иҷтимоиёт
ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии тамғаҳои ҷашнӣ ва намоиши расмҳои кӯдакон дар мавзуи «Дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон» баргузор гардид.
Дар намоиши мазкур чор тамғаи ҷашнии омоданамудаи Вираҷ Сингх, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар ҳузури доираи васеи иштирокчиён рӯнамоӣ ва муаррифӣ гардид. Дар онҳо муштаракоти таърихӣ, урфу одат ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон инъикос шудаанд.
Ҳамчунин, ба хотири дӯстии ин ду миллат ва ҳифз намудани муносибатҳои бародарии онҳо аз ҷониби насли наврас зиёда аз 50 расми офаридаи кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шуд, ки аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт. Зикр бояд намуд, ки мавзуи асосии эҷодиёти онҳоро муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон инъикос менамуданд.
- Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурге дар таърихи навини ду кишвари бо ҳам дӯст ба ҳисоб рафта, ин ҷашни бисёр муҳимро ду миллати тамаддунофару сулҳпарвар ҳамчун ҷашнвора таҷлил менамоянд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои тандурустӣ, нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангӣ имкон доданд, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе равобити зич ба роҳ монда, дар ин давра чорабиниҳои гуногун баргузор намоянд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ намоиш ва конфронси илмӣ дар мавзуи «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон», намоиши дигар бахшида ба 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор шуданд, ки ин пайк аз дӯстиву бародарии воқеӣ ва ҳамфарҳангиву ҳамдилии ду кишварро медиҳад, - иброз намуд Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ёдовар бояд шуд, ки намоиши «Дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон» дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Инчунин, ба хотири болидаруҳии ҳозирон Маркази фарҳангии Свами Вивеканандаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ансамбли ҷумҳуриявии «Лаъл»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2021 №: 241 Мутолиа карданд: 1507