logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. БАРДОШТ АЗ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ноҳияи Нуробод дар солҳои истиқлолият ба комёбиҳое ноил гашт, ки назир надоранд. Дастовардҳои мардуми заҳматқарини он махсусан дар давраи омодагӣ ба таҷлили шоистаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсинанд. Бо дархости хабарнигори “Ҷумҳурият” раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пӯлод аз мулоқот бо Сарвари давлат, ҳидояту дастурҳои судмандашон ҷиҳати рушди устувори ноҳияи Нуробод ва таъмини рӯзгори осудаи аҳолӣ, нақшаҳои минбаъдаи ободонии ин диёри хушманзар ҳикоят намуд.
 
ДАСТУРЕ, КИ РОҲ БА СӮИ ФАРДОРО НУР МЕБАХШАД
- Охири моҳи сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тантанаи Ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нуробод ташриф оварда, чандин иншооти гуногунтаъинотро ифтитоҳ намуданд, ки дар пешбурди рӯзгори мардум нақши муҳим хоҳанд бозид. Шумо ин ҳама дастовардро ба меҳмони олиқадр бори нахуст ба ҳайси сарвари ноҳия муаррифӣ намудед. 
Бале, 7 июн дар сафари нахуст Ҷаноби Олӣ ба лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун – Обигарм - Нуробод ҳусни оғоз бахшиданд, ки барои кишвар аҳамияти стратегӣ дорад. Дар шаҳраки Дарбанд – маркази маъмурии ноҳия бошад, ба бунёди боғи фарҳангӣ - фароғатӣ фотеҳаи нек доданд. Ҳамчунин, чанд иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифт. 
Ҷиҳати вижаи ин дидори муборакро ман, пеш аз ҳама, дар он мебинам, ки шуруъ аз роҳбари ноҳия то сарвари хоҷагию фаъолон барои ду - се соли минбаъдаи фаъолият дастуру маслиҳатҳои судманд мегиранд. Чун Пешвои муаззам аз вазъи феълӣ огаҳии комил доранд, ҳар талабашон ба имконоту захоири воқеӣ асос меёбад ва дарк мекунию дилпур мешавӣ, ки он комилан иҷрошаванда аст. Аз ҷумла, дар шароити Нуробод ҷиддан афзудани истеҳсоли картошка, майдони боғот, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, содироти меваю сабзавот имконпазир аст.
 
КОРХОНАЕ, КИ ДАР МИНТАҚА НАЗИР НАДОРАД
- Ҳангоми ташрифи дуюми Сарвари давлат, ки 20 сентябр ба вуқуъ пайваст, иншооти аз лиҳози амнияти озуқаворӣ барои Нуробод муҳимтарин ба кор дароварда шуд. Ман корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод» - ро дар назар дорам. Ба ин васила дар ноҳияи Шумо ба соҳаи нав - мурғпарварии саноатӣ таҳкурсӣ гузошта шуд. 
- Дуруст гуфтед. Корхонаи мазкур на танҳо дар ноҳия, балки минтақаи Рашт аввалин аст. Онро бо истифода аз технологияи муосири парвариши мурғ соҳибкор Маҳмадалӣ Сангов бунёд намуд. Айни замон дар «Мурғи Нуробод» 30 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад. Корхона дар оянда рӯзе 25 ҳазор ва соле то 9 миллион дона тухми мурғ истеҳсол карда метавонад. Бо ифтихор таъкид карданиям, ки иқтидори “Мурғи Нуробод” барои қонеъ намудани талаботи мардуми водӣ ба тухми аълосифат комилан кифоят мекунад.
Ҳамчунин, афзудан мехоҳам, ки шуъбаи нави таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳия низ бо 25 кат аз ҷиҳати тарҳ ва таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ дар минтақа ҳамто надорад. Тавассути он мушкилоти чандсолаи занони ноҳия бартараф гардид ва онҳо аз ин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ сипосгузоранд.
- Аз қудуми файзбори Пешвои муаззам нурободиён соҳиби боғи фарҳангию фароғатӣ гаштанд, ки муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ ба он шукуҳи хосса мебахшанд. То ҷое воқиф гаштам, сохтмони иншооти мазкур дар муҳлати рекордӣ ба анҷом расонда шуд.
- Бале. Хишти аввали онро Пешвои миллат 7 июн гузоштанду 20 сентябр бошад, аллакай, марҳилаи аввали он дар ҳузурашон мавриди истифода қарор гирифт. Боғ диққати ҳар бинандаро бо 12 фаввораи чашмрабо, роҳравҳо, гулзору майсазор  низ ба худ мекашад. Он, ҳамчунин, ба меҳмонони дохилию хориҷӣ низ писанд хоҳад омад. 
 
КӮШ, ТО ХАЛҚРО БА КОР ОЙӢ
- Аз вохӯрию гуфтугӯи сершуморашон бо мардуми ноҳия, роҳбарону фаъолон, ҳамчунин, суҳбатҳои хоса  бо Сарвари давлат барои худ чӣ сабақе гирифтед?
- Медонед, ба пиндори банда, ҳар ташрифи Пешвои муаззам ба шаҳру навоҳии кишвар ба маъние савол ба роҳбарон аст: аз он сафар то ин сафарам барои мардум чӣ хизмате кардед, чӣ мушкилашонро осон намудед? Яъне, имтиҳони маҳорати роҳбарӣ, ҳунари бо мардум забон ёфтан, дарди дилашро фаҳмида тавонистан ва кумакаш кардан аст. Бовар кунед, ин имтиҳони сахт аст. Албатта, мо мекӯшем тамоми тадбирҳоро андешему пиёда созем, ки рӯзгори мардум хубтар, ноҳия ва рустоҳои он ободтар шаванд. Ва ба ин то андозае муваффақ ҳам мешавем. Аммо, вақте талоши шабонарӯзии Сарвари давлат, сафарҳои паёпаю сершумор, мулоқоти самимияшонро бо хурду калон мебинед, мардона ба дили бузурги дардошнояшон, ба хайрхоҳию меҳрубониҳояшон ба сағиру кабир, хирадмандию дурандешияшон қоил мешавед. Ва дар дилатон беихтиёр як орзу пайдо мешавад: ҳамсон шудан ба чунин Шахси бузург. Ва роҳашро ҳам ҳар рӯзу ҳар соат худашон нишон медиҳанд: хизмат ба халқ. Халқ, ки бовар кард, корат барор мегирад, файзу баракат меёбад. Ин сабақи Сарвари давлат барои банда як умр раҳнамою муттако хоҳад шуд.
 
“ШАҲРИ ДИЛОРОИ ДАРБАНДРО МЕСОЗАМ”
- Аз назари Шумо се комёбии бузурги даврони истиқлол, ки дар рӯзгори аҳолии ноҳия нақши носутурданӣ дорад, кадом аст?
- Саволи душвор додед, зеро дар ин муддат мардуми шарифи мо низ симои зодгоҳи хешро бо меҳнати созанда ба куллӣ тағйир дода, бисёр иншооти гуногунтаъинот бунёд карданд. Ба ҳар ҳол кӯшиш мекунам, ҷавоб диҳам, ҳарчанд он нисбӣ хоҳад буд. 
Аввалан, соли 2006 зимни сафари кории Президенти мамлакат, ки ба ифтитоҳи шоҳроҳи Ваҳдат – Обигарм – Нуробод - Рашт – сарҳади Қирғизистон рост омад, Ҷаноби Олӣ ба нурободиҳо чунин гуфта буданд: «Ман дар инҷо шаҳрак не, шаҳри дилорои Дарбандро месозам».
Сониян, соли 2009 дар сафари навбатияшон   шаҳраки Дарбандро бо сохтмонҳои лоиҳавиаш маркази маъмурии ноҳия эълом доштанд.
Баъдан, бунёди боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо рамзҳои муқаддаси давлатӣ - муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ дар шаҳраки Дарбанд. Ҳарчанд бори дигар таъкид мекунам, ки ин рӯйхат метавонад хеле давомдор бошад.
- Ба ин шубҳае надорам. Бегумон, мушкилоти умдаи ноҳия ва мардуми он бароятон хеле хуб маълум аст. Се масъалаи ҳаётан муҳиме, ки дар фаъолияти минбаъдаатон ба ҳалли онҳо авлавият хоҳед дод, кадомҳост?
- Айни замон мушкилоти асосии ноҳия ин норасоии оби нӯшокӣ ва полизӣ, фарсудаю корношоям будани пойгоҳҳои обкашӣ, танқисии идораи беҳдошти замин ва обёрӣ аз техника, ҳамчунин, меҳмонхонаи муосир надоштани шаҳраки Дарбанд маҳсуб меёбанд. 
- Мавсими сардӣ дар кӯҳистон барвақт фаро мерасад. Бар асари боришот муддати муайян роҳҳои ноҳияҳои кӯҳистон баста мешаванд. Аз ин рӯ, мегуфтед, ки бо назардошти чунин вазъ таъмини бозорҳои ноҳия бо маводи ниёзи мардум чӣ гуна сурат мегирад?
- Ин аз умдатарин масоилест, ки мо бо он машғулем, то аҳолии ноҳия дар масъалаи дастрасӣ ба ғизо азоб накашад. Айни замон захираи маводи асосии ғизоӣ дар ноҳия чунин аст: орд 755 тонна, равғани рустанӣ 55 тонна, биринҷ 25 тонна, шакар 18 тонна, картошка 3010 тонна, пиёз 40 тонна ва сабзӣ 43 тонна мебошад. Ба ин васила мо кӯшиш мекунем, ба гароншавии беасоси нархи анвои ғизоӣ роҳ надиҳем.
 
ХАТАРИ COVID, КИ АЗ БАЙН РАФТ...
- Дар ниҳояти суҳбатамон аз имконияти рушди сайёҳӣ дар ноҳия чанд сухан мегуфтед. То ба имрӯз чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд ва чӣ нақшаю лоиҳаҳо дар ҷараёни пиёдасозианд? 
- Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид мекунанд, сайёҳӣ аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдкунанда маҳсуб меёбад, ки ба ин васила ҳам гӯшаю канори кишвар обод мешавад ва ҳам мардуми зиёд соҳиби кору даромад мегарданд. Дар ин иртибот низ тадбирҳои мушаххас пиёда карда мешаванд. Дар доираи нақша - чорабиниҳои ноҳиявӣ бо ҷалби соҳибкорону аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо то ин давра бунёди 1 меҳмонхона,  12 нуқтаи  хӯроки  умумӣ, 3 адад “Гӯшаи деҳқон”, беш  аз  40  маркази  савдо  ва  нуқтаи  хизматрасонӣ, 7 маркази  таъмири  автомобилӣ, 10 нуқтаи  таъмини  сӯзишворӣ, 6 ҳомстей бо 30 кат барои  сайёҳон, 5 бунгоҳи тиббӣ, 5 маркази хизматрасонии бонкӣ, 38 мавзеи сайёҳию таърихӣ, 1 хатсайри сайёҳии Душанбе – Сангвор – Нуробод - Душанбе ва дигар  инфрасохтори  сайёҳиро  бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳарчанд бар асари пандемияи коронавирус шумори сайёҳон ду соли охир ҷиддан коҳиш ёфтааст, соли равон беш аз 500 нафар аз манзараҳои дилфиреб ва ҷойҳои таърихии он дидан карданд. Умедворем, ки бо рафъи пурраи хатари сирояти COVID-19 дар кишварҳои дигар шумораи сайёҳон ба диёри мо бамаротиб хоҳад афзуд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2021    №: 234    Мутолиа карданд: 1006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед