ҳуқуқ
НОТАРИУС. ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДА АГАР БЕБАҲС БОШАНД...
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Тавре Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зимни баррасии ин масъала иброз дошт, лоиҳаи мазкур бо мақсади мукаммал намудани институти исботкунӣ дар баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки яке аз унсурҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ба ҳисоб меравад, таҳия шудааст.
Мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии гражданӣ қисми 4 илова шуда, тибқи он, ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунад, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби муқарраркардаи моддаи 190 ҳамин кодекс рад нагардида бошад ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи кодекси мазкур бекор нашуда бошад.
Дар асоси моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» амалиёти нотариалӣ - амалҳои аҳамияти ҳуқуқидоштаи нотариуси давлатӣ оид ба тасдиқи фактҳои бебаҳс, воқеияти ҳуқуқӣ, тасдиқи ҳуҷҷатҳо, ба ҳуҷҷатҳо додани қувваи собитнокӣ ва иҷрои дигар амалиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мувофиқи моддаи 6 қонуни мазкур вазифаҳои нотариусони давлатӣ таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, манфиатҳои давлат бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Нотариуси давлатӣ зимни ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибати дахлдорро ба роҳбарӣ гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи ӯ дар оянда бебаҳс буда, қувваи собитнокӣ дошта бошанд. Ҳуҷҷати аз тарафи нотариус тасдиқшуда мувофиқи қонун ва моҳияти институти нотариат аз лаҳзаи тасдиқ шудан қувваи қонунӣ пайдо карда, нисбат ба шахсони уҳдадор барои иҷро ва нисбат ба шахсони манфиатгиранда барои ҳифзи ҳуқуқ ҳатмӣ мебошад.
- Лоиҳаи қонуни мазкур, дар маҷмуъ, барои рушди низоми ташкили нотариат ва мукаммалнамоии тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи муҳофизаткунии ҳуқуқии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ риояи манфиатҳои оммавӣ, ташкили кафолатҳои иловагии ҳуқуқи моликият, устувор ва шаффоф будани муомилоти гражданӣ равона шудааст, - иброз дошт Музаффар Ашуриён.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2021 №: 234 Мутолиа карданд: 2684