иҷтимоиёт
БМТ. ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОН БО МЕДАЛИ ҶАШНИИ 20-СОЛАГИИ СҲШ
Чанде пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-умин нишасти ҷашнии сарварони Шурои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии раёсати СҲШ-ро ба уҳда дошт, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронда шуд.
Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гаштани чорабинии бонуфуз ва саҳм гузоштан дар рушди СҲШ роҳбарон ва кормандони як қатор вазорату идораҳо бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Котиботи генералии Созмони ҳамкории Шанхай бо медали “20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай” қадр гардиданд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гашт, ба як қатор кормандони бонк медали ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай ҷиҳати саҳми арзанда доштан дар раванди рушди Созмони ҳамкории Шанхай супурда шуд. Аз ҷумла, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ Алиҷон Салимов, сардори идораи муносибатҳои байналмилалӣ Зуҳро Ҳалимова, сардори шуъбаи матбуот Мавҷуда Ҳасанова ва сардори хадамоти ташрифоти дастгоҳи роҳбарияти БМТ Дилшод Ҳавлоев бо медали ҷашнӣ қадр гаштанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.11.2021 №: 236 Мутолиа карданд: 982