иҷтимоиёт
ТИБ. СОҲАИ ДОРУСОЗӢ РӮ БА РУШД ДОРАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва баромадҳои хеш такрор ба такрор таъкид менамоянд:
“Имрӯзҳо нарасидани моддаи доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ - обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Ба ин васила, масъалаи моддаи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад”.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро мебояд гуфтаҳои Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи кори худ намуда, дар самти дарёфти моддаи нави доруии сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ кору фаъолият намоем.
Мавзуи илмие, ки мо дар кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино пеша кардаем лоиҳавӣ буда, «Cинтез, хосияти физико-химиявӣ ва биологии пайвастагиҳои комплексии биометаллҳо бо як қатор азол ва аминокислотаҳо» ном дорад ва диққати аксари олимони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Ба олимони кафедра муяссар гашт, ки равандҳои комплексҳосилкунии филизоти интиқолӣ, ба мисли оҳан ва мисро, дар маҳлули обӣ бо пайвастҳои гетеросиклӣ омӯхта хулосаҳои илмӣ бароранд. Дар асоси таҳқиқи вобастагии коррелятсионӣ хосияти протолитӣ ва термодинамикии азол ва мураккаботи координатсионӣ аз ҳарорат, қувваи ионии маҳлул ва табиати комплексҳосилкунанда муодилаи нави эмперикӣ пешниҳод карда шуд, ки ин муодила барои кимиёи координиатсионӣ кашфиёти хеле муҳим аст.
Моддаҳои нави доруии ба тозагӣ дарёфтшуда дар кафедраи химияи фарматсевтӣ ва заҳршиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино - Дибаферрол, Дибакупрол, Албкупрол, Метрарг, Дибасинкат, Албсинкат, Малбсинкат, Синкас ва дигарҳо мебошанд. Ҳамаи моддаҳои зикршуда бо патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва патенти Авруосиёӣ дифоъ шуда, барои истифода дар муассиса ва хоҷагиҳои кишвар санади ихтироъ дар раванди муолиҷа мураттаб шудааст.
Албкупрол ва Малбсинкат ба сифати моддаи зидди туфайлӣ антипаразитӣ барои нобуд намудани мониеизҳо истифода мешаванд. Мониеиёзҳо кирмҳои тасмашакл буда дар рӯда ҷой мегиранд. Хосияти антимикробии маводҳои зикршуда дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар асоси қарордоди илмӣ дар Институти масоили амнияти биологии АИК ҶТ омӯхта шудааст. Моддаҳои дар боло зикршуда айни ҳол дар тибби ветеринарӣ истифода мешаванд ва тадриҷан онҳо дар муолиҷаи инсон истифода хоҳанд шуд.
Алҳол 90 дарсади доруворӣ, асосан, аз хориҷи кишвар ворид ва сифати он дуруст муайян карда намешавад. Моддаҳои доруии дарёфтнамудаи мо пайвастагии комплексӣ буда, тавассути ду хосияти хеш аз моддаҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда фарқ мекунанд. Аввал ин, ки заҳрнокиашон паст ва хосияти муолиҷавиашон баланд аст. Ба ин васила, туфайлиҳо, яъне паразитҳо, кирмҳо ба ин модда наметавонанд унс бигиранд ва устуворӣ зоҳир намоянд. Баъдан, доруҳои аз хориҷ воридшаванда танҳо як намуди туфайлиҳоро нобуд менамоянд. Доруҳои истеҳсолнамудаи мо, ки пайвастаҳои комплексиянд ҳама намуди туфайлиҳо - Нематод, Трематод ва ё Сестодҳоро якбора нобуд мекунанд, ки ин барои иқтисодиёти кишвари азизамон арзон ва қобили истифода буда метавонад.
Мо - олимон дар оянда мекӯшем моддаҳои сифатан тозаро дарёфт намоем, ки назар ба моддаҳои доруии аз хориҷи кишвар воридшаванда камхарҷу таъсирашон хубтару беҳтар бошад ва ба дарди мардум бархӯрда тавонанд.
Пешниҳодҳои Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди 20 соли рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва амалӣ гаштани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар пешаи кори худ карда, дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳамчун мутахассис ва дарёфти моддаҳои нави доруии сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ кору фаъолият намоем ва барои рушду нумуи Ватани хеш - Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Наврӯззода Ганҷина Фурқат,
мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии
тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино,
Умаралӣ Раҷабов,
доктори илмҳои химия, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.11.2021 №: 233 Мутолиа карданд: 921