logo

иҷтимоиёт

ДАСТРАСӢ БА ҒИЗО МУШКИЛ МЕГАРДАД. НАЗАРЕ БА АВЗОИ ҶАҲОН

Бино бар иттилои Созмони Милали Муттаҳид, айни замон беш аз 41 миллион сокини 43 мамлакат аз камбуди ғизо бо марг даст ба гиребонанд. Тибқи арзёбии мутахассисон, то охири соли ҷорӣ беш аз 270 миллион нафар ба норасоии хӯрокворӣ  рӯ ба рӯ хоҳад гашт, ки ин шумора то хуруҷи пандемия 150 миллионро ташкил медод. Ин арқом далели онанд, ки  авзои иқтисодиву иҷтимоии олам, воқеан, боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.  

ҶАҲОНРО ГУРУСНАГӢ  ТАҲДИД МЕКУНАД
Масъалаи норасоии ғизо тайи даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки пандемияи коронавирус ин равандро тезонд. Соли гузашта 811 миллион нафар гуруснагиро аз сар гузаронд, ки дар муқоиса ба соли 2019-ум 161 миллион нафар зиёд мебошад.  
 -Теъдоди нафароне, ки метавонанд аз гуруснагӣ ба марг рӯ ба рӯ шаванд, аз 135 миллион ба 270 миллион хоҳад расид. Вазъ хеле мураккаб асту проблемаҳои зиёдро ба вуҷуд меорад, - мегӯяд роҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ Дэвид Бизли. 
Ҳоло 584 ҳазор нафар дар Эфиопия, Мадагаскар, Судони Ҷанубӣ, Яман гуруснагиро аз сар мегузаронад. Бештари онҳо занҳо ва кӯдаконанд. Ҳолати фоҷиабор дар Афғонистон, Венесуэла, Ҳаити, Ҳондурас, Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Зимбабве, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Сурия, Судон ва Уганда ба вуҷуд омадааст. 
- Имрӯз ҷаҳон ба буҳрони бесобиқаи ғизо гирифтор шудааст. Фавти одамон аз гуруснагӣ ба ҳақикат табдил меёбад,- изҳори нигаронӣ мекунад директори генералии Созмони кишоварзӣ ва озуқавории Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй. 
Мутахассисон ҳолати мавҷударо дар чанд даҳсолаи охир мушкилтарин арзёбӣ карданд. Ҳадс мезананд, ки пандемияи коронавирус, муноқишаҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, тағйирёбии иқлим ва болоравии нархи маҳсулот аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳолатанд. 

ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД 
Чанде қабл Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи ногувори Афғонистон вобаста ба норасоии маводи ғизоӣ хабар дод. Тибқи таҳлили Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ, агар чунин ҳол идома ёбад, дар мавсими зимистон миллионҳо афғонро хатари марг таҳдид мекунад. Аз рӯи маълумотҳо, айни замон нисфи аҳолии кишвар (қариб 22,8 миллион нафар) бо норасоии шадиди ғизо рӯ ба рӯст. Аз ин теъдод 3,2 миллионаш кӯдакони то панҷсолаанд. 
- Афғонистон гирифтори буҳрони шадиди гуманитарист ва ба он фалокат таҳдид мекунад, - изҳори ташвиш кард Дэвид Бизли, роҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ.
Дар шарҳи воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки вазъи ин кишвар баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати радикалии «Толибон» якбора бад шуд. Иқтисодиёти он, ки пештар низ дастнигари кишварҳои мутараққӣ буд, заифтар мегардад. Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор муваққатан маблағгузориро ба Афғонистон қатъ карданд. 
- Бори охир панҷ моҳ пеш маош гирифта будам, - гуфтааст як омӯзгори шаҳри Ҳирот ба оҷонсии Би-Би-Си. – Зиндагӣ вазнин аст. Баҳри хариди ғизо ҳамаи ашёи хонаамро фурӯхтам, аммо ин ҳам нокифоя аст. 
Тибқи таҳлили Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, моҳи сентябр ҳамагӣ 5 дарсади мардуми афғон ба хӯроки ҳамарӯза датрасӣ дошт. Нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ба монанди равғани рустанӣ ва орд, якбора боло рафт. 
 
АЗ ДАҲ ЯК ҲИССАИ АҲОЛӢ АЗ ГУРУСНАГӢ РАНҶ МЕКАШАД 
Тавре бармеояд, дастрасӣ ба маводи хӯрокворӣ дар ҷаҳон беш аз пеш печидатар мегардад. СММ моҳи июл иттилоъ дода буд, ки аз даҳ як ҳиссаи аҳолии рӯи Замин гирифтори гуруснагианд. Қисми зиёди онҳо, ки 418 миллион нафарро ташкил медиҳанд, дар Осиё зиндагӣ мекунанду 282 миллиони дигар дар Африқо. Теъдоди чунин нафарон дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва мамлакатҳои минтақаи Саҳрои Кабири Африқо ба 60 миллион нафар мерасад. Яъне, вазъи ногувор аҳолии Африқоро дунболгир аст. Нисфи сокинони қитъа гуруснагӣ мекашанд. Дар баробари ин, 2,3 миллиард сокини сайёра имкони хариди ғизоро надорад. Танҳо соли гузашта 149 миллион кӯдаки то панҷсола ба ғизо дастрасӣ надошт. 
Ба иттилои нашрияи New York Times, бинобар афзоиши гирифторшавӣ ба бемории коронавирус, моҳҳои охир аҳолии Эфиопия аз камчинии ғизо танқисӣ мекашад. Ҳамчунин, рӯзнома менависад, ки мардум дар Мадагаскар бинобар хушкии зиёд дучори гуруснагист.  Дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ҳам пандемияи коронавирус мушкилоти зиёди ғизоиро ба миён овардааст. Аз сабаби баста будани сарҳадот, созмонҳои байналмилалӣ наметавонанд сатҳи камбизоатиро ба таври дақиқ муайян намоянд. Аз рӯи маълумотҳои СММ, тайи солҳои 2018 – 2020 42 дарсади аҳолӣ ба ғизо дастрасӣ надошт. Ғайр аз ин, охири соли гузашта дар ҶХДК дастикам 300 ҳазор кӯдаки то панҷсола гуруснагиро аз сар гузаронд. 
 
ДАСТРАСӢ БА ҒИЗОИ СОЛИМ  
МУШКИЛЕ, КИ ҶАҲОН РОҲИ ҲАЛЛАШРО ҶӮЁСТ 
Масъалаи таъмини аҳолии сайёра бо ғизои солим яке аз масъалаҳои  мубрамест, ки вақтҳои охир боиси ташвиши кишварҳою созмонҳои бонуфузи олам гардидааст. Зеро қариб 3 миллиард сокини сайёра наметавонад ғизои солим, дар навбати аввал меваҷоту сабзавот, бихарад. Бо ин сабаб, сеяки занҳо гирифтори камхунианд. Тибқи таҳлилҳо, агар ин раванд идома ёбад, то соли 2030 шумораи нафароне, ки аз хӯрокворӣ танқисӣ мекашанд, ба 660 миллион нафар хоҳад расид. Аз ин шумора 30 миллион нафар бо сабаби тул ёфтани пандемия ба ин мушкил дучор хоҳад гашт. 
Максимо Тероро, иқтисодчии Созмони кишоварзӣ ва озуқавории СММ, дар як гузориш қабули чораҳои фавриро баҳри бартараф намудани камчинии маводи хӯрокворӣ ба миён гузошт. Ба андешаи ӯ, дар минтақаҳое, ки ҷанг идома дорад, паст кардани пайомадҳои тағйирёбии иқлим, барқарорсозии иқтисодиёт, паст кардани нархи маҳсулоти ғизоӣ ва дигаргунсозии муносибати истеъмолкунандагон аз масъалаҳои мубрамеанд, ки ҳалли ҳарчи бештарро тақозо доранд. 
Он чи ин ҷо овардем, бозгӯи он аст, ки мушкили рақами яки аҳолии сайёра норасоии ғизост. Бархе аз кишварҳо дучори гуруснагианду қисме ба ғизои солим дастрасӣ надоранд. Мутаассифона, тул кашидани пандемияи коронавирус ва муноқишаҳои минтақаҳои гуногун вазъро мушкилтару печидатар гардондааст, ки ҳалли ин ҳанӯз муаммост. 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2021    №: 233    Мутолиа карданд: 1290
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед