ҳуқуқ
ДУРӮҒ ОДАМИРО КУНАД БЕФУРӮҒ
Бархе мардум аз содагӣ ва ё зудбоварӣ ба доми фиреби ҳар касу нокас афтода, мутеъву побанди фитнаи ашхоси қаллоб мегарданд. Шояд ин содагиву зудбоварӣ аз софдилию боинсофии чунин шахсон маншаъ гирад. Софдилие, ки дар бештари маврид боиси пайомадҳои ногувор ва зиёни маънавию моддӣ дар рӯзгори онҳо мегардад.
Мақсад аз овардани чунин муқаддима аз он иборат аст, ки солҳои охир ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бо тариқи қаллобӣ тасарруф кардани маблағ ва амволи шаҳрвандон, зиёд ба чашм мерасанд. Қиёсу таҳлили масъалаи мавриди таваҷҷуҳ собит менамояд, ки дар бештар мавридҳо ба хотири ба даст овардани фоидаи шахсӣ ва фурӯши амвол худи ҷабрдидагон ба содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, шаҳрвандон дар мавриди муомилоти пуливу молӣ, талаботи қонунро сарфи назар намуда, сари вақт ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб надода ё маблағи амволи худро ба пуррагӣ нагирифта, онро ба моликияти қаллобон мегузаронанд. Аз ин муносибати содалавҳонаи онҳо шахсони фиребгару маккор истифода намуда, амволро бо арзиши ночиз фурӯхта, маблағи онро ба манфиати худ истифода мебаранд.
Чунин рафтори ҷабрдидагон дар мавриди ошкору тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ низ мушкилоти зиёдро дар назди мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ба вуҷуд меорад.
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Охонов Тошбек Бахтиёрович бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ӯ дар содир кардани ҷиноят, пеш аз ҳама, аз зудбоварӣ ва содагии ҷабрдидагон суистифода намудааст. Чунончи, номбурда бо мақсади қаллобӣ ба бовари шаҳрванд Илёсов Умедҷон Ғиёсиддинович даромада, аз вай автомашинаи тамғаи «Лексус» RХ-330-ро ба маблағи 65000 сомонӣ нарх гузошта ба охирин маблағи 20000 сомонӣ дода, ваъда медиҳад, ки маблағи боқимондаро давоми як моҳ ба пуррагӣ мепардозад. Вале, Т. Охонов автомашинаро ба маблағи 57000 сомонӣ фурӯхта, пули бо роҳи ҷиноятӣ бадастовардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Ӯ бо ҳамин тарзу усул ба бовари шаҳрвандон Сидиқов М. Б., Ҳайдаралиев М. М. ва Шоҳрӯзи Шодӣ даромада, бо пардохти як қисми арзиши амвол автомашинаҳои онҳоро ба таври қаллобӣ аз худ намуда, маблағи аз фурӯши онҳо бадастовардаро ба манфиати худ сарф кард. Дар натиҷа, ба Сидиқов М. Б. ба маблағи 42000 сомонӣ, ба Ҳайдаралиев М. М. 120000 сомонӣ ва ба Шоҳрӯзи Шодӣ 55000 сомонӣ зарари моддӣ расондааст.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ, ҷиноятҳои дигари ба ин монанд низ ошкор шуданд.
Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд Чоршанбиев З. М. бо моддаҳои 246, қисми 3, банди «б» ва 247, қисми 4, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки номбурда бо мақсади тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда, бо Саидмамадов Ифтихор Орзумамадович маслиҳати пешакӣ намуда, манзили истиқоматии писарамакаш Ҳусинов Шоҳрух Мустафоевич, воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров, бинои 40/5, ҳуҷраи 42-ро дар ҶСП «Кафолатбонк» дар шаҳри Душанбе ба гарав гузошта, 250000 сомониро гирифта, минбаъд маблағи мазкурро тасарруф намуда, ба манфиати худ истифода бурдааст.
Инчунин, Чоршанбиев З. М. худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, ба бовари шаҳрванд Маҳмадалиев Азизулло Ҳусайнович даромада, бо баҳонаи озод намудани фарзандаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар 4 лаҳза маблағи 23500 сомонии номбурдаро гирифта, ба кисаи худ задааст.
Бо ҳукмҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Охонов Т. Б. бо ҷазои 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва Чоршанбиев З. М. бо ҷазои 11 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шуданд.
Мутаассифона, дар амалишавии ҷиноят аз ҷониби Охунов Т. Б. ва Чоршанбиев З. М. худи ҷабрдидагон то андозае мусоидат намудаанд.
Барои ба доми қаллобон наафтодан, шаҳрвандон бояд дар мавриди харидуфурӯши амволи гаронарзиш ва додани қарз ҳуҷҷатҳои расмиро тартиб дода, онро дар идораҳои нотариалии давлатӣ расмӣ намоянд, то ин ки дар оянда ба доми фиреби қаллобон наафтанд.
Рустам ТАҒДИРЗОДА,
прокурори калони раёсати назорати
қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.12.2021 №: 240 Мутолиа карданд: 3655