logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ИҚДОМҲОИ ҲИЛОЛИ АҲМАР ҚОБИЛИ ВАСФАНД

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрии ҷумҳуриявӣ, ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси  умумияти манфиатҳои шаҳрвандон бо мақсади сабук намудани азияти одамон, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, кумак расондан ба ҷабрдидагони задухӯрдҳои мусаллаҳона ва шахсони аз ҳолатҳои фавқулода ва техногенӣ зарардида, ҳамкорӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки аз Конвенсияи Женева (1949), протоколҳои иловагӣ (1977) бармеоянд, тарғиби ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва принсипҳои  асосии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, инчунин, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ  фаъолият мекунад.
Мақсади асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ҳамчун сохтори мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона ба табақаҳои муҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст ё имконияти минималии иҷтимоию иқтисодӣ ва шаъни инсониашон ҷабр дидааст, беҳбудӣ бахшидан мебошад.
Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин, дар асоси дастур ва супоришҳои дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  тамоми чораҳоро меандешад, то теъдоди бештари ашхоси ниёзманд ба кумак фаро гирифта шаванд.
 
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ БО ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲО
Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми нуҳ моҳи соли 2021 бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва нақшаи кории қаблан тасдиқгардида амал намуда, фаъолияти худро мувофиқи Оиннома ва Низомнома ба роҳ мондааст.
Дар ин давра чорабиниҳои гуногун ташкил ва гузаронда шуданд. Бахш барои ташкил ва гузарондани чорабиниҳо дар доираи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, идҳои Рамазон ва Қурбон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру навоҳӣ, ҳамзамон, корхонаву муассисаҳо чораву тадбирҳои зарурӣ андешид.
Чунончӣ, якҷоя бо 16 котиби иҷроияи бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти кории худро зич ба роҳ монда, дар ин давра байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба мақсаду маром ва фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамагӣ 83 вохӯрӣ, 436 чорабинии гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ дар корхонаву муассисаҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2020 зиёд мебошад.
 
АЪЗОИ ҶҲАТ ДАР СУҒД  БА 6763 НАФАР РАСИД
Дар ҳудуди вилояти Суғд ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 369 ташкилоти ибтидоӣ, ки дар сафҳои худ 6763 нафар аъзоро муттаҳид менамояд, фаъолият бурда истодаанд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ назар ба нуҳ моҳи соли гузашта 25 адад зиёд шудааст. Яъне, аъзои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба 6763 нафар расид, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 6329 нафар баробар буд.
Дар маҷмуъ, дар ҳудуди вилоят дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ шумораи аъзо 11 дарсад, волонтёрон 9 ва ташкилотҳои ибтидоӣ 7 дарсад афзудаанд.
 
ДАСТРАСИИ НИЁЗМАНДОН БА НОНИ РОЙГОН
Дар ин давра ба бахшҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 1734 ариза ва муроҷиати шаҳрвандон, бахусус 341 ариза ба унвони бахши вилоятӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, муроҷиаткунандагон бо маводи хӯрока ва гигиенӣ, бархе аз онҳо бо маблағ таъмин карда шуданд.
Аризаҳо асосан аз ҷониби шаҳрвандони камбизоат, маъюбони гурӯҳҳои гуногун, пиронсолон, модарони яккаву танҳо, шахсони бепарастор ва ятимони кулл ворид гардидаанд, ки мазмуни аксарияти онҳо ин расондани кумакҳои моддӣ ва молиявӣ мебошад. Барои қонеъ намудани аризаи муроҷиаткунандагон дар ин давра зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва зиёда аз 9 ҳазор сомонӣ маблағ барои харидории маводҳои хӯрока ҷудо шуд, ки ба муроҷиаткунандагон баҳри расондани ёрии яквақтаина дар намуди маводи хӯрокворӣ сарф гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки ин маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон тавассути сандуқчаҳои хайриявӣ, маблағҷамъкунии анъанавии фандрайзинг ва ҳаққи аъзогӣ ҷамъоварӣ шуданд.
Фаъолияти мунтазами 2 нонвойхонаи иҷтимоии бахши вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон имкон дод, ки шумораи зиёди оилаҳои ниёзманд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ҷаббор Расулов ва ғайра бо нони гарм ва кулчақандҳо ба таври ройгон таъмин шаванд.
Барои иҷрои амалҳои хайр ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон шаҳрвандон дар сандуқҳои ҳайриявӣ ёрӣ мерасонанд.
 
ТАВАҶҶУҲ БА ҲИЛОЛИ АҲМАР МЕАФЗОЯД
Ҳамкории бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсатҳои тандурустӣ, маориф, ҷавонон ва варзиш, инчунин, дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси созишномаҳои қаблан баимзорасида ба роҳ монда шуда, дар рафти гузарондани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалб намудани аъзо дастгирӣ ёфта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ҷамъият барои тайёр намудани ҳисоботҳои омории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ягон танқисӣ намекашад.
Гарчанде, ки 2 бахш аз уҳдаи иҷрои нақшаи оинномавӣ ва молиявӣ набаромаданд ва нақшаи худро сари вақт таъмин карда натавонистанд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, нақшаи молиявии бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 ба андозаи 273 ҳазору 523 сомонӣ ё худ 94,6 дарсад иҷро гардид. 
Бояд гуфт, ки нигоҳдории бахшҳо ва бинои бахши ҷамъият дар вилояти Суғд аз ҳисоби худтаъминкунӣ ба роҳ монда шудааст. Пардохти музди маоши кормандони бахши вилоятӣ ва хизматҳои коммуналӣ низ аз ҳисоби худи бахш амалӣ мешаванд.
Натиҷаҳои баргузории чорабиниҳо нишон доданд, ки таваҷҷуҳ ба фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби мардум рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Доир ба паҳнкунии иттилоот дар шаҳру навоҳӣ ҳамагӣ 16 573 шаҳрванд фаро гирифта шудаанд.
 
110 ВОХӮРИИ НАТИҶАБАХШ
Дар назди бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд якчанд лоиҳа ё худ барномаҳо, ба монанди “Қонун, арзишҳои башарӣ ва иттилоот”, “Огоҳондани аҳолӣ аз хатари минаҳо”, “Хадамоти ҷустуҷӯ ва барқарорсозии робитаҳои оилавӣ (БРО)”, “Эътино ба ҳолатҳои фавқулода”, “Мусоидат ба Ҳилолҳои Аҳмар дар тадбиқи дарозмуддати ваколати иҷтимоиашон ҳамчун ҷамъиятҳои миллии ёрирасон баҳри мардуми осебпазир дар Осиёи Марказӣ” (лоиҳаи наздисарҳадӣ), “Мустаҳкамкунии иқтидори институтсионалӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон”, “ЮСАИД оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ”, «Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон» (лоиҳаи нав бо маблағгузории САҲА) ва “Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID - 19” дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда амалӣ шуда истодаанд. 
Бештари вақт дар вохӯриҳо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода иштирок намуда, вобаста ба ҳадафу мақсадҳои асосии фаъолият, заминаву имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар барои фаъолияти назарраси ҷамъият ва бахшҳои он дар саросари мамлакат, таърихи пайдоиш ва фаъолияти ҳаракатҳои байналмилаӣ ва дигар самтҳои асосии фаъолият суханронӣ намудаву ба иштирокдорон дигар маълумоти лозима пешниҳод менамояд. 
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи маълумотномаи пешниҳодшуда, аз рӯйи ҳамаи барномаҳое, ки аз тарафи ФБҶСС ва ҲА, КБСС, СС Олмон, ЮСАИД, САҲА дастгирӣ ёфта истодаанд, тибқи нақшаи чорабиниҳо семинар - машваратҳо ва мизи мудаввар ташкил ва доир шуданд.
Тибқи иҷрои барномаҳои зикршуда ва бо мақсади паҳн намудани ғояҳои башарӣ, ҷалби аъзо ва волонтёрон, пешниҳоди маълумот доир ба таърихи пайдоиши ҳаракат, фаъолияти барномаҳои ҶҲАТ, дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”, “Дар бораи истифодабарӣ ва ҳимояи Аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар” дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом, Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Мастчоҳ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, корхонаву идораҳо, муассисаву ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ 110 вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҳамаи вохӯриҳо доир ба таърихи пайдоиши Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва барномаҳои он ба иштирокдорон маълумот пешниҳод намуда, маводи иттилоотӣ тақсим карда шуд.
 
146 БАРОМАД ДАР НУҲ МОҲ
Бо мақсади паҳн намудани иттилоот тавассути телевизион, радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо дар ин давра 146 баромад ташкил шуда, ба аҳолӣ оид ба мақсаду мароми Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва фаъолияти асосии он маълумоти васеъ пешниҳод гашт. Ҳамзамон, ҳар як чорабиниву иқдомҳои амалишуда сари вақт дар шабакаҳои интернетӣ ҷой дода шуданд.
Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ минбаъд низ баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришу дастурҳои котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад ва фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам ҷоннок менамояд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2021    №: 231    Мутолиа карданд: 1104
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед