иҷтимоиёт
95 МИЛЛИОН ФОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИХОР МЕКУНАНД
Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хуб медонам, ки Пешвои миллати мо дар қалби так-таки тоҷикони Афғонистон ва ҷаҳон султонӣ доранду чатри умеде бар сарашон гардидаанд. Ҷолиб ин ҷост, ҳамон гуфтаҳои бист сол пешро, ки падарам ва мардуми мо мегуфтанд, имрӯз дидам ва шоҳиди он шудам.
Дар сиёсат шахсияти дилсӯз ва шикебост. Ҳатто барои рақибони сиёсияш дар робита ба ному насабаш раҳмону раҳим аст. Дар қалби мардумаш ҷо дорад, ӯро ватандӯст ва садоқатпеша меноманд. Нияташро, ки хайр ва ободонӣ аст, ҳама медонанд ва ба он арзиш қоил ҳастанд. Ҳатто, рақибони сиёсияш ба ӯ байъат доранд ва борҳо ба иродаи Ҷаноби Олӣ қоил шудаанд. Ҳар касе, ки соҳибқаламу боимон аст, медонад, ки Пешвои миллат як шахси ҳалим ва сабур аст.
Оре, ин аст ғуруру шукӯҳи тоҷикон! Бояд 95 миллион тоҷикони ҷаҳон бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунанд.
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ,
намояндаи ҷавонони вилояти Покисои
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2021 №: 232 Мутолиа карданд: 701