мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рашид Мередов
30 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередовро, ки баҳри иштирок дар Форуми “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар суҳбат натиҷаҳои саммити 15-уми сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ашқобод муҳокима шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили сатҳи баланди мулоқоти сарварони давлатҳои аъзои СҲИ-ро таъкид карда, ба ҷониби Туркманистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии гарм бори дигар изҳори сипос намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ, зарурати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагӣ ба сафари ҷавобии расмии Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон таъкид гашт.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, вазъи феълии муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин, масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ матраҳ гардиданд.
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.12.2021 №: 240 Мутолиа карданд: 4835