номаҳо
ВАҚТЕ РОҲБАР МАОРИФПАРВАРАНД...
Басо хушоянд аст, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар дар рӯйхати иншооте, ки ба хотири Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тартиб ёфтанд, муассисаҳои томактабӣ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шомил шуданд ва танҳо ҳамин сол қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бинои дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ва якошёнаи № 6 дар деҳаи Гулистон ва Нушори ноҳияи Тоҷикобод, бинои иловагии муассисаҳои таълимии № 36 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва № 8 дар ноҳияи Данғара, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар шаҳри Бохтар ва № 15 дар шаҳри Левакант, Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби хусусии инноватсионӣ» дар шаҳри Бохтар, таъмиру азнавсозии боғчаи «Бону» дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмаликро метавон аз ҷумла онҳо шумурд.
Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар муассисаҳои таълимие, ки нав сохта мавриди истифода қарор мегиранд, барои таълим тамоми шароит муҳайё мебошад. Дар ин муассисаҳо одатан синфхонаҳои компютерӣ бо компютерҳо таъмин буда, барои таълими фанҳои химияву биология низ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти таълимӣ мавҷуданд, ки ин дар азхудкунии дарсҳо ба хонандагон кумак менамояд. Ин ҳама гувоҳ аз он аст, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифпарваранд ва тамоми чораҳои заруриро меандешанду пиёда месозанд, то насли наврас аз таълим дур намонанд. Пешвои миллат ҷавононро роҳкушову раҳнамо мебошанд. Ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи омӯзиш ва аз худ кардани донишҳои нав пайваста эҳсос мегардад. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - хонаи умеди мо», ки бо ташаббусу роҳнамоиҳои Сарвари кишварамон пиёда гардиданд, тарғибгари маърифат ва эҷод мебошанд.
Метавон гуфт, ки маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат буд, ки имрӯз наврасону ҷавонони мо дар олимпиадаҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд. Эътимод дорем, ки ҷавонон аз шароити барояшон пешбинишуда дуруст истифода мебаранду донишу малакаи худро сайқал медиҳанд.
Мастона СУЛАЙМОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 101,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.2021 №: 237 Мутолиа карданд: 6502