logo

маориф

ДАНҒАРА. СОҲАИ МАОРИФ РӮ БА РУШД ДОРАД


Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои пешинаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 - уми ба номи Ашурбек Давлатови деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор гирифт.
 
Дар ифтитоҳи иншоот Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Амонулло Салимзода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳия, сокинон, омӯзгорону хонандагон ва дигарон иштирок доштанд.
Иншоотро дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаи Давлатовҳо бо тарҳи зебову замонавӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо шароити мусоиди таълим таъмин намуданд. Муассиса якошёна буда, дорои сездаҳ синфхона, дафтарҳои корӣ, толор ва осорхона мебошад. Чароғакҳои равшанидиҳанда, роҳравҳои асфалту сафолакпӯш аз корҳои дигари ободонӣ дар муассиса ба шумор мераванд. Муассиса бо системаи гармидиҳии буғӣ таъмин мебошад. Имкон пайдо шуд, ки муассиса беш аз 500 хонандаро дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирад. Бо бунёди бинои иловагӣ шароити таълим дар муассиса беҳтар гашт.
Мудири маорифи ноҳия Бахтиёр Шарифзода иброз дошт, ки дар деҳа бо назардошти афзоиши аҳолӣ, ки зиёда аз 6000 нафарро ташкил медиҳад хонандагон аз норасоии ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд. Ҳоло, бо таъмири иншооти таълимӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ мушкилии ҷойдошта бартараф гардид. Бинои иловагии таълимӣ баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини пешрафти соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш бунёд гардид. 
Меҳмонон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар муассиса ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода,  ба оилаи  Давлатовҳо  ва  дигар шахсоне, ки дар ин кор саҳм гузоштаанд барои дастгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, муассисаи таълимиро беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд. 
- Қомат афрохтан ва аз таъмир баровардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар шаҳраку деҳотҳои ноҳия дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 ва Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро аз худ намоянд ва оянда беҳтарин мутахассис, кордону коршиносони замони хеш бошанд, - мегӯяд Бахтиёр Шарифзода. 
Ба гуфтаи мудири маорифи ноҳия ҳоло аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва давлати Чин сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, аз ҷумла дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахш бинои нави МТМУ № 16, дар назди МТМУ № 74 - уми деҳоти Лолазор 5 синфхонаи иловагӣ, дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазор, деҳаи Навободи наву Зарнисори деҳоти Сангтӯда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии нав бомаром идома доранд.  
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2021    №: 239    Мутолиа карданд: 5637
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед