ҳуқуқ
БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ. ПАРЛУМОН ҚОНУНРО ҚАБУЛ КАРД
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 24 ноябр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 – 2024-ро қабул карданд, ки тибқи он бори аввал дар таърихи навини кишвар зиёдшавии ҳаҷми буҷет дар як сол ба маблағи 5,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид.
Зимни баррасии масъалаи мазкур Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири молия, гуфт, ки дар раванди таҳияи лоиҳа дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикргардида, қарору барномаҳои Ҳукумати мамлакат, тавсияҳои созмонҳои байналмилалии ҳамкор, пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ва дархости мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои молиявии кишвар ба инобат гирифта шуданд.
- Бо назардошти дар ҳаҷми 103,9 миллиард сомонӣ, яъне бо афзоиши номиналии 11,2 миллиард сомонӣ нисбат ба соли 2021 пешбинӣ шудани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар дар соли 2022 ва рушди воқеии соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,9 фоиз, ҳаҷми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ба маблағи 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, воридоти андозию ғайриандозӣ дар ҳаҷми 21,9 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 2,5 миллиард сомонӣ ва воридот аз ҳисоби азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҳаҷми 7,9 миллиард сомонӣ, инчунин, ҷалби грантҳо барои дастгирии буҷет 665 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт вазири молия.
Ҳаҷми даромади ҷории Буҷети давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои андозию ғайриандозӣ бо афзоиши 1,7 миллиард сомонӣ (8,5 фоиз), аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 204 миллион (9 фоиз), азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 3 миллиард (62,8 фоиз) ва грантҳо барои дастгирии буҷет бо афзоиши 365 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дурнамои қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо назардошти нишондиҳандаҳои қисми даромади он, дар ҳаҷми 33,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 5,5 миллиард сомонӣ ё баробар ба 32,3 фоизи ММД ба нақша гирифта шудааст. Танҳо барои пардохти музди меҳнат 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 27,7 фоизи хароҷоти ҷории Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Чун солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоии хароҷоти Буҷети давлатӣ нигоҳ дошта шуда, барои маблағгузории ин соҳаҳо 14,7 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки ин 43,8 фоизи хароҷоти Буҷети давлатист.
- Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2024 давоми мантиқии Буҷети давлатии соли 2022 мебошад. Дар соли 2023 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ ба маблағи 37,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2024-ум 40,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, - иброз дошт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.11.2021 №: 237 Мутолиа карданд: 2747