сиёсат
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САММИТИ 15-УМИ САРВАРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (СҲИ)
28 ноябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.
Дар ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов, Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ иштирок карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳаммедовро барои анҷоми муваффақонаи раисиаш дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ табрик гуфта, барои ташкили сатҳи баланди нишасти имрӯза миннатдорӣ намуданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раёсати сермаҳсули Туркманистон дар саммити Созмони ҳамкории иқтисодиро зикр карда, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давраи раисӣ дар Созмон барори кор орзу намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи 15-умин саммити сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Консенсуси Ашқобод оид ба амалҳо қабул гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.11.2021 №: 239 Мутолиа карданд: 1303