иҷтимоиёт
ИФОДАГАРИ ИҚБОЛ
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба марҳалаи нави давлатдории миллӣ гоми устувор ниҳод. Аслан, сар аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ давлати ҷавони Тоҷикистон ба арсаи байналмилалӣ бо рамзҳои давлатӣ ва низоми муосири давлатдории миллӣ шомил гашт.
Сокинони кишвар Парчами саодату иқбол ва рамзи ташаккули давлати хешро 24 ноябри соли 2009 бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баландии 165 метр, дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе партавафшон намуданд, ки он дар олам баландтарин парчам маҳсуб меёфт. Ҳамасола сокинони мамлакат 24 ноябрро ба унвони Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн мегиранд.
Боиси тазаккур аст, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои истиқлоли миллӣ ва давлатдорӣ шинохта мешавад. Парчами давлатӣ таҷассумгари асосҳои таърихист ва он ифодагари мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардум мебошад.
Рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷик, ифодагари озодиву истиқлол ва зиндагии осоишта мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситора рамзҳои муқаддаси миллати тоҷик ва соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро таҷассум мекунад.
Парчами давлатии тоҷик аз таърихи куҳан маншаъ мегирад. Расми парчамдории халқи мо ба ҳукмронии сулолаҳо ба марҳалаву номҳои зерин ёд мешавад:
Дирафши давлати Каёниён (Дирафши Коваёнӣ),
Дирафши империяи Ҳахоманишиниён;
Дирафши давлати Ашкониён;
Дирафши давлати Сосониён;
Дирафши давлати Сомониён;
Дирафши сулолаи Ғуриён;
Парчами Аморати Бухоро; Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон;
Байрақи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон;
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд ҳар як сокини мамлакати соҳибистиқлол Парчами давлатии хешро арҷ гузорад. Зеро он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Фаромӯш набояд кард, ки дар давраи навин доштани Парчами давлатӣ ин нишонаи истиқлол аст. Парчами мо ифодагари истиқлол, мустақилӣ, озодӣ, ҳаёти осоишта ва иқболи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Манижа ШЕРХОНОВА,
корманди Китобхонаи миллӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2021 №: 236 Мутолиа карданд: 983