иқтисод
МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. ГУЗОРИШ АЗ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо иштироки намояндагони Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, олимон ва дигар коршиносони соҳа дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ» Конфронси байналмилалии илмию амалӣ доир гашт.
Улуғбек Умарзода, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, гуфт, ки мақсад аз баргузории конфронси байналмилалӣ - ин мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, сифати сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, техникаю технологияи муосир дар сохтмон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани сифати лоиҳакашиву сохтмон, нархгузорӣ, амалӣ ва барпо намудани ҳамкориҳо ва робитаҳои корию тиҷоратӣ дар самтҳои махсус мебошанд. - Соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир ниёзмандӣ ва талабот ба он мунтазам зиёд мегардад.
Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ сатҳу сифати лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ баланд гардида, талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии бино ва иншооти сохташаванда меафзояд.
Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, пешрафт намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар шуд.
Зикр гардид, ки лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ бо истифодаи маводи сохтмонӣ ва конструксияҳои таъминкунандаи ҳисобкунии ба заминҷунбӣ тобовари объектҳо гузаронда мешавад. Таъмини бехатарии сейсмикии бино ва иншоот бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари амалкунанда, инчунин, шартҳои техникӣ, нақшаи рушди ҳудудӣ ва нақшаҳои генералӣ иҷро карда мешавад.
Дар конфронс, инчунин, Нусратулло Файзуллозода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Аҳмадхон Рӯзиев, декани факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Пӯлод Аминзода, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, суханронӣ намуданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2021 №: 234 Мутолиа карданд: 3091