logo

иҷтимоиёт

ОМИЛИ САРБАЛАНДИИ МО

Дирафши Коваёнии тоҷикон, ки замоне ба рағми зулму истибдоди заҳҳокӣ сар барафрохта буд, имрӯз бо намову рангу шакли зебо ва саршор аз мазмуну ҳаводиси таърихи куҳан дар Душанбеи азиз ва тамоми гӯшаву канори кишвар парафшонӣ дорад. Аслан, ин як порча матои серанга дар сиришти худ маъноҳои зиёди маънавӣ, ба монанди ватандӯстӣ, сарбаландӣ, истиқлолхоҳӣ, озодипарастӣ ва хештаншиносиро дорост. Ин як намодест, ки ба ҳама соҳаҳо рабт дорад.
Аз ҷумла, дар соҳаи ҳарбӣ муқаддастарин ва пурмасъулияттарин вазифа посбонии парчам аст. Касе, ки зери парчами махсуси қисми ҳарбӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ посбон аст, дар мураккабтарин лаҳзаҳо ва таҳдиди хатарҳои гуногун набояд парчамро танҳо гузорад. Ба дасти душман насупорад, зеро аз тарафи адӯ сарафканда шудани парчами қисми ҳарбӣ маънои аз байн рафтани қисми ҳарбиро дорад.
Воқеан, парчам дар ҳарбу зарб ва дифои меҳан ҷойгоҳи махсус дорад. Ёд овардани он, ки барои барафрохтани Парчами давлати шуравӣ дар Рейхстаги шаҳри Берлин чи қадар сарбозону афсарони шуҷоъ, аз ҷумла ҷавонмардони бебоку далери тоҷик, ҷон бохтаанд, кофист, ки қадру қимати парчамро дар муайян кардани обрӯ ва қудрати Ватан дарк кунем. 
Дар бисёр чорабиниҳои бошукӯҳ, махсусан дар чоарбиниҳои варзишӣ, кас мехоҳад тоҷик будани худро ба оламиён эълон кунад ва нишон диҳад, ки аз Тоҷикистон омадааст. Аммо дар байни ҷамъи бешумори одамон намешавад бо садои баланду пурғирев ин корро кард. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Парчами кишвар ба додамон мерасад, қуввати диламон мешавад. Одамони атроф аз парафшонии парчами дастамон зуд пай мебаранд, ки мо тоҷикем.
Имрӯз Душанбеи нозанинро маҳз бо Парчами парфишонаш мешиносанд. Махсусан, вақте аз тарафи дараи Варзоб вориди шаҳр мешавед, нахуст Парчам ба чашматон расида, дилатонро шодиву фараҳ мебахшад, оромиш меёбед, ки боз дар пойтахти кишвар ҳастед. Ҳар боре хешу ақрабо ба дидор оянд, ҳатман хоҳиш мекунанд, ки ба зери Парчами миллӣ баред. Бо ифтихор ба тамошои он равон мешавем. Аз диданаш ғайриихтиёр ҳисси фараҳмандӣ дар вуҷудамон боло мешавад.
Ифтихори ҳамватанонро аз ин Парчами зебову диданӣ ҳар рӯз мебинаму меболам. Аммо дар баробари ин, бисёр мехоҳем, ки ҳисси ифтихору нозидани ҷавонони мо бо донишу савод ва ихтирову навовариҳо тавъам бошад. Оҳиста - оҳиста бояд дарк кунем, ки ҳадафи асосии муқаддасоти миллӣ воситаи муҳими роҳкушоиву ояндасозии ҷавонон ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён аст. Зеро кас медонад, ки барои кадом халқу миллат ва барои кадом ҳадафҳои олӣ зиндагӣ ва фаъолият дорад. Дарк мекунад, ки фардо сари баланди ӯ сари баланди фарзандони ӯ ва ҳамин давлати соҳибистиқлол аст.
 
Фарзона ҲОШИМӢ,
омӯзгори гимназияи «Кафолат», ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2021    №: 236    Мутолиа карданд: 963
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед