иҷтимоиёт
ШАХСИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҷамъбасти озмуни рӯзномаи дӯстдоштаи мо - «Ҷумҳурият», ки дар қасри фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, аз чанд ҷиҳат хотирмон буд. Масалан, тамоми мақолаҳо фаъолияти пурмаҳсули Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон доданд, ки он инъикоси андешаву ақидаи на танҳо мардуми кишвар, балки тамоми тоҷикони ҷаҳон буд. Тариқи ин мақолаҳо паҳлуҳои гуногуни кору пайкори Пешвои муаззами миллат бозгӯ гардиданд. Аз ҳама иқдоми наҷибе, ки пеш аз оғози ин озмун гирифта шуд, рӯнамоии китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» буд, ки дар он 30 мақолаи пурмуҳтавои иштирокдорони озмун нашр гардида, аз тарафи иштирокдорони чорабинӣ пазироии гарм ёфт. Озмун собит намуд, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шахсияти миллӣ, балки байналмилалӣ аст. Имрӯз тамоми нафароне, ки дар ин озмун заҳмат кашиданд, аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадр гардиданд. Ҳамаи иштирокдорон аз сатҳи хеле баланди баргузории маросими ҷамъбасти озмун ва ҳам қадршиносии шоистаи ғолибон розӣ буданд.
Кароматулло ОЛИМОВ, академики АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2021 №: 232 Мутолиа карданд: 635