logo

иҷтимоиёт

ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Боиси зикри махсус ва сипос аст, ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти қаҳрамонҳои Тоҷикистон озмун эълон менамояд. Ин сабаб гардид, ки ба рӯзгори шахсони воқеан, арзандаву ҷонфидои миллат, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, беҳтару бештар ошноӣ пайдо бикунем. Дар ҳақиқат, дар саҳифаҳои рӯзнома матолиби ҷолибу хонданӣ, таҳлиливу таҳқиқӣ ба табъ расиданд. Мутолиаи онҳо моро на танҳо ба рӯзгору кори онҳо шинос кард, балки ба ин васила дарёфтем, ки чӣ қадар фоҷиаҳо бар сари миллатамон омада будааст. Фитнаҳои бисёр барангехтаанд, то ин миллат дигар арзи ҳастӣ накунад.
Ман ҳамчун омӯзгор ба шогирдон, фарзандон аз ин хусус ёдовар мешавам. Ба дигар дӯстон мегӯям,  ки  ҳатман  ин  рӯзнома,  яъне «Ҷумҳурият»-ро мутолиа бикунед, то ба ҳақиқати таърихӣ ошно бишавед. Ҳамзамон, он барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонанда мусоидат мекунад.
Ҳолиё матолиби ҷолибу арзишманд аз саҳифаҳои он дар бораи ҷонфидоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонаму таърихи зинда пеши чашмам ҷилвагар мешавад. Ӯ, дар ҳақиқат,  наҷотбахши  миллат  аст. Ба бахти мо – тоҷикони ҷаҳон ва тоҷикистониён давлату миллатро на танҳо аз вартаи нестӣ раҳонид, балки бештар аз пештар маъруфу маҳбуби оламиён гардонид.
Ҳамаи матолиби озмунӣ арзандаи китобанд, яъне бояд дар шакли китобҳои алоҳида  ба нашр бирасанд ва дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар мавриди истифода қарор бигиранд. Ҳамин тавр, бояд китобҳо бо теъдоди зиёд ба табъ бирасанд. Дар бораи кору рӯзгори қаҳрамонони Тоҷикистон бояд ҳар шаҳрванд, донишҷӯ, хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд.
 
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 50, 
ноҳияи Сино
 
АЗ ИДОРА:
Хонандаи азиз! Пешниҳоди ҷолиб намудед. Идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ китобҳои «Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон» ва «Забон ва ҳувияти миллӣ»-ро ба табъ расонд, ки дар онҳо интихобан маводи озмунӣ ҷой дода шудаанд. Китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» нашр гардид, ки он ҳам фарогири матолиби ҷолиби озмунӣ дар бораи хидматҳои беназиру созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Умед дорем, ки бо хондани ин номаи Шумо масъулон дар иҷрои пешниҳодатон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2021    №: 234    Мутолиа карданд: 956
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед