logo

сиёсат

16 НОЯБР. АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ ТАЪРИХИИ ПРЕЗИДЕНТ

Гарчанде ёдовар шудан аз сарнавишти давлатдории навини халқи тоҷик талху сангин бошад ҳам, бамаврид аст хотирнишон созем, ки дар айёми соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманону хоинони давлат ва миллати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ бо истифода аз усулҳои иғвоангез тавонистанд мардуми моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва, бадтар аз ҳама, ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ворид созанд.
Дар он айёми вазнину мудҳиши рӯз ба рӯз мураккаб гардидани вазъи сиёсии кишвар, авҷ гирифтани оташи ҷанг, аз фаъолият бозмондани корхонаҳо, таҳдиди хатари гуруснагӣ ва, умуман, арзи ҳастӣ надоштани қадру қимат, номус ва зинда мондани инсон ба воқеияти талх табдил ёфта буд, ҳаргиз аз хотираи мардум ва саҳфаи таърихи навини давлатамон фаромӯш намешаванд.
Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ яке аз аввалин орзуву ормони халқ дар он рӯзҳо гардида буд, ки бо файзи хирад ва талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзи саодатбахш расида, ба татбиқи ормонҳои миллиамон даст ёфтем.
Ду сол пас аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат пеш омад, ки давлати навини тоҷикон Президенти худро дошта бошад ва дар ин раванд 6 ноябри соли 1994 мардуми соҳибмаърифат ва тамаддунофари тоҷик  аввалин  маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ роҳнамои ояндасоз – Президенти маҳбуби худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахтномаи миллат – Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро интихоб ва қабул намуданд.
Президенти тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳадафҳои дарпешгузоштаашон худ чунин иброз намуданд: «То он даме ки ҳастам, барои миллатам, барои халқам ва барои давлатам хизмат мекунам, то он даме, ки охирин гурезаи тоҷик баргардонида нашавад, ман вазифаҳои фарзандии худро дар назди Ватанам иҷрошуда намеҳисобам».
16 ноябри соли 1994 савгандёдкунии нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ин санаи тақдирсоз оғози раванди ободонии кишвар маҳсуб ёфта, дар таърихи беш аз ҳазорсолаи худ нақши бобарори худро сабт намуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми фаъолияти кориашон бо роҳбарони сохторҳои низомӣ вохӯрда, чун Пешвои сулҳофар амал карданд ва бо далериву мардонагӣ ҷони худро дар хатар гузошта, барои ба созиш расидани тарафҳои даргир ба кишварҳои минтақа сафарҳои корӣ анҷом доданд.
Дар натиҷаи талошҳои пайваста ва азму иродаи қавии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ  дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи нақшаҳои созандаву ояндабинона барои Ватану миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шуда, унвони Пешвои миллати тоҷиконро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён низ эътироф намудаанд.
Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихӣ ва барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва дурнамои роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву нуфузи давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Ба чунин шахсиятҳои барҷаста, Президенти ИМА Ҷорҷ Вашингтон, ки то имрӯз мардуми ИМА барои эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегиранд ё худ сарварони Хитой – Мао Сзе Дун, Туркия – Мустафо Камол аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманди таърихӣ гузоштаанд.
Таъини Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Қазоқистон тули даҳ сол боз Рӯзи Президенти нахустинро таҷлил мекунад. Ин рӯз дар соли 2011 ба ифтихори Нурсултон Назарбоев ва пирӯзии ӯ дар интихоботи 1 декабри соли 1991 ҳамчун рӯзи ҷашн эълон гардидааст.
Яъне, шахсиятҳо аслан таърихи халқҳо ва миллатҳоро месозанд, онро дигаргун мекунанд ва аз худ корнамоиҳои беназир боқӣ мегузоранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои тоҷикони ҷаҳон дониста шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун Пешвои ҳақиқии халқ бо ниятҳои неку созанда, мақсадҳои наҷиби бунёдкорона кишвари моро ба шоҳроҳи тараққиёт ворид карданд. Ин буд, ки халқ эътимоди худро ба Роҳбари ягона ва арзандаи интихобнамудаи худ эҳсос намуда, ҳамеша ҷонибдории хешро аз сиёсти ин абармарди таърих иброз медорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои давлатӣ боз як рӯзест барои муттаҳиду сарҷамъ гардидан дар атрофи Пешвои муаззами миллати худ маҳсуб шуда, санаи таконбахш ба хотири боз ҳам ободу зебо, пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлату миллати худ мебошад.
Боиси фараҳмандӣ, сарбаландӣ, ва ифтихору номуси ҳар як фарди миллат аст, ки тоҷикон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягона ва дурустро интихоб намуданд, ки таърих дурустии ин роҳи интихобнамудаамонро дар эҳёи давлатдории навин ва таъмини заминаҳои рушду шукуфоии ҳаёти осоиштаи ҷомеа собит сохт.
 
Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
унвонҷӯйи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, 
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2021    №: 233    Мутолиа карданд: 1025
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед