сиёсат
Ӯ, ВОҚЕАН, НАЗАРКАРДАИ ХУДОСТ
Ҳамаи озмунҳои таъсисдодаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомотҳои вилоятҳову шаҳру ноҳияҳои кишвар омӯзанда буданд ва ҳастанд.
Матлабҳои зиёди таҳқиқиву таҳлилӣ дар бораи қаҳрамонҳои Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар саҳифаҳои ин рӯзномаи бонуфузи миллат ба табъ расиданд. Мутолиаи онҳо на танҳо маълумоти гаронбаҳову ибратомӯзро бароям фароҳам оварданд, балки бештар маълумам намуданд, ки ин миллат аз чи имтиҳонҳои сахту пуртаҳлука гузаштааст. Ин шахсиятҳои таърихӣ барои пойдории миллат, рушди фарҳанги он ва муаррифии дурусташ дар арсаи олам хидматҳои беназирро ба фарҷом расонда будаанд. Дар ин роҳ бо ҷасорати том сина сипар карданд ва нагузоштанд, ки ҳақиқати таърихӣ поймол бишавад. Ман, албатта, дар ин озмунҳо ширкат наварзидам, яъне, матлабе нанавиштам, аммо тавре зикр кардам, ҳар навиштаро бо муҳаббат мехондам. Бояд ин ҳақиқатро бигӯям, ки омода сохтану ба табъ расондани матлаби зиёд дар бораи қаҳрамонҳои Тоҷикистон, шахсиятҳои маъруфу маҳбуби кишвар ҳаргиз осон набуду нест. Ба ин гуна иқдоми мушкилу пурмасъулият на ҳар рӯзнома рӯ меорад ва аз уҳдаи он сарбаландона мебарояд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» ин рисолатро дар сатҳи баланд иҷро кард. Албатта, дар ин кор саҳми ташкилкунандаи он сармуҳаррири «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода зиёд аст. То ба сарварии ӯ чунин озмунҳоро, ки ба боло бурдани ҳисси миллӣ ва ватандӯстӣ мусоидат мекунанд, таъсис намедоданд.
Дар озмуни навбатӣ, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» бахшида шуда буд, зарур шумуридам, ки ширкат биварзам. Аслан, мехостам ба ин васила, муҳаббату шукргузориямро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоям. Фикр мекунам, ки ин вазифаи ҳар як шаҳрванд, хосса нафароне, ки шоҳиди бевоситаи он рӯзгори вазнин – ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ба шумор меравад. Мо сокини пойтахт будем. Даҳшати ин ҷангро дидем ва ҳам беқадрии инсону марги гурӯҳи одамонро. Идора кардани давлату Ҳукумат, хомӯш кардани оташи ҷанг амале буд, ҳатто дур аз тасаввур. Мардум ба қадри сулҳу амният бештар расиданд. Мегуфтанд, ки розием нони хушк бихӯрем ва ё гурусна бошему сулҳу амният барқарор бошад, оромона, бо хотири ҷамъ зиндагӣ бикунем.
Саҳар, ки аз хона мебаромадем, намедонистем, ки боз зинда бармегардем ё не. Дар чунин вазъият кӣ ба мусиқӣ, хосса мусиқии касбӣ, таваҷҷуҳ дошт? Ҳеҷ кас.
Дар ин ҳол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Аз аввалин суханҳояш, иқдомҳояш мардум дарёфтанд, ки дуояшон ба даргоҳи Худованд пазируфта шуд ва сарвари сазовор, дилсӯзу ҷонфидоро барояшон додааст.
Оташи алангагирифтаи ҷангро хомӯш намуд. Гурезаҳоро баргардонд. Сулҳу ваҳдатро барқарору пойдор ва мамлакатро ободу зебо намуд. Ҳолиё аз ин дастовардҳои бузург, ободонӣ, рушди фарҳанги миллӣ на танҳо тоҷикони кишвар, балки хориҷиён низ ифтихор мекунанд. Воқеан, ӯ Қаҳрамони асили Тоҷикистон мебошад. Давлату миллатро аз вартаи ҳалокату нобудӣ раҳонд, мамлакатро бештару беҳтар дар арсаи олам муаррифӣ кард.
Дар он рӯзгор сару садоҳое ҳам баланд мешуданд, ки мавҷудияти мусиқии касбӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ он қадар зарур нест. Аз ин рӯ, бояд аз баҳри он бибароем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати онро бисёр рӯшану возеҳ фаҳмонду барои рушдаш, пешравияш ҳамаи тадбирҳои заруриро андешид. Чандин бор бинои ин театр таъмиру бозсозӣ шуд. Маоши кормандони онро боло бурд. Барои ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар ва таҳсили шаҳрвандонамон дар мамолики пешрафтаи хориҷӣ имкон фароҳам овард. Охири солҳои 90-уми асри гузашта дақиқтараш соли 1997 бо вуҷуди набудани имконоти пулӣ барои иштирок дар Озмуни байналмилалии хорсароён дар шаҳри Анқараи Туркия мусоидат кард. Иштирок дар ин озмун бо ҳайати калони хорсароён маблағи зиёдро талаб дошт. Масъулияти мо дар ин ҳол, яъне пас аз ин гуна ғамхорӣ, бамаротиб афзуд. Саъй кардем, ки ғолиб бошему бо дастовард ба кишвар баргардем. Дар ҳақиқат, дар миёни 39 мамлакати пешрафта дар соҳаи мусиқӣ ғолиб омадан ҳеҷ осон набуд. Моро ин таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат неруву илҳом мебахшид.
Ғолиб омадем. Тааҷҷуб мекарданд, ки ин кишвари ҷангзада ва ҳам ҳанӯз пурра аз ҷанг набаромада чӣ гуна тавонист, ки омодагии хуб бигираду ғолиб биёяд. Дар посухи пурсишҳояшон мегуфтем, ки роҳбари ғамхору тавоно дорем. Чӣ гуна метавон ин некиву дастгириро аз ёд бурд? Не, наметавон...
Ҷамъбасти озмун дар ноҳияи Данғара, дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки ӯ аз маҳбубияти хоси мардум бархӯрдор мебошад. Онҳо заҳматҳо, ҷонфидоиҳои ӯро барои эҳёи миллату давлат, пойдории Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат хуб медонанду қадр мекунанд. Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки ӯ, воқеан, назаркардаи Худост.
Дар охир аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки барои иштирокам дар ҷамъбасти озмун ва дидани ин лаҳзаҳои муҳими таърихӣ имкон фароҳам оварданд, инчунин, навиштаи хоксоронаамро қадрдонӣ карданд, изҳори сипос менамоям.
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи
халқии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи
композиторони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2021 №: 232 Мутолиа карданд: 1092