logo

иҷтимоиёт

РАМЗИ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

Аслан, дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои ватандӯстӣ ва садоқату эҳтиром ба арзишҳои милливу муқаддасоти давлатист. Аз ин рӯ, 24 ноябр ҳамчун рӯзи қабули Парчами давлатӣ санае фархундаест, ки моро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ифтихор аз давлатдорӣ даъват менамояд.
 
Мардуми шарафманди тоҷик, дар роҳи ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллие, назири парчамдорӣ навроҳ нестанд. Зеро ба шаҳодати таърихи гузаштаамон, қавмҳои ориёӣ, ки мо дар меҳвари ин тамаддуни оламгир қарор дорем, аз давраҳои қадимтарин ба парчам эҳтироми бузург  доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Ин роҳи пурифтихор ё таърихи парчамдории миллати тоҷик аз замони Куруши Кабир оғоз гардида, маъмултарини он парчами Коваи оҳангар буд, ки дар таърих бо номи Дирафши Коваёнӣ ёд мешавад. Гузаштагони мо парчамро ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ ва мубориза барои озодию истиқлоли миллӣ мешинохтанд. Ин буд, ки Дирафши Коваёнӣ дар як давраи муайяни таърихӣ ҳамин гуна арзишҳоро ифода намуда, боиси ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст.
Агар ба таърихи хеш назар намоем, халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ бидуни парчами хоси худ набуд. Чунончи, Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ низ соли 1924 парчами худро дошт, ки он сурхи якранг буда, дар канори чапаш акси досу болға, ситора ва пахта ҷой дошт. Баъдан, дар соли 1953 Парчами Тоҷикистон сохту шаклаш дигаргун гардида, қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх,  дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷой дошт, ки чунин тарҳ то соли 1991 мавҷуд буд.
Парчами давлатие, ки ҳоло зери парафшонии он мо дар ақсои олам аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон дарак медиҳем, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст. Ин аст, ки баробари дидани Парчами давлатӣ дар нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, барафрохтани он ҳангоми сафарҳои расмию давлатии Пешвои миллат ба хориҷи кишвар, пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик моро эҳсоси ватандориву ғурури миллӣ фаро мегирад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ бояд дар замири ҳар соҳибватан ҷойгоҳи шоиста дошта бошад, зеро таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ низ ҳамин ҳадафҳоро дар пай дорад.
 
Алишер  ҲАКИМОВ,
устоди Коллеҷи тиббии 
ноҳияи Ёвон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2021    №: 238    Мутолиа карданд: 1003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед