суханрониҳо
ОЗМУНҲОИ «ҶУМҲУРИЯТ» ОМӮЗАНДААНД
Суханронии Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар маросими ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 17 ноябри соли 2021, ноҳияи Данғара
Ҳозирони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба созмондиҳандагони ин чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» аз номи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоям.
Ҳамзамон, ҳамаи шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу сарбаландӣ таманно карда, ба кишвари азизамон пешрафту ободонӣ орзу менамоям.
Дӯстони азиз!
Аз рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои тақдири минбаъдаи давлати Тоҷикистон эҳсос мешуд.
Аз ҷумла, 17 ноябри соли 1992 дар маҷлиси машваратӣ дар қатори дигар масъалаҳо зарурати имзои санади созиши миллӣ оид ба пурқувват кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъол гардондани кори мақомоти прокуратура ва суд, таъсиси сохтори нави мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, қабули Конститутсияи нав пешниҳод шуданд. Ҳамин ҳадаф ва самти пешрафти қонунии ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои аввали эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пурра эҳсос мегардид. Роҳбарияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳи қонунии бунёди давлати тозабунёдро пеш гирифта, нуфузи қонунро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа эътироф мекард.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан, дар он аст, ки мардуми кишвари ҷангзада дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин абармарди бузург – Сарвари ҳақиқиву дилсӯз, ҷасуру худфидои хешро пайдо кард, ки бо шиори «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ба халқи Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ва сулҳи устувору бебозгашт ато намуд. Сониян, ин Иҷлосияи тақдирсоз роҳи қонунии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро пурра ба миён овард.
Дар Иҷлосия изҳор гардид, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ҳимоят карда шуда, бо роҳи қонунӣ раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва Ҳукумати Тоҷикистон таъсис меёбад. Ҳамчунон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умум, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони хешро аз даст доданд, қабул гардиданд.
Ин аст, ки бо талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат аз соли 1993 то соли 2000 қариб як миллион (950 599) нафар шаҳрвандони кишварамон аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон ва аз дигар вилояту минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойҳои зисти доимиашон баргардонда шуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки асосҳои иҷтимоии давлатдории навини Тоҷикистон аз ин Иҷлосияи тақдирсоз сарчашма гирифта, баъдан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъёр муқаррар гардида, соҳаҳои иҷтимоӣ ба самти афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфтанд.
Чунонки маълум аст, ислоҳотгароӣ дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат яке аз рукнҳои асосиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар даврони Истиқлоли давлатӣ, гузарондани ислоҳоти мунтазам дар тамоми самтҳои фаъолияти давлат ва ҷомеа ба таҳаввул ва дигаргунсозии муҳтаво ва шакли тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, азнавсозӣ ва воридсозии навгониҳо ба ҳаёти ҷомеа нигаронда шуда, аз ҷумла дар соҳаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашр, ба ҳайси яке аз муҳимтарин ниҳодҳои иҷтимоӣ таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омад.
Имрӯз дар мамлакат 376 рӯзнома, аз инҳо 112 давлатӣ ва 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз инҳо 114 давлатӣ ва 131 ғайридавлатӣ, 319 матбаа, аз инҳо 37 давлатӣ, 282 ғайридавлатӣ, 71 нашриёт, аз ин 10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ амал менамоянд, ки аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Бояд хотирнишон сохт, ки воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, мутаносибан 26,8% давлатӣ ва 73,2% ғайридавлатӣ мебошанд. Ин баръало нишон медиҳад, ки дар ин ҷода ҳадафи асосии ҷомеаи дунявию демократии мо, яъне принсипи плюрализм ва ё чандандешӣ, ба пуррагӣ амал менамояд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо соҳаи матбуоти даврӣ, балки телевизион ва радио низ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Таҳлили фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ ва радиои замони истиқлол нишон медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат таъсиси шабакаҳои телевизионии гуногунро ҳадафмандона, ҷиҳати тарғиби соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардум пешбинӣ намудаанд.
Дӯстони арҷманд!
Яке аз муҳимтарин воситаҳои ахбори оммаи мамлакат Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошад, ки на танҳо дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи махсус дорад, балки дар баргузор намудани озмунҳо барои арҷгузорӣ аз қаҳрамонони Тоҷикистон хеле фаъол мебошад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» тайи чанд соли охир як қатор озмунҳоро ба хотири гиромидошти ному хидматҳои мондагори қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар сатҳи баланд баргузор намуд. Аз матолиби дар доираи ин озмунҳо чопшуда хонандагон ба рӯзгору кору қаҳрамонии онҳо дар роҳи давлатсозӣ, пойдории миллату забон ва тамаддуни қадимаи он бештару беҳтар шинос шуданд. Гузашта аз ин, матолиби мазкур ба боло рафтани сатҳи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии аҳли васеи хонандагони рӯзнома таъсири мусбат гузоштанд.
Таъсиси озмуни Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ва нашри матолиби зиёд дар ин мавзуъ бори дигар собит сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти хос дар миёни мардуми кишвар ва берун аз он бархӯрдоранд.
Бояд зикр кард, ки чунин номгузорӣ гардидани озмуни мазкур бесабаб нест, зеро саҳму нақши ин шахсияти бузург дар эҳёи давлатдорӣ ва миллатсозӣ беназир ва бесобиқа мебошад. Хидматҳои мондагору бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси эҳёгару бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ному пайкорашон абадан боқӣ мемонад.
Ба ин хотир, дар навиштаҳое, ки дар доираи ин озмун ба нашр расиданд, муҳаббату самимияти муаллифон ва дигар шаҳрвандони кишвар ва хориҷ аз он бараъло эҳсос мешавад.
Аз навиштаҳои муаллифон ин ҳақиқати мусаллам ошкор мегардад, ки мардум хидматҳои мондагори Сарвари давлатро мешиносанд, медонанд ва ба онҳо бо муҳаббати беандоза арҷ мегузоранд.
Беҳтарин матолиби озмун дар шакли китоби алоҳида нашр шуда, дастраси хонандагон гардидааст. Ман бо китоби тозанашр таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», ки онро рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расондааст, ошно шудам. Дар ҳақиқат, китоби арзанда, муфид ва хонданӣ аст ва барои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда маҳсуб мешавад. Бовар дорам, ки нашри ояндаи он бо теъдоди зиёд сурат мегирад ва дастраси ҳаводорону дӯстдорон мегардад.
Бояд зикр кард, ки озмунҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» омӯзанда буда, бояд дигар нашрияҳо барои боло бурдани сатҳи маърифат ва худшиносии миллии хонандагони хеш аз ин иқдоми наҷиб пайравӣ намоянд.
Дар охир ба муассисони ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ, яъне Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият», изҳори сипос намуда, ҳамаи шумо - ҳозирони гиромиро бори дигар бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2021 №: 232 Мутолиа карданд: 5723