иҷтимоиёт
ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” байни кормандон мусобиқот оид ба тенниси рӯйи миз ва шашка доир гардид. Мақсад аз баргузории чорабинии варзишӣ гиромидошти ҷашни ифтихорафзо – Рӯзи Президент ва ҷалби кормандон ба варзиш арзёбӣ гардид.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқот сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода иштирокдоронро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки Рӯзи Президент рамзи садоқат ба Сарвари давлат ва муҳаббат ба Ватанро дар худ таҷассум мекунад ва барои маърифати таърихи давлатдории навин, ватандӯстӣ, ҳувиятсозӣ ва бедории миллӣ аҳамияти фавқулода муҳим дорад.
- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27 ноябри соли 2020 баҳри ҷалби ҷомеа ба варзиш ва солимгардонӣ дар идораи рӯзнома пайваста чорабиниҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ мешаванд, ки бешак, ба тақвияти неруи ҷисмонии кормандон мусоидат менамоянд, - гуфт сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Ҳамин тавр, бозиҳои тенниси рӯйи миз байни мардон давоми як ҳафта идома ёфта, дар рафти қувваозмоиҳо Сайфулло Ашуров бар ҳарифонаш пирӯз омада, ғолиби мусобиқа шуд. Мақомҳои дуюму сеюмро мутаносибан Қурбоналӣ Раҳмонзода ва Бузургмеҳр Салимов гирифтанд.
Дар рафти нерусанҷиҳо оид ба тенниси рӯйи миз миёни бонувон бошад, Нигина Раҳмонова ҷойи аввалро касб намуд. Зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан Меҳрона Зувайдова ва Меҳрангез Қодирова ба даст оварданд.
Ҳамчунин, Зебо Назарова, Фарзона Файзалиева, Лола Ризоева, Фирӯз Ҷумъазода, Маҳмуд Мирзоён ва Шариф Раҷабов дар мусобиқа ширкати фаъолона доштанд.
Дар бозии зеҳнӣ – шашка, ки бори дуюм миёни бонувони идора баргузор шуд, ғолибият насиби Барноз Раҳмоншоева гашт. Ду зинаи ифтихории дигарро Мафтуна Бахтибекова ва Матлуба Шарифова гирифтанд.
Ба ғолибони мусобиқот аз ҷониби роҳбарияти идораи рӯзнома туҳфаҳо тақдим гардиданд.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.11.2021 №: 232 Мутолиа карданд: 667