқ ва серҳосил, ба ноҳия олимону мутахассисони варзидаи соҳа ҷалб шудаанд. Гурӯҳи мазкур бо шумули ходимони калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи миллии илмҳо дар ноҳия ба ихтирои навъи ватании тухмии картошка бо номи «Тоҷикистон», ки баландҳосилу ба гармиҳо тобовар аст, ноил гардиданд. Акнун, ин тухмӣ дастраси қариб ҳамаи кишоварзони ноҳия ва минтақа гардид, ки ҷиҳати бештар гаштани истеҳсоли картошка имконият медиҳад.
Қурбоналӣ Партоев гуфт, ки қариб 90 дарсади картошкапарварон аз тухмии навъи «Тоҷикистон» маъруф ба «дарозпалак» истифода мебаранд.
- Тухмии навъи «Тоҷикистон» офаридаи олимони институти мо буда, соли 2015 нахуст дар минтақаи Лахши ноҳия ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст ва то имрӯз серҳосилтарин тухмӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳолати истифодаи дурусти он ва риояи қоидаҳои агротехникии картошкапарварӣ, метавон аз як гектар ҳадди ақал 250 сентнер ҳосил гирифт,- афзуд ӯ.
Ҳамчунин, дар Пойгоҳи илмӣ-таҷрибавии «Лахш» сездаҳ намуди тухмии картошка парвариш меёбад, ки барои дастрасии кишоварзони ноҳия ва минтақа ба навъҳои ватании серҳосил заминаи мустаҳкамеро фароҳам меорад. Ҷиҳати нигоҳдории картошка чордаҳ анбор мавҷуд буда, аз ин сетояш навбунёд ва дорои шароити замонавӣ мебошад.
Тавре Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, гуфт, омили дигари таъсиррасон ба парвариши картошка дастрасии саривақтӣ ба оби полизӣ мебошад. Аз ин рӯ, тайи чанд соли охир аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрии куҳнаю валангор диққати махсус дода мешавад. Аксари корҳо дар ин самт бо ташкили ҳашарҳо ба роҳ монда шудаанд. Мо муваффақ шудем, ки баъзе мавзеъҳои солҳо харобгардидаи шабакаҳои обёриро барқарор намуда, ҳаҷми обёриро афзоиш бахшем. Танҳо дар мавсими киштукори соли 2021 барои таъмини майдони картошказор бо оби полизӣ аз оғози мавсим панҷ канали обёрӣ аз ифлосиҳо тоза гардид. Ҳамчунин, таъмири асосии канали калонтарини ноҳия – «Ғулама», ки беш аз 2,5 ҳазор гектар майдони картошкаро бо об таъмин месозад, дар назар аст.
Баробари дастрасӣ ба обу киштгардонии заминҳо, ҳамчунин, дастрасӣ ба техникаю олоти нави кишоварзӣ дар ҷодаи истеҳсолоти картошка масъалаи ниҳоят муҳим мебошад. Зеро бо техникаҳои мавҷуда дар ноҳия, ки як қисмашон куҳнаанд, кишти саривақтию босифати картошка мушкил афтода, боиси гароншавии арзиши хизматрасонӣ шудааст. Ҳамзамон, солҳо боз вайрон будани пули мошингузар дар мавзеи Сугати ноҳия имкон намедиҳад, ки садҳо гектар замини баландҳосил самаранок истифода шаванд ва маҳсулоти бо арақи ҷабин бадастовардаи кишоварзони талаф меёбад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.11.2021 №: 231 Мутолиа карданд: 2440