logo

иҷтимоиёт

ПАВЛОВНИЯ. ДАРАХТЕ, КИ ПАРВАРИШАШ МАНФИАТОВАР АСТ

Павловния яке аз рустаниҳои нодирест, ки дар табиат зиёда аз 20 намуди он вомехӯрад.  Машҳуртаринашон ҳисгар, элонгата, фолбин, кавакамия, каталпифолия, тайван ва фаргесия мебошанд. 
Бояд гуфт, ки павловния аз дарахтони дигар бо баргҳои азим (қутраш то 80 см), гулҳои калони асалдор, ки метавонанд рангҳои гуногун дошта бошанд, тоҷи калон ва қутри зиёда аз 1 метр ва баландии 30 метр ба куллӣ фарқ карда, ба ҳамаи намуди хок ва ҳарорати ҳаво (45 гармӣ ва  30 дараҷа хунукӣ) тобовар аст. Дар Чин, ки ватани павловния ба ҳисоб меравад, дар майдони беш аз 2 миллион гектар парвариш меёбад. 
Яке аз ҷолибтарин хусусиятҳои павловния он аст, ки пас аз ҳар як буридан боз афзоиш меёбад. Онро якчанд маротиба (то 7 – 8 бор) буридан мумкин аст. То 100 сол умр мебинаду чӯбаш хеле сабук аст.
Дарахт дар фасли баҳор гул мекунаду бӯйи гуворо дорад. 
Системаи решаи павловния патакреша буда, одатан, дар умқи 1 – 1,5 метр қад мекашад ва тиррешааш ба 8– 9 метр мерасад. Аз ин рӯ, павловния барои мустаҳкам кардани хокҳои минтақаҳои зери хатари эрозия ва ярч  мусоид аст. Дарахти павловния босуръат афзоиш меёбад. Бо фароҳам овардани шароити мусоид дар 4 – 5 сол ба 15 метр мерасад.
Мавриди зикр аст, ки иқлими Тоҷикистон барои парвариши дарахти павловния басо мувофиқ мебошад.
Зикри чанд хусусияти павловнияро ин ҷо зарур мешуморем:
- хосияти хуби гарминигоҳдорӣ дорад;
- чӯбаш дар ҳарорати зиёда аз 400 дараҷа гармӣ месӯзад; 
- шакл ва андозаашро тағйир намедиҳад, намепӯсад;
- ба он ҳашаротҳо ва паразитҳо зарар намерасонанд, ки ин парваришро осон ва истифодаи заҳрхимикатҳоро талаб намекунад;
- танаи рост дорад;
- баргҳояш дар соли аввал хеле калон ва нахдор мешаванд (паҳнои онҳо то 80 – 90 см мерасад), онҳо аз сафедаҳо (зиёда аз 20 дарсад) ва микроэлементҳо бойанд. Аз ин лиҳоз, барги онро аксар вақт барои хӯроки чорво истифода мебаранд; 
- асалаш қиматбаҳо буда, метавон аз ҳар гектар беш аз 500 кг гирифт.
- павловния ҳаворо аз газҳои зараровар тоза мекунад. Ин барои шаҳрҳои калони саноатӣ хеле муҳим аст. Он нисбат ба дигар намуди дарахтон даҳ маротиба бештар гази карбонро ҷаббида, дар раванди фотосинтез миқдори зиёди оксиген ҷудо мекунад.
- метавонад дар хокҳои металлҳои вазнин ва моддаҳои заҳролуддошта парвариш ёбад. Бо ҷаббидани моддаҳои заҳролуд хок ва оби заминро тоза мекунад.
 
Алиаскар ЗОИРОВ, 
ёрдамчии директори 
Агентии хоҷагии 
ҷангали назди Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2021    №: 231    Мутолиа карданд: 555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед