logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Исмоил Шафиев фаъолияти меҳнатиашро охири соли 60 - ум чун дукондори молҳои омехта оғоз карда,  дар соҳаи тиҷорат то ба ҳайси раиси Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон расидааст. Мақомоти болоии вақт қобилияти кордонӣ ва  ташкилотчигии ӯро ба инобат гирифта, ӯро соли 1975 аз дукондори одӣ ба ҳайси ҷонишини раиси селпои Авангард, сипас ба раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён) пешбарӣ намуданд. 
Вазифаи раиси Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлонро солҳои ноороми 1990 ба зимма дошт. Он солҳо душманони миллат, ки Исмоил Шафиев ҳаммаромашон нагашт, ба ҷонаш борҳо қасд карданд. Аммо чун дар қавлаш устувор буд, нотавонбинон ба мақсади нопокашон расида натавонистанд. Ҳарчанд зиёд фишораш оварданд, чун дили бузург дошт, рӯзҳои нооромӣ тарки вазифа накард ва дар ин рӯзҳои вазнин мардонавор ҳазорҳо гурезаҳоро, ки дар шаҳраки Калининободи шаҳри Сарбанд (ҳоло Леваканд) муваққатан маскан гирифта буданд, бо нон ва маводи ниёзи аввалия таъмин намуд. Зери роҳбарии ӯ тамоми анборҳои захираи маводи хӯрокворӣ таҳти назорати қатъӣ буд. Хушбахтона, ин рӯзҳои вазнин дер давом накард. Дар саросари кишвар бо талошу ҷонбозиҳои Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат танинандоз гардид ва мардум ба ҷойи зисти доимии худ баргаштанд. 
Солҳои баъдиҷангӣ фаъолияти Исмоил Шафиев боз ҳам густурда гардид. Бо пешниҳоди собиқ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Шарипов ва бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Сарбанд таъин шуд. Солҳои баъди бесарусомонӣ буд ва   шаҳри Сарбандро, ки дар натиҷаи кашмакашиҳои бемаънӣ ба душвории зиёд рӯ ба рӯ гардида буд, тавонист дар як муддати кӯтоҳ бо аҳли ҷамоатчигӣ  мушкилотро ҳаллу фасл намояд. Ҳини роҳбариаш дар мавзеи Гулистону Боҳтуробод асосан пахтаи навъи маҳиннах кишт мекарданд, аввалин шуда дар вилоят дурнамои «тиллои сафед»-ро иҷро намуд. Ба рушди соҳаи иҷтимоию фарҳангӣ аҳамияти хоса зоҳир кард. Кохи фарҳанги «Химикҳо», ки дар маркази шаҳрак ҷой дошт, аз нав таъмири асосӣ шуд, ки аксар чорабиниҳои вилоятӣ дар ин макон доир мегардид. 
Моҳи феврали соли 2001 Исмоил Шафиевро ба ноҳияи Ғозималик (ҳоло Хуросон) иҷрокунандаи раиси ноҳия таъин намуданд, ки камина бо амри тақдир вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияро ба уҳда доштам ва бо чашми сар медидам, ки раис ин ноҳиро бо чӣ заҳматҳо обод мекард. Исмоил Шафиев дар давоми қариб 7 соли роҳбариаш тавонист ҳамаи соҳаҳоро ривоҷ диҳад. Он замонҳо соҳаи маориф ба мушкили зиёде рӯ ба рӯ  буд. Қисми зиёди мактабҳо дар вагону хонаҳои истиқоматӣ фаъолият менамуданд. Маҳз бо ташаббуси ин марди нексиришту фурутан тариқи ҳашар мактабҳо, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои маъмурӣ, беморхонаю бунгоҳҳои саломатӣ қомат рост карданд. Сокинони деҳаҳои Сарбанд, Ҳаёти Нав, ки солҳо аз норасоии оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашиданд, бо лаби дарёи Вахш ба масофаи 20 километр хати оби ошомиданӣ кашиданд. Солҳои баъдӣ Исмоил Шафиев ҳарчанд ба нафақа баромада бошад ҳам, то вопасин рӯзҳои ҳаёташ вазифаи раиси собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. 
Хизматҳои шоистаи Исмоил Шафиев бо мукофотҳои давлатӣ аз ҷумла ордену медалҳо, қадр шудаанд, ки худ гувоҳи рӯзгоре барои ибрат доштани ӯст.
 
Музаффар МУРОДОВ, бойгоншиноси дастгоҳи  раиси вилояти Хатлон    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2021    №: 237    Мутолиа карданд: 1029
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед