сиёсат
ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ МУҲИМ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Он чорошёна буда, барои 2 ҳазору 200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Дар мактаби нав 80 нафар бо кор таъмин гардид, ки 54 нафараш омӯзгорони соҳибтахассус мебошанд.
Раванди таълим дар муассиса ба забони русӣ ба роҳ монда шуда, дорои 48 синфхонаи замонавист.
Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ, маҷлисгоҳ бо 460 ҷойи нишаст ва ошхона барои 280 нафар иборат аст.
Барои омӯзиши фанҳои дақиқ дар таълимгоҳ озмоишгоҳҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои химия, биология, физика, технологияи иттилоотии муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронӣ сохта шуда, барои гузарондани таҷрибаҳо аёниятҳои зарурӣ муҳайёанд.
Омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил дар ин муассиса бо тариқи озмун қабул мешаванд.
Дар мактаб омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо лингафон сурат гирифта, синфхонаҳое, ки барои таълим пешбинӣ шудаанд, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъминанд.
Маҷлисгоҳи кушоду барҳавои ин боргоҳи маърифат барои баргузории дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва илмию назариявӣ мувофиқ аст.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, толори калони варзиш, ки масоҳаташ 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад, бунёд ёфт. Он барои дар ҳамаи фасли сол ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол машғул гардидан, мусоид мебошад. Ҳамзамон, толори бозии тенниси рӯйи миз баҳри тарғиби ин навъи варзиш дар миёни ҷавонон сохта шудааст.
Китобхонаи замонавии муассиса дорои беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти дарсӣ ва бадеӣ буда, барои хонандагон, ҳамчунин, китобхонаи электронӣ ташкил гардид. Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, имкониятҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст.
Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар, таълимгоҳ дорои синфхонаҳои таълими меҳнат буда, ҳамчунин, духтарон дар синфхонаҳои алоҳида нозукиҳои касби дӯзандагӣ ва тарзи омода намудани таомҳоро аз худ мекунанд.
Дар доираи эълон шудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020 – 2040) дар муассиса маҳфилҳои математика, физика, биология ва бозии шоҳмот ташкил шудаанд, ки дар рушди зеҳнии наврасон мусоидат менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои таълимии муассиса ба омӯзгорон дастур доданд, ки бо истифода аз чунин шароити фароҳамгардида дар тарбияи насли ояндасози миллат тамоми қувваю малакаи касбии худро ба харҷ диҳанд ва аз ҳарвақта дида бештар талош намоянд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ва мутахассисони баландихтисоси тоҷик дар заминаи собиқ бинои мактаби рақами 14, ки бо мурури замон корношоям ва таъмирталаб гардида буд бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфт.
Масоҳати замини иншоот 90 садяк ва майдони зери сохтмон 3 ҳазору 186 метри мураббаъро ташкил медиҳанд. Мактаб дорои маркази махсуси гармидиҳист.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои омӯзгорону толибилмони ин даргоҳи илму маърифат мебошад.
Иншоот ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баҳри боз ҳам муосиру замонавӣ намудани имкониятҳои таълим бунёд гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки 9 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосири пойтахт шинос шуда, ба сохтмони ҳафт мактаби нав бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст оғоз бахшиданд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълиму тарбия, дар шаҳри Душанбе соли 2021-ум нуҳ иншооти соҳаи маориф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, соли 2022-юм боз 22 мактаб бо 2 ҳазору 135 ҷойи нишаст сохта мешавад.
БИНОИ МАЪМУРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СИНО БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ифтитоҳ карданд.
Бинои хуштарҳу муосир аз нуҳ ошёна ва таҳхона иборат буда, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир бунёд шуд. Иншоот дорои 61 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва ҷевонҳои замонавӣ, таъмин гашта, бо интернети баландсуръат пайвастанд.
Дар бинои нав барои 500 нафар имкони хуби кору фаъолият муҳайё гардидааст.
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тибқи дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз”» таҳия гардида, сохтмони он моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида буд ва дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба сомон расид.
Корҳои паймонкорию сохтмониро мутахассисони ҶДММ “Самар СН” анҷом дода, зимни он 140 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд.
Бинои маъмурӣ дар майдони 1817,5 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи он ошхона, анбор ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷой гирифтаанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави маъмурӣ барои кормандони як қатор зерсохторҳои вазорату идораҳои дар ноҳияи Сино фаъолияткунанда, аз ҷумла раёсати молия, шуъбаи маориф, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Муассисаи давлатии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил”, шуъбаи хизматрасонӣ-иҷтимоӣ дар хона ва Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона”, ки дар биноҳои иҷора ва солҳои пеш сохташуда фаъолият мекарданд, беҳтарин шароити корӣ муҳайё гардид.
Ёдовар мешавем, ки бинои қаблии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҳанӯз соли 1958 сохта шуда, аз ду ошёна ва 37 ҳуҷраи корӣ иборат буд, ки бо гузашти замон зарурати мутобиқ намудани кору фаъолияти кормандон ба талаботи замон ба вуҷуд омад.
Ҳамин тавр, бо тадбирҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ бунёди бинои нави муҳташами маъмурӣ амалӣ гардид.
Бино бо шабакаи гармидиҳӣ, низоми махсуси ҳавокашӣ, ҳавотозакунӣ, ҳавохунуккунӣ ва радиошунавоӣ пайваст буда, фаъолияти муназзаму самарабахши кормандонро дар тамоми фаслҳои сол таъмин мекунад.
Бо мақсади тамъини бехтарӣ, дар бино камераҳои назоратӣ насб шуда, ҳамзамон, бо системаи огоҳкунандаи сӯхтор низ таъмин мебошад ва дорои лифтҳои замонавист.
Саҳни бино дар доираи иқдомҳои созанда дар масоҳати 5360 метри мураббаъ сабзазор гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз парвариш мешаванд.
Роҳравҳои атрофи иншоот бо тахтасангҳои бетонӣ оро ёфта, масоҳати 2350 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 5720 метри мураббаъ асфалтпӯш гардиданд.
Бо мақсади таъмини истироҳату фароғати босамари кормандону муроҷиаткунандагон, дар назди иншоот 20 курсии замонавӣ гузошта шуда, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт бунёд гашт.
Рӯшноии атрофи биноро шабона чароғҳои гуногун ба таври муосир таъмин мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити муосири муҳайёгардида барои хизматчиёни давлатӣ ва дигар зерсохторҳои вазорату идораҳо дар бинои нави маъмурӣ баҳои баланд дода, масъулону кормандонро ҷиҳати фаъолияти пурсамару назаррас ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат ҳидоят намуданд.
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ХУСУСИИ “ҲОРИЗОН”
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино Муассисаи таълимии хусусии “Ҳоризон”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи замонавӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Зоир Боқиев ва Наврӯз Юнусов дар пайравӣ аз сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат бунёд ёфт.
Корҳои сохтмонӣ дар ду марҳила сурат мегирад ва навбати аввали он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурдааст ва барои зинаи “Ахтарон”, яъне таҳсили 384 хонандаи синфҳои 1 – 4, пешбинӣ шудааст.
Таълимгоҳ аз синфхонаҳои фаннӣ, толори варзиш, китобхона, ошхона барои 240 нафар, толори фарҳангӣ бо 110 ҷойи нишаст, маҳфилҳои рақс, шоҳмот, расмкашӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва маҳорати актёрӣ иборат буда, бо тамоми аёниятҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Баъди бунёди муассисаи таълимии хусусӣ дар ин ҷо 80 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки раванди таълим дар муассиса пурра ба забони англисӣ ба роҳ монда шуда, таълим бо системаи “Стим эдукейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми таълим дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ мешавад. Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкоронро ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф ва ободонии диёр намунаи ибрат хонданд.
Дар назди мактаб, ҳамчунин, майдончаи варзиши болопӯшида бо 150 ҷойи нишаст бунёд ёфт, ки барои гузарондани мусобиқаҳои футбол ва волейбол мувофиқ аст.
Саҳни муассиса дар масоҳати 2300 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, онро панҷараҳои мунаққаш иҳота менамоянд.
Ҳамчунин, ҳудуди муассиса дар масоҳати 2500 метри мураббаъ майсазор шуда, бо гулу дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст.
Муассисаи таълимии хусусии “Ҳоризон” бо хатти алоҳидаи барқ ва системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Паймонкор ҶДММ “Дақиқ” буда, тамоми маҳсулоти сохтмонии истифодашуда истеҳсоли корхонаҳои ватаниянд.
Соҳибкорон уҳдадор шуданд, ки давоми ду соли оянда дар доираи мукаммал кардани низоми таълим, дар марҳилаи дуюм бо сохтмони бинои асосии таълимгоҳ шумораи хонандагонро ба 1280 нафар расонанд. Ҳамин тавр, баъди татбиқи сохтмони ду марҳила имкон аст, дар муассисаи таълимӣ хонандагон аз синфи 1 то 11 ба таълим фаро гирифта шаванд.
Мувофиқи иттилои масъулин, бино аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Дар маҷмуъ, қитъаи ҷудогардида барои сохтмони ҳар ду бино 2,5 гектарро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур доданд, ки бинои таълимгоҳро бо тарҳ ва сифати баланди меъморӣ бунёд намуда, синфхонаҳоро мувофиқ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳони муосир муҷаҳҳаз созанд ва омӯзгоронеро ба кор ҷалб намоянд, ки дорои сатҳи баланди касбӣ бошанд.
Муассисони мактаби таълимии хусусӣ ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, минбаъд низ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро мегузоранд.
БИНОИ НАВИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ карданд.
Он аз шаш ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Сохтмони иншооти нав соли 2020 оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта шуд.
Бино аз 71 ҳуҷраи корӣ, се маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Барои фаъолияти пурсамари кормандон ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта, аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъминанд. Дар таҳхонаи бинои асосӣ ҳуҷраҳои техникӣ ва хизматрасонӣ ҷойгиранд. Шумораи умумии кормандони Агентӣ бо ҳайати хизматрасонӣ 775 нафарро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маркази обуҳавошиносӣ, ҳуҷраҳои корӣ, маркази омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва дигар имкониятҳои фароҳамгардида дидан намуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бинои озмоишгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ дуошёна буда, 20 утоқи корӣ дорад. Дар озмоишгоҳ таҷҳизоти замонавӣ барои гузарондани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбобҳои обуҳавосанҷӣ васл шудаанд.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дорои се шуъба, панҷ раёсат ва панҷ маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обуҳавосанҷӣ мебошад.
То ин вақт кормандони Агентӣ дар бинои куҳнаву валангор, ки шароиташ ба талаботи замони имрӯз ҷавобгӯ набуд, фаъолият доштанд.
Дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли далатӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии обуҳавошиносӣ ба маркази бузурги иттилоотӣ ва дорои инфрасохтори замонавӣ табдил ёфт ва бо дастгоҳҳои соҳавии навтарин таъмин гардид.
Маркази обуҳавошиносӣ яке аз сохторҳои муҳими Агентӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он, асосан, ба омӯзиш ва пешгӯии равандҳои обу ҳаво марбут мебошад. Пешгуйӣ, асосан, ба таври машваратӣ сурат гирифта, дурустии онҳо то 90 фоизро дар бар мегирад. Маркази мазкур бо таҷҳизоту барномаҳои муосири компютерӣ, алоқаи моҳворагӣ ва моделҳои пешгӯии вазъи обу ҳаво таҷҳизонда шудааст. Айни замон ҷиҳати пешгӯии обу ҳаво маълумоти шабакаҳои автоматикӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ васл шудаанд ва шумораи онҳо 70-тост, истифода мешавад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатӣ фаъолият мекунанд.
Марказҳои обуҳавосанҷии минтақавии Агентӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгиранд.
Дар шуъбаи пешгӯии обу ҳаво 56 нуқтаи обуҳавосанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуданд, ки маълумоти ҳаррӯзаи вазъи обу ҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ, туман ва ғайраро коркард менамоянд.
Инчунин, барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи “METEOSAT – 8”-и Маркази моҳворагии аврупоӣ истифода бурда мешавад. Айни ҳол мутахассисони шуъба дар ҳамкорӣ бо дигар кормандон маълумоти фавриро мавриди омӯзиш қарор дода, коркард карда, огоҳиҳоро дар самти сар задани хатари ҳодисаҳои табиӣ пешниҳод менамоянд.
Дар Агентии обуҳавошиносӣ маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ фаъолият дорад. Дар он дастгоҳи муосири истеҳсоли давлатҳои Швейтсария, Финляндия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Олмон барои ташхису танзимкунии дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ насб шудаанд, ки дар Осёи Марказӣ яке аз марказҳои танзими пешқадам эътироф гардидааст.
Як бахши муҳими Агентии обуҳавошиносӣ омӯзиш ва ошкор кардани табиати пиряхҳо мебошад. Маркази мазкур дар ҷумҳурӣ аввалин сохторе маҳсуб меёбад, ки бевосита омӯзиш, мониторинг ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатиро дар соҳаи омӯзиши барф ва ях ҳамоҳанг менамояд. Мутахассисони Маркази яхшиносӣ ҳамасола ҷиҳати омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо корҳои экспедитсионию хатсайрӣ, барфченкунӣ ва ҳаракати пиряхҳоро анҷом медиҳанд.
Аз тарафи мутахассисони марказ дар 30 пирях корҳои омӯзишии физикӣ-ҷуғрофӣ гузаронда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим бо фароҳам гардидани шароити муосир, муҷаҳҳаз гардондани бинои нав бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳонӣ бояд кормандон фаъолияти пурсамар дошта бошанд. Ҳамзамон, омӯзиши ҳолати пиряхҳоро дар сатҳи лозима ба роҳ монда, оид ба вазъи обу ҳавои кишвар ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти дақиқу саривақтӣ пешниҳод намоянд.
Бунёд ва муҷаҳҳаз гардондани бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ дар оянда ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тадқиқотӣ дар самти омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон, татбиқ намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, пешгӯйӣ, огоҳӣ оид ба вазъи обу ҳаво дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Акнун, бо итминон метавон гуфт, ки кормандон дар шароити муосири аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардида, бо истифода аз таҷҳизоти нави пешгӯйикунандаи дақиқи вазъи обу ҳавои кишвар, ба аҳолӣ маълумоти саҳеҳ манзур менамоянд.
БУНЁДИ МАРКАЗИ САВДОВУ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ФАРОҒАТИИ “СИЁМА МОЛЛ” ВА КОХИ ПАРФЕНОН
19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти маркази муҳташами савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ, ки дар ҷумҳурӣ калонтарин ба ҳисоб меравад, оғоз бахшиданд.
Марказ дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” бо санъати баланди меъмории миллӣ ва аврупоӣ бунёд гардид.
Маркази бошукӯҳ сеошёна буда, майдони он зиёда аз 3,5 гектарро дар бар мегирад ва бинои иншоот дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ бунёд ёфт.
Дар бинои “Сиёма молл” 86 нуқтаи савдою тиҷорат, хизматрасонӣ, толору мағоза ва марказҳои дилхушию фароғатӣ мавҷуд буда, кор дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳадаф аз бунёди Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл”, пеш аз ҳама, пешниҳоди хизматрасонии муосир дар самти таъмин ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ватанию хориҷӣ, сарулибоси шинаму зебо барои кӯдакону наврасон, ҷавонон, мардону занон ва калонсолон, дилхушии кӯдакон, истифодаи босамари вақт ва, дар маҷмуъ, мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба талаботи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо бунёди Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” 700 ҷойи кор таъсис ёфта, барои кормандон шароити арзандаи фаъолият фароҳам мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси маркази муҳташаму замонавии савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ дар пойтахт ва фароҳам овардани имконияти васеи интихобу харидории молу маҳсулоти гуногун, ки истеҳсоли худӣ ва воридотӣ мебошанд ва барои қонеъ кардани талаботи аҳолӣ пешниҳод гардидаанд, ба муассисон изҳори сипос намуда, ҷиҳати истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар Марказ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ, асосан, дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино ҷойгиранд. Мавриди зикр аст, ки бештари ширкату мағозаҳо, ки дар ин марказ фаъолият мекунанд, бо маҳсулоти дорои сифати баланд дар кишварҳои гуногуни олам машҳур буда, нуфузи баланд доранд. Махсусан, ширкату мағозаҳои маъруфи хориҷӣ молу маҳсулоти брендӣ, аз ҷумла либосҳои мавсимии мардонаву занона ва кӯдаконаро бо интихоби васеъ ба фурӯш гузоштаанд. Илова бар ин, дар Марказ фурӯши маҳсулоти аълосифати хӯрокворӣ ва лавозимоти рӯзгор низ ба роҳ монда шуда, мизоҷон аз хизматрасониҳои муосири бонкӣ, мобилӣ, дорухонаҳои замонавӣ, толорҳои барҳавои мебел, техникаи маишӣ, таҷҳизоти барқӣ, нуқтаҳои фурӯши атриёт ва маводи ороишӣ бархӯрдор мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои фароҳамгардида дар чанд нуқтаи савдо ва хизматрасонии Марказ дидан карда, бо соҳибкорону фурӯшандагон суҳбати самимӣ оростанд.
Даромадгоҳи асосии бино бо атриуми болокушода ва қандилҳои замонавӣ оро ёфтааст. Роҳравҳо, нуқтаҳои фурӯш ва толору мағозаҳои Марказ васеъ ва барҳаво буда, ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон дар дохили бино 6 эскалатор ва 4 лифти замонавӣ мавҷуданд.
Дар ошёнаи дуюми бино маркази дилхушии кӯдакона, нуқтаҳои ҳозиразамони хӯрокҳои зудомодашаванда ва толори муосири синамо ҷойгиранд. Дар маркази дилхушии кӯдакону наврасон таҷҳизоти гуногун барои бозӣ ва фароғати насли оянда гузошта шудаанд.
Дар қисматҳои виртуалӣ кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногуни шавқовар машғул мешаванд. Тамоми таҷҳизоти дилхушӣ аз кишварҳои пешрафтаи дунё дастрас ва васлу насб гардиданд, ки бо истифодаи онҳо кӯдакону наврасон дунёи худро рангин месозанд. Маркази фароғатӣ бо завқу салиқаи баланд, бо дарназардошти дунёи зебою афсонавии кӯдакону наврасон ороиш ёфтааст.
Дар нуқтаҳои алоҳидаи Марказ барои мизоҷон хӯрокҳои серғизою болаззат ва таомҳои милливу аврупоӣ омода ва пешниҳод мегарданд. Мизоҷон имкон доранд, бо истифода аз 400 ҷойи нишаст озодона ғизои дилписандро фармоиш дода, истеъмол намоянд.
Бояд гуфт, ки барои тамошои филмҳои тозаэҷоди олами синамо кинотеатри барҳавои замонавӣ бо як толори бароҳат ва се толори стандарти байналмилалӣ мавҷуд аст. Дар он филмҳои гуногунжанр бо истифода аз техникаю таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа бо сифати баланд манзури тамошобинон мегарданд. Дар маҷмуъ, кинотеатр дорои 290 ҷойи нишаст буда, барои дӯстдорону алоқамандони санъати синамо шароити баланди хизматрасонӣ фароҳам мебошад.
Дар ошёнаи сеюми бино дафтари маъмурияти Марказ, толори вохӯрӣ ва ҳуҷраҳои муосири кории ширкатҳои ватанию хориҷие, ки дар ин ҷо фаъолияти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ доранд, ҷойгиранд. Тамоми ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурии корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти босамари кормандон шароити арзанда муҳайё шудааст. Ҳамчунин, дар ҳар ошёнаи Марказ нуқтаҳои дастшӯӣ мавҷуданд.
Дохил ва беруни Марказ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ таҳти назорати доимии масъулони хадамоти бехатарӣ ва муҳофизон қарор доранд. Бо мақсади сарфаи неруи барқ, дар Марказ аз таҷҳизоти каммасрафи замонавӣ истифода мегардад.
Қобили зикр аст, ки Марказ дорои шабакаи муосири таъминоти қувваи барқ, обрасонӣ, тозакунии ҳаво, таъмини гармию сардӣ, огоҳӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ мебошад.
Дар ин ҷо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон маркази забономӯзӣ таъсис ёфт, ки бо ҷалби мутахассисони касбӣ барномаҳои таълимӣ гузаронда мешаванд. Инчунин, дар марказ курсҳои махсуси омода кардани хӯришҳои гуногун ва кулчақанду шириниҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои нигаҳдори молу маҳсулот иншооти ёрирасон, ба монанди анборҳои барҳово, сохта шуданд, ки молу маҳсулоти зарурӣ дар онҳо захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.
Ҷиҳати вуруди бемамонияти сокинон ва меҳмонон ба бинои марказ чор даромадгоҳ, аз ҷумла даромадгоҳи асосӣ, вуруд аз таваққуфгоҳ ва даромад аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил гардида, дастрасии мардум ба воридшавӣ хеле осон мебошад. Барои шахсони дорои ниёзҳои махсус низ шароити зарурӣ ҷиҳати воридшавӣ ва истифода аз тамоми хизматрасониҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар шафати Марказ таваққуфгоҳ барои зиёда аз 350 мошин мавҷуд буда, нуқтаи муосири шустушӯи нақлиёт низ ташкил гардид.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони Марказ ибтидои соли 2019 оғоз ёфта, наздики 400 бинокорони маҳаллӣ ба кор ҷалб гашт. Дар рафти бунёд, асосан, масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ истифода шуда, мутахассисони касбӣ онро аз рӯйи талаботи байналмилалӣ ба анҷом расонданд.
Акнун, дар Марказ тамоми номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, сарулибоси мардонаву занона ва кӯдакона, пойафзоли босифат, атриёт, телефонҳои мобилӣ, доруворӣ, ҷиҳози зарурии рӯзгор, мебелу техникаи маишӣ, армуғонҳо ва, дар маҷмуъ, хизматрасониҳои гуногун бо нархҳои дастрас ба сокинони ҷумҳурӣ ва меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ пешниҳод мегардад.
Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” зебою диққатҷалбкунанда аст. Барои ободу зебо гардидани ҳудуди марказ дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонда шудаанд. Фаввораҳои зебову назаррабо ба ҳусни он зебоии дигар зам мекунанд.
Роҳравҳои гирду атрофи марказ бо сангҳои хоро ва сафолаку канорасангҳо рӯйпӯш гардида, барои гаштугузори сокинон ва меҳмонон макони дилписанд аст. Шабона низ равшаннамоии марказ ба ин гӯшаи шаҳри Душанбе зебоии хосса мебахшад.
Паз аз ифтитоҳ ва шиносоӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маҷмааи хизматрасонии «Кохи Парфенон» дидан карданд.
Кохи Парфенон барои баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногун бо тарҳи зебо ва санъати баланди меъмории юнонӣ сохта шудааст. Иншооти мазкур бо мақсади гузарондани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои хурсандӣ бунёд гардида, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ дар он хизмат расонда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки тарҳи бинои Кохи Парфенон аз иншооти қадимаи юнонӣ гирифта шуда, нишонаи возеҳи арҷгузории миллати тамаддунофари тоҷик ба таъриху куҳани кишварҳои қадимаи дунё мебошад. Бо мақсади муаррифии таърихи қадима, дар пештоқи бино ва дар дохили толор муҷассамаҳои қаҳрамонони Юнони Қадим гузошта шудаанд.
Барои мувофиқ намудани толори баргузории маросимҳо маҳсулоти баландсифати сохтмонӣ бо тарзи рӯйпушкунии махсуси деворҳо истифода гардида, бо дарназардошти тақсими баробари овоз ва равшаннамоӣ вобаста ба маросими баргузоршаванда, таъмин карда мешавад. Ҳайати коргарони Кохи Парфенон бо сарулибоси махсус ва бо сатҳи баланд ба меҳмонон хизмат хоҳанд расонд.
Бо бунёди Кохи Парфенон 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд. Дар даромадгоҳи он долони барҳаво бо минтақаи истироҳатӣ ва нуқтаи нигаҳдории сарулибос мавҷуданд.
Толори асосии бесутуни Кохи Парфенон барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, боҳашамату зебост. Ҳамчунин, дар кохи мазкур толори хурд, ҳуҷраҳо барои модару кӯдак ва даромаду баромади алоҳидаи ҳайати хизматрасон ҷойгиранд.
Дар баробари толори асосӣ, барои қабули меҳмонон толори хурд низ ташкил ёфта, бо тарҳи зебову замонавӣ оро дода шудааст. Барои омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ дар кохи мазкур ҳамаи шароитҳо фароҳам мебошанд. Дар саҳни бино фаввораи замонавӣ буда, ниҳоли дарахти зайтун парвариш мешавад.
Кохи Парфенон дар масоҳати 1400 метри мураббаъ доман густурда, иншооти ёрирасони он 200 метри мураббаъро дар бар мегирад. Инчунин, бо мақсади баргузории чорабиниҳои гуногун, дар ҳавлии байни Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ва Кохи Парфенон бо нақшу нигори меъмории миллӣ ва фаввораи дилрабо саҳнаи кушод бунёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди чунин маркази муосири савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ, ки дар онҳо беш аз 600 ҷойи нави кор барои сокинон таъсис ёфт, изҳори сипос карда, иқдоми шоистаи онҳоро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Ҳамин тавр, бо қомат афрохтани Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ва Кохи Парфенон дар ноҳияи Фирдавсӣ ба симои шаҳри Душанбе боз ҳам зебоии хосса зам гардида, барои дастрасии сокинону меҳмонон ба хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи завқи баланд ва васеъ кардани ҷаҳонбинии шаҳрвандон шароити арзанда фароҳам омад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.11.2021 №: 233 Мутолиа карданд: 1060